ШӮРОИ УЛАМО: “ВАҲҲОБИЯ МАМНӮЪ НАШУДААСТ”
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон равияи салафияро расман мамнӯъ эълон кардаанд, ваҳҳобия, ки низ як навъи дигари пайравӣ аз ақидаҳои Ибни Таймия ва Абдулваҳҳоб аст, ба гуфтаи намояндагони Шӯрои уламои кишвар, манъ ё маҳкум нашудааст.
ОҒОЗИ ВАҲҲОБИЯ
Ваҳҳобия як фирқаи мусулмонони суннист, ки ба номи бунёдгузори он, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб номгузорӣ шудаааст. Абдулваҳҳоб дар садаи 18 ба таблиғи ақидаҳои Ибни Таймия пардохт ва сабаб шуд, ки тарафдорони ин ақоид дар нимҷазираи Арабистони Саудӣ афзоиш ёфта, таъсири онҳо дертар ба даҳҳо кишвари дигари мусулмоннишин паҳн шавад. Меҳвари ғоявии онро тавҳид, афзалияти ислом аз динҳои дигар, бозгашт ба сарчашмаҳои оғозии ислом, радди хурофоту бидъат ва мухолифат ба ҳама гуна ислоҳоту навсозӣ дар дин ташкил медиҳад.
Ваҳҳобия ва сарусадо дар бораи ҳузури пайравони ин ҳаракат дар Тоҷикистон барои бори нахуст дар нимаи дуввуми солҳои 80-уми қарни гузашта, дар ҳоле рӯ зад, ки таъсири ин фирқа ба ҳаёти мусулмонон афзоиш ёфт ва талошҳои он то андозае моҳияти сиёсӣ пайдо кард.
ТӮҲМАТ Ё ҲАҚИҚАТ?
Мусулмонони суннатӣ дар кишвар гурӯҳе аз ҷавононеро, ки дар масоили дину оини ислом бо онҳо диди фарқкунанда дошта, омезаи одатҳои маҳаллӣ ва миллиро бо ислом рад мекарданд ва хостори поксозии дин буданд, бо номи “ваҳҳобиҳо” ё “пайравони ваҳҳобия” мешинохтанд.
Дар матбуоти он давр низ роҷеъ ба ваҳҳобия ва пайравони онҳо матолиби мухталифе ба чоп расидааст. Вале гуфта мешавад, нахустин мақола дар ин бора ба қалами Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонон, тааллуқ дорад, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо номи “Ваҳҳобия чист ва ваҳҳобӣ кист?” нашр шудааст.
Муҳаммадалии Файзмуҳамад, рӯҳонӣ ва фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, унвони “ваҳҳобӣ”-ро дар баробари номи гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар солҳои ҳаштодум ва навадум “тамға”-е беш намедонад.
“Аз назари банда, он чизе, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон гузашт, як ҳадафҳои хосеро ба дунбол дошт. Ин як навъ “тамға” ё “тӯҳмат”-е буд дар номи ҷавонҳои тоҷик. Ҷавонҳое, ки ба хотири истиқлоли кишвар, ба хотири эътирофи ҳаққ ва ҷойгоҳи мардуми мусулмон дар мақомот ва ҳам дар роҳи Худо қиём карданд. Аммо замоне ки онҳо дар бораи баъзе масоил бо мардум сӯҳбат мекарданд, аксарият онҳоро дарк карда натавонистанд”,- илова кард ӯ.
ФАТВОИ МАВЛАВӢ МУҲАММАДҶОН
Аммо Маъруфулло Раҳимов, муовини Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ба далели ин ки баъзе аз ақидаву баҳси ин гурӯҳи ҷавонон ба ҷараёни ваҳҳобия шабоҳат дошт, Мавлавӣ Муҳаммадҷон, рӯҳонии маъруф ва фориғуттаҳсили мадрасаи “Аҷмил”-и Ҳиндустон дар соли 1927, унвони ваҳҳобиро ба онҳо муносиб донистааст.
Вай мегӯяд, “устоди ҳамаи донишмандони он давр Мавлавӣ Муҳаммадҷон онҳоро ба номи ваҳҳобият номгузорӣ кард. Чунки, ба назари ӯ, бисёрии баҳсе, ки ин ҷавонҳо дар саҳнаи ихтилофи мазҳабӣ дар Тоҷикистон мекашиданд, ба ҳаракати ваҳҳобият монандӣ дошт. Ба ин хотир онҳоро ваҳҳобӣ номида буд”.
Дар навбати худ оқои Раҳимов мегӯяд, иддао ва баҳсҳои ин гурӯҳи ҷавонон дар Тоҷикистон бештар ба ақидаи “Ихвоният”-и Миср наздикӣ дошт, то ин ки ба ваҳҳобия: “Равиши баъдинаи ин ҷавонон чеҳраи воқеии онҳоро зоҳир кард. Онҳо барои пайдо кардани карйера аввал масоили мазҳабиро пешорӯи халқ кашиданду маосили сиёсиро қафо партофтанд. Пас аз он ки карйера пайдо карданд, масоили сиёсиро матраҳ карданд”.
БАҲСИ “ОШИ САРИ ТАХТА”
Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Маҳмудҷон, низ дар як сӯҳбат ба барномаи “Оини мадоро” гуфт, ҷавонони ба ном ваҳҳобӣ дар Тоҷикистон нахустин бор худро бо баҳсҳои марбут ба масоили динӣ, аз ҷумла бо баҳси “оши сари тахта” муаррифӣ кардаанд.
“Дар масъалаи оши сари тахта мешавад гуфт, ки сухани онҳо ҳақ буд. Зеро мазҳаби ҳанафӣ низ дар ин маврид “оши сари тахта”-ро маҳкум кардааст. Дар ҳамаи китобҳои фиқҳии мо дар ин бора таъкидҳо буд. Вале чун расми бидъӣ дар миёни мардум ҷорӣ буд, вақте ин гурӯҳи ҷавонон мухолифи ин нукта баромаданд, бо номи ваҳҳобӣ маъруф шуданд. Онҳо ҳамчунин зидди хайру эҳсоне, ки дар рӯзи ҷаноза ба мардуми ҷанозахон карда мешуд, баромада буданд”,- афзуд ӯ.
НАҲЗАТИҲО “ВОВЧИК” БУДАНД?
Эшони Маҳмудҷон дар ҳузури ваҳҳобиҳо ва ҳамчунин дар ҳузури ҳама гуна мазоҳиби нави исломӣ дар кишвар омилҳои хориҷӣ ва дохилиро сарфи назар намекунад. Вай мегӯяд, ин омилҳо буданд, ки дар гузашта мардумро ба “вовчик”-у “юрчик” тақсим карда, вазъро нооором сохтанд: “Ин баҳс дар охир ба тақсимшавии ду гурӯҳи мардум оварда расонид. Омилҳои хориҷиву дохилӣ аз ин фурсат барои ҷилавгирӣ аз бедории ислом истифода бурданд. Мардумро ба ду даст ё ба истилоҳи он вақта вовчику юрчик ҷудо карданд. Билахира бо ҳамин ҷанги дохилие, ки ба сари мардум бадбахтиҳои зиёдеро овард, гирифтор шуданд. Бисёрии аз ин ҷавонҳо, ки он замон ба ин ҳама иқдом карда буданд, иштибоҳоти худро фаҳмиданд”.
Вовчику юрчик истилоҳи маъруф дар оғози солҳои навадум буд, ки ду гурӯҳ ҳамдигарро бо ин ном мешинохтанд. Ду гурӯҳе, ки аз рӯйи ақида дар муқобили ҳам қарор гирифтанд. Яъне, исломиҳо ва коммунистҳо.
Аксар шоҳидони ҳол низ мегӯянд, ки агар сӯҳбат аз ваҳҳобиҳо мерафт, аксарият ангушти ишораи худро ба сӯйи пайравон ва ҷонибдорони наҳзати исломӣ дароз мекарданд, ки он вақт расман фаъолият надошт. Он замон аз ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ба унвони “вовчикҳо” низ ном мебурданд. Вале то кунун ҳич як аз раҳбарони наҳзати исломӣ, на дар гузашта ва на ҳоло, эълом надоштаанд, ки ё онҳо ва ё пайравонашон аз ҷараёни ваҳҳобия пайравӣ кардаанд.
ТАЛОШҲОИ АРАБИСТОН?
Бештари таҳлилгарон мегӯянд, ки баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум иддаи зиёде аз ҷавонони тоҷик дар мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ омӯзиш дида, бархе аз ин афрод мафкураи “бегонаи мазҳабӣ”-ро ба ватан овардаанд.
Дар натиҷа, дар чанд соли ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷараёнҳо ва гурӯҳҳое чун ваҳҳобия, салафия, аҳмадия ва байъат пайдо шудаанд, ки ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон, ин гурӯҳҳо сабаби мухолифатҳо миёни мусалмонон шудаанд.
Аммо бештари ҷавонҳои тоҷике, ки дар мадрасаҳои Арабистони Саудӣ, таҳсил дидаанд, ба шиддат ин назарро рад мекунанд. Фаромарзи Абдувалӣ, фориғуттаҳсили Донишгоҳи исломии шаҳри Мадина, дар як тамоси телефонӣ ба мо гуфт, ки “аввалан мардум дар Арабистони Саудӣ аз мазҳаби ҳанбалӣ, мазҳаби Аҳмади Ҳанбал, пайравӣ мекунанд ва ҳич ихтилофи хосе бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ надоранд”.
Баъдан, ба гуфтаи ӯ, “баръакс, мударрисони донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ даъват мекунад, ки тибқи мазҳаби худ, мазҳаби ҳанафӣ амал намоем”.
САЛАФИЯ ДАВОМИ ВАҲҲОБИЯ
Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло пайравони ақидаи ваҳҳобия дар кишвар ҳузур надоранд ва дар тӯли чанд соли ахир садои онҳо шунида нашудааст. Вале ӯ мегӯяд, шакли муосири ин равия бо номи Салафия зуҳур кардааст, ки дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон фаъол буд ва танҳо дар як соли пеш Додгоҳи олӣ фаъолияти ин ҷараёнро ба далели эҷоди ихтилофҳояш миёни намозгузорон дар кишвар боздошт.
Маъруфулло Раҳимов: “Салафия ин як шакли ба замона мутобиқшудаи ваҳҳобия аст. Фарқ дар байни ин ҳарду ҷузъӣ аст. Яъне, дар асоси таълимот инҳо ягона мебошанд. Танҳо салафия дар масоили иҷтиҳодӣ ақидаи дигаргун дорад”.
Бо ин ҳол, ваҳҳобия аз ҷумлаи ҷараёнҳои тозапайдои исломӣ аст, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон расман мамнӯъ эълон нашудааст. Мақомот низ мегӯянд, аз сӯйи пайравони ваҳҳобия то ҳоло иттифоқот ё ҳодисаҳое, ки боис ба ноамнӣ дар кишвар шуда бошад, сабт нагардидааст.
Каюмарси Ато, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2182-2010-04-24-09-22-39.html
-
21.07.2026 14:31
362
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
-
03.07.2026 16:17
1062
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
-
23.06.2026 13:36
2061
Пешвои сулҳ ва меъмори ваҳдат
-
06.05.2026 14:20
488
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
509
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
594
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
371
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
1111
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1155
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
11.07.2026 11:51
388
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1010
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
821
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
17.07.2026 15:54
357
“Садамаҳои нақлиётӣ – проблемаи рӯз!”
-
16.07.2026 12:03
421
«Истиқлолият рамзи олии Ватану ватандорист!»
-
16.07.2026 11:59
324
“Муроҷиатҳо баррасӣ мешаванд!”
-
18.05.2026 19:35
301
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
357
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
493
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
22.12.2025 20:26
1094
Таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва аҳамияти созишномаи нави байниҳукуматӣ
-
10.12.2025 16:56
1010
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1319
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
28.02.2025 13:34
2422
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2492
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3517
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
625
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1993
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2135
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
18.06.2026 23:00
1853
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1208
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.11.2025 11:56
1096
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
20.07.2026 18:07
161
Ҷоми ҷаҳон 2026 ҷаҳонро муттаҳид кард
-
20.07.2026 17:51
182
Финал ва бозии ҷои сеюми Ҷоми ҷаҳон 2026
-
17.07.2026 15:22
335
Шоҳномаи Зинедин Зидан: Аз кӯчаҳои фақиронаи Марсел то тахти шоҳии футболи ҷаҳон
-
23.07.2026 12:40
355
Нейротехнология: Идоракунии телефон бо қувваи фикр!
-
21.07.2026 14:01
276
Интернети ашё (IoT): Вақте ки яхдон бо мағоза "гап мезанад"
-
20.07.2026 18:15
166
Компютерҳои квантӣ: Суперақле, ки миллион сонияро ба як сония табдил медиҳад










































