09:40:56 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо

Тавба аз ҳиллаҳои нави фоҳишаҳо

Дуруд ба кормандони муҳтарами ҳафтаномаи фарҳангии "Рӯзгор". Аз мутолиаи ҳар шумораи он шод мешавам, чун матлабҳои зиёди хонданӣ аз рӯйдодҳои фарҳангии кишвар пайдо мекунам. Ҳоло моҳи мубораки Рамазон аст ва ин як моҳест, ки покиву иффатро мехоҳад, инсонро тарбия мекунад, сабру таҳаммули ӯро дар баробари имтиҳони худовандӣ месанҷад.

falastin 451122121Аммо афсӯс на ҳама инро дарк кардаанд. Субҳи дирӯз аз канори як боғ мегузаштам ва дидам, ки ду ҷавон, духтар ва бача зери сояи дарахте ба таври худашон пинҳон шуда ишқварзӣ мекарданд. Шояд онҳо бехабар аз он буданд, ки барги дарахту шохҳои он чеҳраи онҳоро аз мардум мепӯшонад, вале магар аз чашми Худо пинҳон мемонанд?

Магар ин фиреби худ нест? Вале даҳшати ин саҳна дигар буд, ки сабаби қалам ба даст гирифтани ман шуд. Зери он дарахт духтари ҳиҷобпӯш менишасту ишқ меварзид. Баданам ба ларза даромад. Бовар намекунед? Магар мешавад, ки инсон бо пӯшиши исломӣ ба ин амали фаҳшо дода шавад?

Мутаассифона, имрӯз то ҳадде ҳиҷоб ҳам мояи машғул шудан ба фасод гаштааст. Бо духтаре дар як истогоҳ мунтазири автобус будам. Ҳиҷоб дошт, вале хандаи қаҳ-қаҳа ҷониби ҷавононе, ки ба ӯ гап мепартофтанд, аз лабонаш канда набуд. Хостам аз наздик бо ӯ суҳбат кунам. Пурсидам, ки бо ин пӯшиши исломиат дуруст аст, ҷониби номаҳрам баланд бихандӣ? Хеле беибо посухам дод: ин ҳамту пӯшидагиам, менто гумони бад накунанд".

Ба хулоса омадам, ки баъди рейдҳои милисаҳо барои ифшои фоҳишагарӣ ҳиҷоб барои иддае аз занону духтарони сабукпо сипари чашми неруҳои интизомӣ шудааст, то "гумони бад" набаранд. Фақат тавба мебояд аз ин аъмоли бешармона. Ё не?

Сурайё, Душанбе

Баҳси Фейсбукро метавон рӯи нашрия кашид?

Муҳтарам "Рӯзгор"!

Муддатест, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук як баҳси хеле ҷолиби забонӣ дар ҷараён аст, ки тарзи навишти дурусти калимаву ибораҳоро меомӯзонад. Дар ин баҳс олимону пажуҳишгарони донишманд, аз ҷумла Рустами Ваҳҳоб, Умед Ҷайҳонӣ, Қодири Рустам ва дигарон ширкат мекунанд ва мо ростӣ хеле баҳраҳо аз он мегирем.

Мутаассифона, ҳисс мешавад, ки олимони баруманд ва собиқадор аз шабакаҳои интернетӣ дуранд ва мо навиштаҳои онҳоро дар атрофи калимаву ибора намехонем. Ҳоло ҳам дурии олим аз воситаҳои муҳими коммуникатсионӣ ҳисс мешавад ва мехостем баръакс бошад. Мехостем устодони худро ҳам шарики ин дарсҳо бинем ва ин мактабе хоҳад буд, ки таҳсили моро идома медиҳад. 

Аммо ҳоло пешниҳоди дигар доштам: Магар "Рӯзгор" наметавонад дар ҳар шумора беҳтарин баҳсҳо атрофи калимотро гирд оварад ва фишурдаи онро чоп кунад, то хонандагонаш баҳравар шаванд? Гумон мекунам ин беҳтарин коре хоҳад буд ва ҳам пурсавобтарин амал.

Мусохӯҷа Облоназаров, донишҷӯ, Хуҷанд

Бетарафӣ магар гуноҳ нест?

Ман ҳайронам: Дар Фаластин хун мерезад, рӯзе садҳо мусалмон аз ҷониби артиши мусаллаҳи давлати яҳудӣ куштаву захмӣ мешаванд, ки аксари онҳо занону кӯдакону пирону аҳолии ғайринизомианд. Дар сар то сари олам, ҳатто дар Қирғизистони ҳамсоя мардум зидди Исроил тазоҳурот карданд, вале дар Тоҷикистон ороманд.

Ман намегӯям, ки митингу гирдиҳамоӣ кунем, ҳарчанд расолати мусалмонии мост, ки барои пуштибонӣ аз мустаъзафин эътироз кунем. Вале ҳатто Раиси Шӯрои уламову маркази исломӣ хомӯшанд. Ман ҳафтаи гузашта махсус намози ҷумъа рафтам ва мавъизаи масҷиди марказии пойтахтро пайгирӣ кардам. Ҳарфе дар ин бора нашунидам.

Ин магар бетафовутии оҷизона нест? Магар дуо барои пирӯзии мустаъзафини Фаластин ҷоиз набуд? Ва боз дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ дар моҳи мубораки Рамазон навори Ғаззаро ба хоку хун мекашад. Ман ин ҷо аз изҳороти Вазорати хориҷа сухан намегӯям, чун интизори ин гуна изҳорот нестам. Лекин охир ақалан уламо садо баланд кунанд.

Муслимхуҷаи Салимҷон

Пажуҳиши муҳиму муфиди Аҳмад Зоҳир

Ташаккур ба шумо, ки пажуҳиши Аҳмад Зоҳирро идома медиҳед. Ростӣ то ин замон мақолоти зиёде дар нашрияҳои кишвар дар бораи ин хунёгари нотакрор хонда будам ва ҳоло ҳам аҳён аҳён чоп мешаванд. Вале муназзам ва бо як риштаи таҳқиқ идомадор пажуҳиш шудани эҷодиёти Аҳмад Зоҳирро дар "Рӯзгор" дидам.

Ва он хеле муфид аст. Мо илова ба Аҳмад Зоҳир дар атрофи масоили дигар, шахсиятҳои дигари фарҳангии Афғонистону Тоҷикистон ва Эрон маълумот дарёфт мекунем. Шахсан барои ман донистан дар бораи Фурӯғи Фаррухзод, Раҳии Муайярӣ, Аъдо, Найнавоз ва дигарон хеле ҷолиб буд. Ман дар бораи инҳо тақрибан чизе намедонистам, вале ҳоло як маълумоти мухтасар ҳам бошад, пайдо кардам. Хеле хушам, хеле ҷолиб аст.

Моҳниссо, Қурғонтеппа

Аз ҳикояи Баҳманёр хушам омад

Аҷаб ҳикояи хубе хондам аз Баҳманёр. Ташакукур ба "Рӯзгор", ки аз дуриҳои дур ҳам тавонистем бо маҳсули қалами нависандаи маъруф ошно шавем.

Дар ин ноҳия китоб хеле кам меояд, бахусус китобҳои Фарзона. Баҳманёр, Лоиқ ва дигар шахсиятҳои маъруф. "Доғи ях" беҳтарин матлаби шумораи гузаштаи "Рӯзгор" буд гӯям иштибоҳ намешавад. Бисёр мехостам минбаъд низ сари чанд вақт аз эҷодиёти қаламкашони маъруфамон, ки бешак онҳо кам нестанд, намунаҳо чоп кунед.

Азизулло Қурбонов, Қубодиён

Додани замин ба Чин нанг бояд бошад, на ифтихор

Ҳарчанд навиштед, ки китоби Ҳамроҳхон Зарифӣ ба нофаҳмиҳои додани замин ба чиниҳо хотима бахшид, қабул надорам. Ба гумони ман он як саҳифаи нангини таърихи миллат аст, ки қаламрави бузургеро, бигзор он куҳ бошад ё санг ба Чин бо ду дасти адаб бароварда диҳем. Ба ивази қарзҳои зиёде, ки дорем, гумон намеравад, ки дар наздиктарин фурсат боз даъвои замин кунад. Ин боз дар ҳолест, ки ба зоиши бештар боз иҷозат шуд ва аҳолии ин аждаҳои хуфта боз ҳам афзоиш меёбаду заминаш намерасад.

Соҳибназар, Вахш



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi