МАСҶИД - МАНБАИ АЛТЕРНАТИВИИ ИТТИЛОЪ?
Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон рӯзнома нашр намешавад ва шабакаҳои телевизиониву радиоӣ дар пахши хабарҳои оҷил кундӣ мекунанд, амри маъруфи руҳониён ва сӯҳбатҳо дар намозҳои ҷумъа ба манбаи иттилоъ барои қишре аз ҷомеа табдил ёфтааст. Раҳмиддин, ҳамсӯҳбати аввалини ман дар саҳни масҷиди марказии пойтахт мегӯяд, бештар аз ҳаводиси ҷаҳону Тоҷикистон дар масҷид пеш ва ё баъд аз намоз огоҳ мешавад, зеро ба интернет дастрасӣ, ба телевизиону радиоҳо ва ҳаққонияти навиштаҳои матбуот эътимод надорад: «Барои он ки ҳар чӣ дар нашрия навишта мешавад, маҳсули тахайюли рӯзноманигорон аст».
Эътимод ба амри маъруфи рӮҳониён
Раҳмиддин мегӯяд, ба амри маъруфи рӯҳониёни Тоҷикистон эътимод дорад: «Маърӯзаҳои Эшони Нуриддин, Ҳоҷӣ Мирзо ва дигар рӯҳониёнро гӯш ва ба онҳо бовар мекунам, зеро далелҳои онҳо аз Қуръону ҳадисанд». Алӣ, ҳамсӯҳбати дигари ман, бар вижагии ахборе, ки дар масоҷид дарёфт мекунад, таъкид карда, мегӯяд, бархе аз хабарҳое, ки дар масҷид аз забони ҳамсафон мегирад, дар ҷое пахш намешаванд: «Масалан, як зан худаша овехтааст. Фикр кардем, ки газетаҳо менависанд. Хайр, телевизион нишон намедиҳаду лекин умед доштем, ки газетаҳои озод менависанд, аммо нанавиштанд».
Алӣ мегӯяд, иттилоот хеле гуногун ҳастанд, мардум ҳарчӣ мешунаванд, бо ҳамроҳони худ матраҳ мекунанд, то бифаҳманд, ки оё дигарон низ аз ин хабар огоҳ ҳастанд ё хайр. Вай мегӯяд, бадоҳатан баҳсҳо низ бармехезанд: «Аммо дар масъалаҳои сиёсӣ мардум эҳтиёт мекунанд. Хайр худатон мефаҳмед-ку барои чӣ?»
Имом-хатиб: "Масҷид барои гапу кори дунявӣ нест"
Дар ҳамин ҳол, Ҳамидуллоҳ Раҳимзода, имом—хатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе, мегӯяд, аз он ки мардум чӣ иттилоеро дар масоҷид додуситад мекунанд, хабар надорад, аммо ин макони муқаддас аст ва барои гапу кори дунявӣ нест: «Имрӯз дар Тоҷикистон дин аз давлат ҷудост. Агар дар масоҷид сӯҳбатҳое шавад, ки ба якпорчагиву ваҳдати мардум ва амнияти давлат зиён дорад, бояд мардум аз ин сӯҳбатҳо парҳез кунанд».
Иззатулло Азизов, масъули Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, дар Тоҷикистон озодии сухан вуҷуд дорад ва мардум ҳақ доранд, ки бо ҳамдигар иттилоотро раддубадал кунанд, аммо дар масоҷид, ки хонаи Худо маҳсуб мешаванд, ин кор қоидаҳои худро дорад: «Агар он қадар зарур бошад ва мардум мехоҳанд, ки як чиро фаҳманду донанд, беҳтараш дар саҳни масҷид сӯҳбат кунанд ва ҳамчунин хутабо ҳам дар мавзӯъҳои берун аз ислом ҳамин корро бояд кунанд».
Масоҷид дар Тоҷикистон дар ҳоле ба манбаъи алтернативии иттилоъ табдил меёбанд, ки дар ибтидои пайдоиш манбаъи аввалин шакл гирифтани шуури мардуми мусалмон маҳсуб мешуданд. Бо гузашти замон ва пайдо шудани фанновариҳои ҷадид, аз ҷумла пайдо шудани матбуот, телевизиону радио ва интернет, ҳамчун манбаъи аввали иттилоъ аҳамияти худро гум кард.
Коршинос: "Озодии баён дар масҷид бештар аст"
Имрӯз дар саросари олам руҳониён аз интернет ва расонаҳои хабарӣ ба хотири тарғибу ташвиқи ислом кор мегиранд, аммо ба чӣ далел дар Тоҷикистон дар баробари дигар манобеъ масоҷид ба манбаи алтернативии иттилоъ табдил меёбанд? Ва оё чӣ иттилоест, ки дар масҷид метавон пайдо кард, аммо дар матбуот, телевизион, радио ва интернет - на?
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, озодии баён дар масоҷид дар қиёс бо матбуот бештар аст, зеро дар расонаҳо маҳдудиятҳо зиёданд. Оқои Қаршибоев афзуд, гумон намекунад, ки аксари иттилоъи масоҷид созанда бошад, қабл аз ҳама барои он ки манбаъ надоранд: «Ин иттилоот ҳам хусусияти динӣ ва ҳам мишмишӣ доранд, яъне бар овозаву ҳадсу гумонҳо асос ёфтаанд. Дигар ин ки ҷойгоҳи ин иттилоот дар қиёс бо иттилооти расмиву матбуот барои шунаванда дигар аст. Аммо масҷид набояд ба манбаъи алтернативии иттилоъ табдил ёбад».
Бархе аз коршиносон мегӯянд, барои он ки масҷид ҳамчун манбаъи алтернативӣ тақвият наёбад ва ҳамчун макони поки ибодату дуо, яъне Хонаи Худо боқӣ монад, бояд озодии шаҳрвандон ба дарёфти иттилоъ ҳамвор бошад. Аммо бархе ҳам мегӯянд, ин як раванди табиист, ки аз воқеиятҳои Тоҷикистон бархоста, решаҳои иҷтимоӣ дорад ва ҷилавгирӣ аз он корест мушкил.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2626-2010-07-07-15-49-13.html
-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
300
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
346
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
185
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
236
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
348
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































