Куҷост Айнии дигар, ки Одинаи нав офарад?
Дуруду саломҳои бепоён ба ҳамаи касоне, ки ҳафтаи қаблӣ бо мо буданд, "Рӯзгор"-ро мутолиа карданд, варақ заданд ва ҳамзамон бо ин вақт ёфтаву сари баъзе аз нигоштаҳои он андешаҳои худро иброз намуданд. Мо хушем аз ин. Мебинем, ки бо чопи шумораи ҳафтум иртиботи мо бо хонандагони худ бештар мешавад. Он ки изҳори назар доранд, далел аст, ки мутолиа мекунанд.
Генерал-майори мустаъфӣ Шеравлиё Мирзоавлиёев дар сӯҳбат бо "Рӯзгор" дар бораи матлаби "Қиссаҳои ҳазрати Султон" изҳори назар намуд. Бахусус, дар бораи фармондеҳи бахши бадахшонии нерӯҳои артиши Сурх Мелкумов. Генерал, ки аз хонаводаи паҳлавонони номии кишвар аст ва худ қаҳрамони 15-каратаи Тоҷикистон, барандаи чандин мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ ва Осиё оид ба гӯштин мебошад, изҳор дошт, ки Мелкумов мухлиси ашадии гӯштии миллӣ будааст ва ба падари ӯ, ки он замон яке аз паҳлавонони пуровозаи минтақа ба шумор мерафт, равобити наздик барқарор намуда буд.
Ҳатто дар мавзеъи барояш мақбул замин ҷудо кард, то хонаву дар бунёд кунад ва як зиндагии осоишта дошта бошад. Илова бар ин дар ҳама мусобиқоти гӯштин, ки ба ин ё он муносибате баргузор мешуд, шахсан ширкат мекард ва аз комёбиҳои паҳлавони номӣ кафкӯбиҳо менамуд.
Дар тамоси телефонии зуд бо "Рӯзгор" сокини шаҳри Душанбе Муҳтоҷ Шоев низ роҷеъ ба "Қиссаи ҳазрати Султон" ҷузъиёти тозаеро хабар дод. Вай гуфт, ки артиши сурх таҳти фармондеҳии Яков Мелкумов, ки дар байни мардум Ёқуб-тӯрааш мегуфтанд, дар деҳаи Сайёд қароргоҳ дошт. Дафтари корӣ ва ҷои истиқомати худи Мелкумов чанд муддат дар хонаи падари ӯ дар ҳамин деҳа будааст.
Шоҳ Исоев, падари хонандаи мо, ки соли 1970 дар сини 87 солагӣ вафот карда будааст, дар бораи эшони Султон қиссаҳои зиёдеро ба писараш нақл кардааст. Хабарнигори "Рӯзгор" баъди ин тамоси телефонӣ бо Муҳтоҷ Шоев вохӯрд ва ҷузъиёти тозаеро дар бораи лаҳзаи ба қатл расидани эшони Султон дарёфт намуд, ки як қисми он дар шумораи имрӯзаи ҳафтанома ба табъ мерасад. Мо ба ин хонандаи соҳибзавқи "Рӯзгор" ибрози миннатдорӣ мекунем.
Малика Назарзода аз шаҳри Хуҷанд хостори он шуд, ки "Рӯзгор" саҳифае аз рӯзгори муаллимон ҳам дошта бошад. Хосатан дар ин замоне, ки дар ҷомеа қадри омӯзгор коста шудааст, таҳлили вазъ ва ошноии бештар бо рӯзгори муаллимон метавонад хеле муфид бошад. Ба андешаи ӯ омӯзгорон афроди аз назарҳо басо дурафтода мебошанд, ки гоҳ-гоҳе аз онҳо ёд мешавад.
Ба андешаи хонанда розием. Кӯшиш хоҳем кард дар оянда ба қадри имкон ин мавзӯъро ҳам пӯшиш диҳем.
Ва инак, номаҳои ҳамовозии дигар, ки дар мавриди шумораи гузаштаи "Рӯзгор" ирсол шудаанд:
Устод Куҳзод ҳақ аст: нав бояд навишт
Адиби шинохта ва яке пурмаҳсултарин нависандагони адабиёти муосир Урун Куҳзод хеле андешаҳои ҷолиб иброз намудааст. Ман суҳбати "Замон дигар шуда, аммо андешаи мо ҳамон шахшуда"-ро дар назар дорам. Адиб ҷонибдори он аст, ки фарҳангшиносӣ ва фарҳангдонии моро нав бояд кард. "Акнун бо Мавлавию Саноӣ ё дигар бузургони гузаштаамон зиндагиро пеш бурда наметавонем. Ин маънои онро надорад, ки онҳоро инкор кунем. Не, мо бояд онҳоро донем, онҳо дар замони худашон кори худро карданд…Лекин мо имрӯз дорем, фардо дорем. Бояд дар бораи ояндаи худ ҳам андеша намоем…" Ва пешниҳод мекунад, ки "Суханҳои имрӯзаро бояд гуфт. Аз он ки мо гапҳои ҳазор сол пешро такрор карда мегардем, ҳарчанд ки ҳамаи онҳо ҳикмати рӯзгор ҳастанд, нафъе нест. Дар қатори онҳо бояд суханҳои имрӯзаро гуфт. Гуфтан даркор, ки фалон хел масъала ҳаст, фалон хел мушкил ҳаст, бо онҳо чӣ гуна муносибат кардан даркор…". Дида мешавад, ки адиби шинохта мехоҳад адабиёт аз доираи тасвирҳои маъмул ва андешарониҳои якранг ва ифтихороти хушку холӣ аз гузаштагон берун бошад. Адабиёти имрӯз бо дарди имрӯз тавлид шавад. Ва устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ҳам мегуфтанд, ки:
Вақт аст, ки сари минбари озоди сухан,
Хайёми дигар Ҳофизи дигар созем.
Хайрулло, омӯзгор
Сарнавишти Одинаҳои навро кӣ менависад?
Урун Куҳзод дуруст мегӯяд, ки дар симои Одина Садриддин Айнӣ симои як миллатро тасвир кардааст. Қабул дорем. Аммо суол ин ҷост: сарнавишти Одинаҳои имрӯзро кӣ менависад? Мо бештар аз як миллион муҳоҷири беҳуқуқ дар хориҷи мамлакат дорем, ки шояд бештар аз 90 дар сади онҳо дар Русия бошанд ва ҳуқуқҳояшон помол мешаванд. Одинаи Айнӣ дигару Одинаҳои имрӯз дигаранд.
Ва агар ба навҷуии Куҳзод ишора шавад, ки мегӯяд чизи нав бояд гуфт, нав бояд навишт, пас имрӯз бояд ба сарнавишти Одина бо дидгоҳи дигар нигарист. Симои Одинаи қарни 21-ро бояд офарид.
Одина дар ин якуним қарн хеле симои худро дигар кард, сиёсӣ шуд, иҷтимоӣ шуд. Омили фишори давлатҳо қарор гирифт, пас бояд акнун симои ӯ бо диди ин замон омӯхтаву офарида шавад. Аммо куҷост Айнии дигар, ки Одинаи нав офарад?
Моҳира Дустова, унвонҷӯ
Асроре, ки Давлат Усмон фош кард
Барои ман асроре, ки Давлат Усмон, яке аз чеҳраҳои маълуму машҳури солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фош кард, нав буд. То ин замон инро дар ягон ҷо нахонда будам. Раҳмон Набиев иқрор шудааст, ки аз Узбакситон сахт вобаста аст. "Панҷ моҳ пеш ман Йулбарс Эгамбердиев ном зотро аз вазифа холӣ кардам. Баъди ин панҷ моҳ боз Ислом Каримов ба зангҳои телефонии ман ҷавоб намедиҳад. Ман ҳамин қадар вазн дорам",-гуфтааст ӯ. Ва Давлати Усмон инро вобастагӣ дар қудрат номидааст.
Имрӯз исботи ин ҳарфҳо амалан номумкинанд, чун Раҳмон Набиев зинда нест. Вале боваркарданист. Зеро имрӯз ҳам мо вобастаи ин кишвари ҳамсоя ҳастем. Он ки Узбакистон пайваста моро азият мекунад, роҳхои моро мебандад, зидди Роғун мебарояд, шояд аз он бошад, ки миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов гапе гузашта бошад, ки мо намедонем. Аз рангаш ин президенти кишвари ҳамсоя ҳама чизро ба дилаш мегирад. Вагарна дар кори давлатдорӣ то ин ҳад мухолифат кардан ба пешрафти кишвари ҳамсоя як амали нангин аст.
Давлат Усмон сирреро ошкор кард, ки дар замонаш худаш медонист. Аммо асрори имрӯзаи муносибат бо Каримовро баъди чанд сол кӣ ифшо мекарда бошад?
Адолат Шукриева
"Шоҳнома" бо забони мурдаи қипчоқӣ?
Аз хондани хабари чопи "Шоҳнома"-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ бо забони қипчоқӣ ҳисси ифтихор фаро гирифт. Чопи як шоҳасар бо забоне, ки мурдааст, хело ҷолиб. Забоне, ки бино ба навиштаи "Рӯзгор" дар замони Чингисхон забони муоширати байни давлатҳои будааст, имрӯз бо гузашти ҳафт садсола мурдааст. Пас сано ба забони тоҷикӣ бояд гуфт, ки асолати худро бо вуҷуди тӯфонҳои зиёд нигоҳ медорад.
Одил, Шаҳринав
Ниёиш бихонем, ки бо Худо наздик шавем
Ниёишҳои Рамазонӣ қалбҳоро бо Худо наздик мекунанд. Ҳар қадар зиёд мехонам, ҳамон андоза мебинам, ки кам аст. Кас танҳо бо ёди Худованд рӯҳу ҷисми худро пок мекунад. Ин ёди Худост, ки оинаи дилҳоро ҷило мебахшад. Пас бояд ниёишҳоро зиёд ва такрор ба такрор бихонем.
Мутассифона, ниёиш ба даргоҳи Худо, ки як равиши барҷаста дар адабиёт аст ва ҳатто мо удабои ниёишсарое ба монанди Абдуллоҳи Ансорӣ доштем, вале адабиёти имрӯзи мо ин гуна камбудӣ дорад. Нишони он шояд дурӣ аз дин бошад, дурӣ аз асолати динӣ бошад, ки нависандаи муосирро аз ин жанри саршор аз эҳсосу моломол аз самимияту муҳаббат дур доштааст. Наметавон ҳукм кард. Вале мебинам, ки шахсан худам аз он чӣ дар "Рӯзгор" аз ниёиши бузургон чоп мешавад, завқ мебарам, лаззат мебарам.
Мунираи қумсангирӣ
-
22.06.2025 14:51
115
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
239
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
242
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
469
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
575
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
459
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
116
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
182
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
191
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
957
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1665
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3358
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
111
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
95
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
111
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
494
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
739
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
861
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
439
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
476
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
447
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
725
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
998
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1860
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
602
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
584
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1776
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2097
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2088
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2304
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
497
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
446
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
925
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3051
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3491
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3475
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
633
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
660
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
605
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?