ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ИСЛОМГАРОЁН ДАР МАҲБАС
Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар гузориши нави худ, маҳбасҳои Осиёи Марказиро ба гармхонаҳое монанд кардааст, ки дар онҳо ситезаҷӯёни исломӣ парвариш шуда, ба эътидоли минтақа таҳдид мекунанд.
Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ гузориши навбатии худро ба афзоиши шумора ва аҳамияти сиёсии исломгароён дар маҳбасҳои Осиёи Марказӣ бахшида, гуфтааст, ҳукуматҳо бо дасти худ ҳолатеро ба вуҷуд меоранд, ки тундгароӣ бо ситезаҷӯӣ дар маҳбасҳо бо ҳам омезиш ёфта, хатари бузургеро ба амнияти минтақа ташаккул медиҳад. Гуфта мешавад, сиёсати сахти ҳукуматҳо дар баробари исломи сиёсӣ танҳо хатари хушунатгароӣ ва ситезаҷӯиро афзоиш медиҳад.
Дар ҳоле ки миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи исломгаро ва онҳое, ки ба ҳукумат бо василаҳои сиёсӣ мухолифат меварзанд, фарқе гузошта намешавад, ҷудоӣ дар байни мусулмонон ва ҳукуматҳо то рафт фарох мешавад. Ин раванд дар ҳоле нерӯ мегирад, ки хатари ошӯбгарии исломӣ дар минтақа то рафт бештар мешавад.
Мудири барномаи Осиёи Марказӣ дар Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ, Пол Куйин-Ҷаҷ мегӯяд, "Амалан, вазъе ба миён омадааст, ки мухолифати сиёсӣ ё ошӯби сатҳи паст дар натиҷаи пайвастан бо ситезаҷӯён ва аносири ҷиноӣ дар маҳбасҳо ба чизи бадтаре табдил меёбад. Ҳукуматҳо бояд фавран муколамаро бо гурӯҳҳои исломие оғоз ниҳад, ки хушунатро рад мекунанд."
Афзоиши ҳабс ва маҳкумияти исломгароён танҳо ба пешбурди аҳдофи онҳо мусоидат мекунад ва инро худи мақомоти маҳбасҳо низ тасдиқ мекунанд. Барои намуна, гурӯҳи пинҳонкори Ҳизб-ут-таҳрир, ки ҳадафаш бунёди хилофати исломӣ дар Осиёи Марказист, ва гурӯҳҳои дигар дар фаъолияти худ аз хушунат худдорӣ мекунанд. Ҳукуматҳо садҳо нафар аз пайравони ин гурӯҳро зиндонӣ кардаанд.
Дар маҳбас намояндагони ин ҳизб маҳбусони дигарро ба сафи худ мекашонанд ва махсусан онҳоеро, ки борҳо даст ба хушунату ошӯб задаанд. Ба ин тартиб дар паси деворҳои маҳбас нерӯи наве шакл мегирад, ки ба гуфтаи Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ барои амнияти тамоми минтақа хатар дорад.
Беҳтарин роҳ барои ҳукуматҳо, ба қавли пажӯҳишгарони Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ оғози гуфтугӯи устувор ва иқдоми қавӣ бар зидди фасоди идорист. Шароити нигаҳдорӣ дар зиндонҳо бояд беҳбуд ёбад ва муҳимтар аз ин, ҳукуматҳо бояд дар ҷомеаи фарох ба масъалаҳои бекорӣ ва фақр расидагӣ кунанд. Инҳо низ аз омилҳое мебошанд, ки ҷавононро ба сафи гурӯҳҳои норозӣ тела медиҳанд.
Мудири Барномаи Осиё дар Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ, Роберт Темплер мегӯяд, "чораҳои сахт ва табъйизомези давлат барои таҳкими амният дар минтақа, дар ҳоле ки сояи Афғонистон ба болои он то рафт бузургтар мешавад, фоида надоранд." Вай рӯ овардани ҳукуматҳоро ба чораҳои сиёсӣ муҳимтар мешуморад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/1330-osiyoi-markazi-islomgaroyon-dar-mahbas-.html
-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
302
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
346
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
186
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
236
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































