Номаҳо ва умедҳо аз гомҳои аввалин
Дуруд ба Шумо хонандаҳои арҷманд!
Инак, чорумин шумораи "Рӯзгор"-ро дар даст доред. Нашрияи фарҳангиву маърифатӣ ва иҷтимоӣ, ки нахустин гомҳои худро дар олами нопайдоканори матбуот мегузорад ва ҳоло маълум нест, ки ин гомҳо онро то ба куҷо мебаранд. Аммо яқин он нукта аст: гоми "Рӯзгор" ба сӯи қалби хонандаи худ аст. Дар талош аст дар ин фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳи худро пайдо кунад ва бо хонандагонаш ҳамешагӣ бошад. Аз ин рӯ, саҳифаи номаҳоро боз мекунем, то бо хонандагони худ иртиботи мустақим дошта бошем.
Умед мекунем ин бахш аз серхонандатарин бахши нашрия гардад. Мо он имконеро ба хонандаи худ фароҳам меорем, ки арзу ниёзашро иброз дорад, дар бораи каму кости зиндагӣ, мушкилоти рӯзгор андешаҳои хешро бинвисад, якҷо бо мо барои мӯҳтавои пурарзиши "Рӯзгор" талош варзад. Ба хонанда ҳамчунин он имконеро фароҳам меорем, ки дар мавриди ҳар шумораи нашрия ибрози назар кунад, ба маводи чопшуда назари интиқодӣ дошта бошад, чун эроду танқидро ба ҷон мепазирем ва сари ҳар суол ва ё пешниҳод меандешем, посух медиҳем, бо хонанада вориди баҳс мешавем, то билохира ҳам худ қонеъ гардем ва ҳам хонандаи худро қонеъ созем. Ба дигар маънӣ, ин як минбари муколамавӣ хоҳад буд.
Мо аз он шодем, ки аз аввалин шумораи "Рӯзгор" хонандаҳои худро шинохтем, онҳое буданд, ки баъди мутолиа бо зангҳои телефонӣ ва ё паёмҳо унвони сомонаи www.ruzgor.tj ва пустаи электронӣ дар мавриди банду баст, дизайн, мӯҳтавои нашрия назари худро баён доштанд, аз баъзе мақолот интиқод карданд, баъзеи дигарро ситоиш намуданд.
Ва мо бештар ба эродҳо мутаваҷҷеҳ шудем, то нуқсони худро бо чашми хонанда бубинем. Аз ҷумла, журналисти тавонои тоҷик Мирзои Фирӯз эрод гирифт, ки дар ҷое аз мақолаи "Русия ва ИМА: нокомиҳо дар талоши ҳалли бӯҳрони Сурия" ба ҷои Димишқ Бағдод омадааст. Иштибоҳи техникӣ буд, ки аз чашми мо дур мондааст, вале чи хуш шудем, ки Мирзои Фирӯз хеле ботаваҷҷуҳ мақоларо мутолиа кардааст ва хуштар боз аз он шудем, ки бародарвор аз ин хато ҳарф зад, то бодиққаттар пайи тасҳеҳи матолиби худ бошем.
Ва боз: атрофи ин мақолаи як занги телефонии тезутунд ҳам доштем ва аз он сӯи гӯшӣ шахсе, ки худро Қиёмиддин муаррифӣ мекард, шадидан эътироз дошт, ки мақола оҳанги тараҳҳум ба Башор Асад дорад, ҳол он ки вай зидди суннимазҳабон эълони ҷанг кардааст. Барояш фаҳмонидем, ки ҳадафи муаллифи мақола на Башор Асад, балки нишон додани бозии сиёсатҳо дар Сурия буд ва Асад низ мисли Қаззофӣ ва Саддом шояд аз қурбониёни навбати ин бозиҳои сиёсист. Намедонем қаноат додем ё на, вале як чиз аён буд: дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик на ҳар кас метавонад нерӯҳои паси пардаи бӯҳрони Сурия ва умуман бечорагии мустаъзафини оламро пеши мустакбирин дарк кунад.
Шод шудем, ки ин ҳафта ва басо фаврӣ аз сӯҳбати нависандаи мумтози тоҷик ва яке аз адибони соҳибунвону соҳибҷоизаи кишвар устод Саттор Турсун, ки дар "Рӯзгор" чоп шуд, нашрияи маъруфи "Тоҷикистон" дар саҳифаи аввали худ ва дар гӯшаи "Сиёҳу сафед" иқтибос овард. Пас кори мо беҳуда набуд, пас сӯҳбати устоди сухан вазн дошт, мавқеъ дошт.
Исломиддин Ҳабибов, як хонандаи мо аз шаҳри Қурғонтеппаро қиссаи эшони Султон ба ваҷд оварда буд ва зимни суҳбат иброз дошт, ки метавонад барои комил шудани қисса кӯмак кунад чун дар бораи ин хонадон аз гузаштагонаш шунидааст. Аммо ин аввалину охирин вокуниш ба пажуҳиши сулолаи эшони Султон набуд.
Амрихудо Шокаримов, ки худро омӯзгор аз шаҳри Душанбе муаррифӣ кард, мегуфт, ки "аз каромоти авлиё зиёд хондааст, вале дар пажуҳиши эшони Султон дар ин бора кам сухан ронда мешавад". Ба арзи хонандаи азиз мерасонем, ки ҳоло ҳадафи аслӣ муаррифии насабномаи ин хонадони бузург буд, вале бо вуҷуди ин дар мавриди баъзе нукоте, ки метавон ҳамчун каромоти иддае аз бастагони эшон номид, дар бахшҳои баъдӣ сухан меравад. Фақат интизор бояд буд, ки ба чопи он саҳифаҳо расем.
Собир Сафоев, ки зикри номаш дар мақолаи "Марде, ки илмро бар сиёсат тарҷеҳ дод" омада буд, аз он изҳори тааҷҷуб кард, ки дар чунин як чорабинии муҳим чаро пайвандони профессор Раҳим Мусулмониён иштирок надоштанд. Ва эрод гирифт: тааҷҷубам замоне бештар шуд, ки то охир хондам, вале ба ин саволам посух нагирифтам. Сабаб чист, ки муаллиф қазияро пайгирӣ накардааст? Магар дар як шаҳр зиндагонӣ карда, муайян кардани ҳамин як нукта мушкил буд"?
Албатта, душвор набуд. Вале ҳадафи муаллиф таҳияи гузориш аз ҷараёни ифтитоҳи китобхонаи шахсии профессор Мусулмониён дар Китобхонаи миллӣ буд, ҳарчанд зимни он дар бораи фаъолият ва зиндагиномаи олим, гароишҳои сиёсӣ ва пажуҳишҳои нодири ӯ сухан ронда шуд. Ҳоло мо худро масъул медонем пайгирӣ кунем ва дар яке аз шумораҳои оянда матлабе дар ин замина интишор диҳем. Ин боз дар ҳолест, ки писари устод Мусулмониён Беҳрӯз бо муаллиф дар тамос шудааст.
КӮчаи Аҳмад Зоҳиру ХалилӢ дар Душанбе?
Он, ки "Рӯзгор" дар бораи марҳум Аҳмад Зоҳир матлаб ба нашр мерасонад, хеле хушам омад. Ман ин хунёгари беҳамто ва ин ҳунарманди нотакрорро басо дӯст медорам. Пешниҳоди сароянда ва олими шинохтаи тоҷик Ҷӯрабек Назриро дар бораи ба номи Аҳмад Зоҳир номгузорӣ шудани яке аз кӯчаҳои ободи пойтахти кишвар маъқул медонам. Азбаски олими тоҷик шояд инро бадоҳатан дар як нишаст иброз доштааст, гумон аст, ки амалӣ шавад. Аз ин рӯ як пешниҳод дорам: "Рӯзгор" расман ба ҳукумати шаҳр аз номи нашрия ва хонандагонаш нома ирсол кунад ва ин масъаларо пайгирӣ кунад.
Сафиябону Самандарова, донишҷӯ, аз Душанбе
"Рӯзгор": Хеле фикри ҷолиб аст. Гумон мекунем хонандагон моро дастгирӣ менамоянд ва ба ирсоли ин гуна нома ва интишори ҷавоби шаҳрдорӣ иқдом хоҳем кард. Ва боз агар таваҷҷӯҳ карда бошед, Ҷӯрабек Назрӣ аз ҷумла гуфта буд: "ҳеҷҷойи айбе нест агар дар шаҳри зебои Душанбе хиёбоне дошта бошем бо номи Аҳмад Зоҳир, бо номи Халилуллоҳи Халилӣ, бо номи Муҳаммад Иқбол ва дигар таблиғгарони забони форсӣ-тоҷикӣ". Устод Халилӣ яке аз бузургтарин шоирони тоҷикзабони Афғонистони қарни ХХ буд, ки ашъори ғарибонааш қалби бас инсонҳоро ба тапиш овардааст. Ва дар бораи шӯҳрати Муҳаммад Иқбол аксарият медонанд ва ҳоҷат ба такрор нест.
Театр надорем ё тамошобин?
Баъзан мақолҳое дар нашрияҳои кишвар ба нашр мерасанд, ки назар ба ҷавоб саволи бештар доранд. Дар "Рӯзгор" ҳам инро мушоҳида кардам. Ҳунармандони театр гоҳе мегӯянд, ки айб дар тамошобин аст ва гоҳи дигар ибрози назар мекунанд, ки ҷурми аслӣ дар худи театрҳост, ки намоишномаи асил надоранд. Мани хонанда ҳоло намедонам ба кадоми онҳо бовар кунам. Мо тамошобин надорем ё театр?
Санҷар Муллораҷабов, шаҳри Хуҷанд.
"Рӯзгор": Он чӣ шумо хондед, андешаи худи собиқадорони театр буд ва маънои онро ҳам надошт, ки аз тамошобин интиқод шавад, ки ба театр намеравад ва ё аз театр, ки бинандаро сӯи худ намекашад. Ҳоло мо чопи силсиламусоҳибаҳо оид ба театр ва киноро идома медиҳем. Ҳадаф аз ин танҳо масъалагузорӣ нест, балки ҷустуҷӯи роҳҳои наздик сохтани театр ба тамошобин ва тамошобин ба театр аст.
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
219
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
160
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
70
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
85
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
474
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
844
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
585
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?