Муколама замоне арзишманд хоҳад буд, ки дурии ҳукумат аз мардумро аз байн барад
Салом ба ҳамаи алоқамандони "Рӯзгор", ба онҳое, ки ин ҳафта низ бо мо буданд, нома ирсол карданд, занг заданд, андешаҳои худро баён доштанд. Сипос! Ин ҳафта хонандагони мо аз гаронии бозор ҳам навиштанду аз бедории миллӣ ҳам.
Аз намоишҳои шабакаҳои телевизионӣ ҳам шиква карданду аз китобу китобхонӣ низ. Намунаҳоро дар зер овардем. Чанде пештар хабар дода будем, ки хонандаи синфи 9 бо номи Тобон Назирӣ аз ноҳияи Айнӣ чанд шеъри худро фиристодааст. Мо онҳоро ба шоири хушзавқ Исфандиёр додем, то аз назар гузаронад. Дар саҳифаи 11-и ин шумора шумо метавонед се шеъри ин навқаламро мутолиа кунед.
Ва инак, номаҳо:
Наврӯз оини аҷдодони мост
Ман ҳам хостори онам, ки аз таърихи Наврӯз бинвисанд. Мутаассифона, мақолаҳои таҳлиливу илмӣ аз гузаштаи миллат ва расму оини муътабари он хислати лаҳзавӣ доранд. Дар бораи Наврӯз мо фақат ҳоло дар як шумораи идонаи нашрияҳо мехонем. Ба назари ман бахши фолклории ин оини муътабар аслан пажуҳиш нашудааст. Ҳоло ҳам чизҳое, ки чоп мешаванд, дар пояи мақолаҳое нестанд, ки дар оғози талошҳои наврузхоҳон чоп мешуд.
Масалан, мақолаҳое, ки Буриниссо Бердиева чоп мекард, хеле ҷолибу пуртаъсир буданд. Вале ман шахсан зарфи ин даҳ соли охир ягон мақолаи ноби фолклориро дар бораи ин оини аҷдодӣ нахондаам.
Миҷгона Хуҷамова, Восеъ
Муколама хуб аст, вале бо кӣ?
Хеле хуб аст, ки як таҳлилгари маъруф ва соҳибмақоми ҳукуматӣ хостори муколамаи умумимиллист. Сайфуллоҳ Сафаров таъкид ба таъкид гуфтааст, ки дар кишвар ин гуна мубоҳиса ва муколама бояд вуҷуд дошта бошад. Вале муколама бошаду он ба назар гирифта нашавад чӣ?
Ман фикр мекунам, ки муколама бояд созандаву натиҷаи он маълум бошад. Яъне, мубоҳисон бигӯянд ва давлат барои бартараф кардани камбудиҳо бикӯшад. Танҳо дар он ҳолат миёни ҷомеа ва давлат тадриҷан иртибот ба вуҷуд меояд. Аммо ҳоло чунин нест.
Мо ҳолати ҷудоии ҳукумат аз мардум ва ҷомеаро мушоҳида мекунем. Ҳукумат саргарми баршумории оморҳои бардурӯғ аст, вале мардум ранҷи фаровон доранд. Пас муколама замоне арзишманд хоҳад буд, ки ҳамин дурии ҳукумат аз мардумро аз байн барад.
Ҳошими Абубакр
Як миллион тонна картошка куҷо шуд?
Рӯзи якшанбе бозор рафтам ва чун бо гӯшҳои худ шунидам, ки нархи як кило картошка 3,80 то 4 сомонӣ аст, дар ҷоям шах шудам. Ногаҳон ба ёдам ҳисоботи вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов дар назди Президент расид, ки мегуфт аз 1 миллион тонна зиёд картошка соли гузашта истеҳсол шудааст. Куҷост он?
То ҷое ман медонам, мо ҳамеша картошкаи Покистон мехӯрем. Куҷост он 1 миллион тонна? Баъди ман чаро ба омори расмии ҳукумат бовар кунам?
Моро кӣ аз чунин барномаҳо халос мекунад?
"Ҳемануела", Ҳасани Чилла ва ...КВН" беҳтарин мақолаи ин шумора буд. Ман бе ягон муболиға мегӯям. Медонед чаро? Ростӣ аз тамошои ин гуна барномаҳои бемантиқ, хандаҳои ноҷо хаста шудаем. Сад дареғ, ки аз пули мо андозсупорандагон кормандони телевизион ин гуна барномаҳои фач омода мекунанд. Ҳазлҳои бемаънӣ, хандаҳои ноҷо, саҳнаҳои мазмунан заъиф... Намедонем ба кӣ эътироз кунем. Ё завқи таҳиякунандагон паст ва ё ман бесаводаму ба умқи маънии ҳазлҳои телевизионӣ намерасам.
Бисёр мехостам як бор барномаҳои худро бо КВН-ҳои шабакаҳои Русия қиёс мекарданд. Охир ин даҳшат аст, бовар кунед. Ҳамин таронаи "Ҳемануела" чӣ маъно дорад? Завқи пастро бинед: "Ҳемануелла, Ҳемануелла, мара нашнохти охир, ман Ҳасани Чилла...биё мошин вайрон шудааст, мекунем тела...". Гапҳои кӯчагӣ, фаҳш...Мехоҳам аз сатҳи пасти таҳиягарони ин барномаву ин таронаву роҳбарони телевизион фарёд занам. Вале ба кӣ додатро мегӯӣ?
Ҳанифа Холбоева, Норак
Касе китоб намехонад
Сухани ҷолиб хондам аз "Рӯзгор". Нависандаи дӯстдоштаи ман Баҳманёр дар замони донишҷӯӣ рӯзе як роман мехондааст. Ман дар як моҳ ҳам як румон хонда наметавонам. Вақт намерасад, завқ мурдааст. Дар овони ҷавонӣ ростӣ зиёд мехондам. Ҳафтае як повест мехондам. Аммо муҳим, ки мехондем. Ҳама китобхон будем. Ҳоло чӣ? Интернет ҳамаро бероҳа кардааст. Ҳатто хонандагони мактаби миёна ба ҷойи китоби дарсӣ маълумотро зуд аз интернет пайдо мекунанд. Ин завқро мекушад. Ин бисёр хатар доранд. Инсон кундзеҳну бедониш мешавад.
Матни таронаро мехоҳам бихонам
Мутолиаи инҳафтаинаи таҳқиқоти "Аҳмад Зоҳир ва сад шоир" ёди маро ба таронаи марғуби овозхони шинохта, марҳум Тоҷиддин Муҳиддин бурд. "Ошиқ шудаӣ, ай дил, ғамҳот муборак бод" аз таронаҳои дӯстдоштаи солҳои ҷавонии мо буд ва ман онро ҳоло ҳам ёд дорам.
Имрӯз фаҳмидам, ки эҷодкардаи Фаттоҳ Одинаи марҳум будааст. Вале ҳоло ҳам намедонам, ки он шеъри кист. Мехостам "Рӯзгор" дар ин бора рушанӣ андозад ва агар мумкин бошад матни пурраи шеърро оред. Хеле миннатдор мешудам.
Акбаралӣ Саодатшоев, Душанбе
"Рӯзгор": Ташаккур, дусти азиз Акбаралӣ, барои таваҷҷуҳ ба ин мақола. Бояд гуфт вақте мегӯем, ки оҳанги таронаи "Ошиқ шудаӣ, ай дил, ғамҳот муборак бод"-и Аҳмад Зоҳирро оҳангсози мо устоди шодравон Фаттоҳ Одинаев барои овозхони маъруфи мо Тоҷиддин Муҳиддин эҷод кардааст, мо хато намекунем, дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Вале бояд таъкид кард, ки Тоҷиддин Муҳиддин на ин матнеро, мехонад, ки Аҳмад Зоҳир сурудааст. Тоҷиддин Муҳиддин матнеро месарояд, ки онро марҳум устод Лоиқ Шералӣ маҳз бо хоҳиши дӯсташон оҳангсози маъруф Фаттоҳ Одинаев барои оҳанги аллакай таҳия намудаи оҳангсоз иншо кардааст ва он бо мисраи "Дар тобу табат бинам, бехоби шабат бинам" оғоз мешавад. Мисрае, ки Аҳмад Зоҳир бо он сурудашро оғоз кардааст, дар мобайни таронаи Муҳиддин Тоҷиддин меояд ва ба ин шакл "Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод!". Аҳмад Зоҳир аз дӯсташ шоири таронанавис Абдулаҳмади Адо хоҳиш мекунад, ки дар чаҳорчубаи ҳамин оҳанг барояш матнеро дар ҳамин шаклу вазни шеърӣ нависад… Аз ҳафтаи оянда сар карда мо дар чаҳорчубаи мақолаи "Аҳмад Зоҳир ва сад шоир" дар бораи ҳамкориҳои Аҳмад Зоҳир бо марҳум Абдулаҳмади Адо маълумот хоҳем дод. Тибқи иттилое, ки дар даст дорем, Аҳмад Зоҳир 16 таронаи ӯро сурудааст. Ҳамон вақт мо дар баробари овардани матни таронаҳои мазкур аз таърихи эҷод шудани онҳо низ маълумоти хеле ҷолибе хоҳем дод. Бо мо бошед, дӯстони арҷманд.
Фарҳанг марз надорад
Воқеъан иртиботҳои фарҳангии тоҷикону эрониёну даризабонони Афғонистон дар ҳама давру замон буд ва абадан боқӣ мемонад, ҳарчанд марзҳои маҷозӣ боқӣ мемонанд. Ҳоло донистам, ки дар пайравӣ аз оҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ Аҳмад Зоҳири машҳур тарона доштааст. Ҳоло донистам, ки Фазлаҳмади Найнавоз дар пайравӣ ба таронаи "Муҳаббат омаду олам дигар шуд" таронаи навиштаву онро Аҳмад Зоҳири марҳум хеле марғуб ва бо садои ҷолиб сароидааст. Сад дар сад мувофиқам ба муаллиф, ки мегӯяд ҳунармандони асил марзу бумро намеписандиданд. Ба гумонам фарҳанги муштараки мо паҳлуҳои гуногуни таҳқиқношуда дорад ва мо ҳоло аслан тасмим ҳам нагирифтаем, ки ин муштаракотро таҳлили илмӣ кунем.
Ба сурати умум Тоҷикистон дар масъалаи пажуҳишҳои илмии фарҳангӣ ҳатто аз афғонҳои муҳоҷир ақиб аст. Шояд ман ғалат кунам, вале ба назарам чунин аст. Аз олимони баруманд маъзарат мехоҳам.
Икромиддин, Исфара
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №13, 02 апрели соли 2014