ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-10
ДАР БАЁНИ ҲИЛМУ ТАМКИНИИ
Аз Язид ибни Ҳорун овардаанд, ки гуфт: «Имоми Аъзам дар нигоҳ доштани забони хеш, дар фазл ва дину тақво дар ниҳояти бузургворӣ мебошад. Мисли ӯ дар ҳилм касеро надидаам». Рӯзе шахсе ба Имоми Аъзам суханони қабеҳ гуфтан оғоз кард. Имоми Аъзам дар ҷавоб гуфт: «Худои таъоло туро мағфират кунад, он чӣ мегӯӣ, Ӯ худ медонад».
Абдураззоқ мегӯяд: «Рӯзе дар масҷид-ул-ҳайф бо Имоми Аъзам нишаста будем. Шахсе аз аҳли Басра масъалаеро аз Имоми Аъзам пурсон шуд, Имоми Аъзам ба он ҷавоби муносиб дод. Он шахс эътироз намуд, ки ҷавоби шумо ба ҷавоби Ҳасан мухолиф аст. Имоми Аъзам гуфт: «Ҳасан хато кардааст». Он шахс ғавғо бардошт ва суханони носазо гуфтан оғоз кард. Имоми Аъзам бо мулоиматӣ гуфт: «Оре, Ҳасан хато кардааст, аммо ривояти Ибни Масъуд савобтар аст».
Аз Имоми Аъзам меоранд, ки гуфт: «Шахсе, ки бар ман бадӣ кардааст, ман бар ӯ бадӣ накардаам. Ҳаргиз ба касе лаънат нагуфтаам ва дар ҳаққи мусалмоне зулму фиреб пеш нагирифтаам». Шахсе аз Имом Саврӣ ба Имоми Аъзам шикоят кард, ки илмро аз шумо омӯхт, вале аз шумо шиква мекунад. Имоми Аъзам фармуд: «Худои таъоло Савриро дар раҳмати худ нигоҳ дорад, зеро Имом Саврӣ бузургворест ғанимат».
Дар ҳамсоягии Имоми Аъзам бадмасте буд, ҳар вақте ки бо Имоми Аъзам дучор меомад, дар шаъни Имом шеърҳои хаҷвӣ мехонд ва нағмаҳо мекард. Шабе овози он бадмаст аз хона набаромад. Имоми Аъзам аз ҳамсояи дигар пурсид, гуфт, ки миршаб ӯро ҳабс кардааст. Пагоҳӣ Имоми Аъзам ба асп савор шуда, назди амир рафта гуфт: «Дар ҳамсоягии май косиби бечорае ҳаст ва ӯро дирӯз бо боҳонае ҳабс карданд» аз ташрифи қадами мубораки он ҳазрат амир ӯро халос кард. Дар ҳоле, ки Имоми Аъзам ба асп савор мешуд, он ҳамсоя назди эшон омада гуфт:
«Худои таъоло бар шумо ҷазои хайр диҳад, аз беодобии хеш нисбати шумо тавба кардам». Баъд аз он ба маҷлиси Имоми Аъзам пайваст ва дар охир фақеҳи хубе шуд. Валид ибни Қосим ва Исом овардаанд, ки ҳеҷ устод мисли Имоми Аъзам нисбати шогирдон мушфиқу меҳрубон ва ғамхору чорасоз набуд. Чунончи агар дар рӯи шогирде пашша нишинад, машаққати он ба Имоми Аъзам зоҳир мешуд.
Рӯзе шогирди эшон аз баландие афтода, оҳу нола мекард. Имоми Аъзам бо ёрон дар масҷид нишаста буданд, баробари шунидани нолаи шогирд пои бараҳна аз ҷой бархоста, ба сари болини ӯ шитофтанд ва дар гиря шуда гуфтанд: «Агар мумкин мебуд, озори ӯро ман ба худ мегирифтам». Шахсе ба Имоми Аъзам гуфт, ки аз номи шумо ба фалон бой мактубе навиштаам ва ӯ ба ман чор ҳазор танга бахшид. Имоми Аъзам гуфт: «Агар манфиате ёфта бошӣ, ман ҳам хурсанд хоҳам буд».
Рӯзе Имоми Аъзам ба дарс гуфтан машғул буд. Шахсе омада ба Имом суханони носазо гуфтан оғоз кард, вале Имоми Аъзам ба он аҳамият надода, дарсро ба охир расониданд ва равонаи хона гаштанд. Он шахс то дари хонаи Имом бо ҳамон лаҳни носазо меомад. Вақте, ки Имом ба дари хонаи хеш расиданд, ба вай нигоҳ карда гуфтанд: «Ин хонаи ман аст, агар дар дил боз суханони қабеҳ дорӣ баргӯӣ, то бо ту боқӣ намонд!» Он шахс аз кардаи худ пушаймон ва шармсор шуда баргашт.
Аз Имоми Аъзам ҳикоят карданд, ки гуфт: «Дар ҳаққи устодам – Ҳаммод разияллоҳу анҳу баробари падару модарам дуъо мекунам ва аз Худои таъоло мағфират металабам. Ба ҷониби хонаи устодам Ҳаммод пой дароз накардаам, агарчанде хонаи эшон аз хонаи ман ҳафт кӯча дур буд».
Халифа Ҳорун-ар-Рашид аз Абуюсуф хоҳиш намуд, ки авсофу атвори устодаш Абӯҳанифаро баён кунад. Имом Абӯюсуф гуфт: «Эй амиралмуъминин, дар шахсияти устодам донистаи ман ин аст, ки аз ҳаромкардаи Худои таъло гурезон ва сахт парҳезкор буданд. Дар аҳкоми шариати ислом ҳаргиз надониста сухан намекарданд ва аз эшон гуноҳе, содир намешуд. Аз аҳли дунё гурезон ва ҳамеша сукут ихтиёр намуда, хомӯш буданд.
Дар илм мисли дарё азим буданд. Пеш аз ҷавоби ягон масъала бисёр таҳқиқ карда, баъд бо исботҳои комил ҷавоб мегуфтанд ва агар исбот пайдо набошад, ба Ҳақ қиёс менамуданд. Дар нигоҳдошти нафс ва дини худ сахтгир ва илми хешро аз мардум дареғ намедоштанд. Ҳамеша аз моли худ бахшишҳо мекарданд. Аз ҳеҷ кас умедвор набуданд ва зиндагии бетамаъ доштанд. Хушсухан, хушмуомила буда, асло беҳуда сухан намегуфтанд».
Ҳорун-ар-Рашид гуфт: «Ин сифатҳо ахлоқи ҳамидаи солеҳон аст».
Аз Имом Маъофии Мусалло меоранд, ки гуфт: «Дар Имоми Аъзам даҳ хислатҳои писандида ҷамъ гашта буд: вараъ, сидқ, иффат, мадорату-н-нос, маваддати содиқа, иқбол ала мо янфаъ (яъне ба нафъи мардум рӯй овардан), тулуъ-с-самт (яъне бисёр хомӯш будан), суханони босавоб, дар ҷавоби бадӣ некӣ кардан, тамаъ надоштан». Агар аз ин даҳ хислатҳое, ки Имоми Аъзам доштанд, яке дар каси дигар бошад, роҳбар қабила хоҳад шуд.
Ибни Намир гуфт: «Шогирдони Имоми Аъзам: Зуфар, Довуди Тойӣ ва Қосим ибни Мӯъин масъалаеро байни худ бо овози баланд баҳсу мунозира мекарданд. Баъдан Имоми Аъзам ба ҳаллу эзоҳи масъала мепардохт ва шогирдон бо оромӣ гӯш медоданд. Вақте, ки масъала ҳалли худро меёфт, онгоҳ ба масъалаи дигар мегузаштанд».
ДАР БАЁНИ КАСБУ МАИШАТИ
Ҳазрати Имоми Аъзам дар Кӯфа дӯкон ва одамони худро доштанд, ки ба савдои мӯина ва шолфурӯшӣ машғул буданд. Аз ин савдо фоидаи зиёде ба даст меомад. Овардаанд, ки Ҳасан ибни-Зиёд гуфт: «Ҳазрати Имоми Аъзам аз халифа ё амире ҳадя қабул намекарданд, аммо ба шогирдони худ ҳадяҳо медоданд».
Ҳасан ибни Зиёд меорад, ки рӯзе Мансури халифа ба Имоми Аъзам сӣ ҳазор танга ҳадя фиристод. Имоми Аъзам ба халифа гуфт: «Эй амиралмӯъминин, ман дар Бағдод ғарибе ҳастам ва амонати мардум дар назди ман бисёр аст. Он сӣ ҳазор танга ва амонати мардумро ба Байт-ул-мол нигоҳ доштан иҷозад бидиҳед». Мансури халифа қабул фармуд ва дар Байт-ул-мол нигоҳ дошт. Баъди вафоти Имоми Аъзам он амонатҳоро ба соҳибонаш супориданд.
Аз Имом Мусъаб меоранд, ки гуфт: «Бори дигар Мансури халифа ба Имоми Аъзам даҳ ҳазор танга инъом кард. Имоми Аъзам аз ман пурсиданд, ки агар даҳ ҳазор танга рад карда шавад, амир бадқаҳр хоҳад шуд ва агар бигирам ба ӯ тобеъ хоҳам шуд, чӣ бояд кард? Ман гуфтам: «Ба амир арз кунед, ки даҳ ҳазор танга маблағи бузург аст, беҳтараш он, ки дар хазина бошад, кадом вақте ки лозим шавад, хоҳам гирифт». Ҳамин тавр карданд ва даҳ ҳазор тангаро ба амир бозгардониданд».
Рӯзе зани халифа бо шавҳараш Мансур дар мухосама шуда гуфт: «Барои чӣ бо дигар занҳо мешавӣ ва бо ман адлу қасм намекуни?» Дар охир кори онҳо ба Имоми Аъзам қарор шуд ва Имоми Аъзамро талаб намуданд. Зани халифа дар пушти парда нишаста ва Мансур аз Имом пурсид: «Ба мард чанд зан ҳалол аст?» Имоми Аъзам ҷавоб доданд, ки аз зани озода чаҳор ва аз канизак якчандто гирифтан ҳалол аст. Мансур пурсид: «Бар хилофи ин масъала ба ягон кас сухан гуфтан ҷоиз аст ё на?» Имоми Аъзам гуфт: «Ҷоиз нест». Мансур ба зани хеш хитоб кард: «Эй зан, бишнав!»
Баъд Имоми Аъзам гуфт: «Эй амиралмӯъминин касе, ки чаҳор зан бо адлу қасм гирифта бошад, ҳалол аст валлоҳ як зан ҳалол, зеро ки дар Қуръони маҷид омадааст: «Фа ин хифтум ан ла таъдилув фа воҳидатун». Лозим аст, ки аз Қуръон таълим бигирем ва ба он амал намоем». Мансур хомӯш монд. Имоми Аъзам равонаи хона шуд ва зани халифа аз оқиби эшон ҳадя фиристод. Имоми Аъзам ҳадяи зани халифаро рад кард ва фармуд: «Мунозираи ман бо халифа аз рӯи шаръ дар изҳори ҳақ буд, на аз рӯи талаби дунё ва мо аз рӯи фиқҳу фатво чизе гирифтанро дӯст намедорем».
(идома дорад)
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/1370-tarikhi-imomi-azam-10.html
-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
302
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
346
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
186
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
236
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































