САЙТИ ХОНАВОДАГИИ ТУРАҶОНЗОДА ДАР ИНТЕРНЕТ
Акбар, Нуриддинҷон ва Маҳмудҷон, писарони эшони Тураҷон, ки аз рӯҳониёни фақид ва саршинос дар Тоҷикистон ба шумор мерафт, Сайти интернетиеро ба номи ӯ фаъол сохтаанд.
Ин сойт матолибе дар бораи зиндагӣ ва фаъолиятҳои эшони Тураҷон ва ин се писараш, ки ҳоло аз рӯҳониёни саршинос маҳсуб мешаванд, ва ҳамчунин суолу ҷавобҳое дар бораи ислом ва фарҳангу адабиёти исломӣ, видию ва тасовире аз онҳоро дар бар дорад. Мубтакирони ин сойт хитоб ба дидоргарон менависанд, ки "Худованд моро муваффақ гардонда, ки бо истифода аз технологияи замона" байни мардум ва "бузургони ин миллат, абармардони ҷасуру ҷонфидои ислом" як пули иртиботӣ барпо кунанд.
Сипас дар ин матлаб, ки "Сухани Идора" унвон дорад, ба душвории иртиботи "беш аз як милюн бародарони мусалмони мо, ки дар хориҷ аз ватан дар шароити душвор дар пайи рӯзии пайвандонашон ҳастанд", ишора шуда ва омадааст, ки ин сойт барои посух додан ба масоили рӯзмарраи муҳоҷирон ва "роҳи ҳалли исломии" ин масоил василаи муҳимме аст.
Дар ин сойт ҳамчунин омадааст: "Мутаассифона, васоили ахбори омма аз телевизиюну родию то рӯзномаҳо ин ҳуқуқҳоро то андозае аз мусалмонони кишвар салб намудааст."
Муаллиф меафзояд: "Аз ҳамин ҷиҳат мо ба андозаи қудратамон кӯшидем, то як сомонаи (Сайти) интернетии хос бо иштироки ин хонадони бузурги кишварамон, хонадони Ҳазрати Эшони Тураҷон (раҳимаҳуллоҳ) бунёд кунем. То ки хидмати кӯчаке ҳам бошад, дар роҳи шиносоӣ бо ин абармардон ва ошноӣ бо дидгоҳҳои эшон ва осору таълифоташон дошта бошем."
Гардонандагони вебСайти хонадони Тураҷонзода ҳадафҳои худ аз таъсиси ин сойтро шиносоии наздик бо хонадони эшони Тураҷон, пахши осор ва таълифоти онҳо, саҳмгузорӣ дар "бедории рӯҳ ва маънавиёти исломии мардуми бузурги тоҷик аз роҳи пахши наворҳои исломии эшон", мехонанд.
Ҳамчунин, тарбияти насли ҷавони кишвар дар руҳияи ахлоқи ҳамида, таҳаммулпазирӣ, огоҳии исломӣ ва "дурӣ аз зиштиҳову палидиҳо ва ғарбзадагӣ", расондани посухи бародарон Тураҷонзода ба суолот ва масоили фиқҳӣ, шиносоӣ бо фарҳанг ва адабиёти исломӣ, ироаи ахбори муҳимми исломӣ, ва ғайра низ аз ҷумлаи ин аҳдоф будааст.
Охирин ҳадафе, ки дар ин матлаб дарҷ шуда, ба масоили занон муртабит аст: "Баёни масъалаҳои марбут ба зани мусалмон, ҳиҷоб ва покдоманӣ ва ғайра аз дидгоҳи бузургон (яъне бародарони Тураҷонзода)".
Ҳарчанд дар гузашта сойтҳо ва веблогҳое перомуни ислом ва шахсиятҳои исломӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дошта, вале ин нахустин бор аст, ки як Сайти хонаводагии рӯҳониёни саршинос дар ин кишвар роҳандозӣ мешавад. Акбари Тӯраҷонзода, узви пешини порлумон ва ду бародараш Маҳмудҷон ва Нуриддинҷон аз нуфузи густардае дар миёни мусалмонони Тоҷикистон бархурдор будаанд ва ҳазорон нафар аз саросари кишвар рӯзҳои ҷумъа барои адои намоз ба масҷиди ноҳияи Ваҳдат мераванд, ки ба ин хонадон мутаъаллиқ аст.
Ба ҷуз Акбари Тураҷонзода, ки лақаби "ҳоҷӣ" ба номаш маъмулан изофа мешавад, ду бародари дигараш монанди падарашон худро "эшон" меноманд. Эшон дар фарҳанги исломии Осиёи Миёна ба табақае аз рӯҳониён гуфта мешавад, ки аз дониши зиёди мазҳабӣ ва аз нуфуз дар миёни мардум бархурдоранд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2370-2010-05-27-11-53-47.html
-
20.10.2026 15:45
232
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
211
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
795
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
289
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
318
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
201
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
364
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
318
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
238
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
575
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































