ДОДГОҲИ ХОНАВОДАГӢ ДАР ҚУРЪОН
Соат тақрибан бисту сею сӣ дақиқа буд, ки дар истгоҳи маҳаллаи 102-юми пойтахт бонуи ҷавоне дасташро бардошта,мошинро боздошт. Ман ҳам хастагӣ ва парешонҳолии ӯро дида манъ кардам.
- Акаҷон, маро то маҳаллаи Афғонҳо намебарӣ? пулатонро аз хона гирифта медиҳам, гуфта пурсид.
- Дари мошиноро кушода, марҳамат гуфтам.
Дар аснои сӯҳбат дар роҳ маълум гардид, ки ӯ се сол қабл бо писарбачаи аммааш хонадор шудаасту ҳамагӣ чанд рӯз як ҷо ба сар бурдаанду бас. Вай таъкид кард, ки ӯ се сол ин ҷониб хусуру хушдоманашро хизмат карда, дур аз оғӯш ва навозиш шавҳараш мезистааст. Ҳамзамон шавҳараш дар Русия бо завҷаи русиаш зиндагӣ мекардааст. Аммо, худи ҳамин шаб шавҳараш бо падару модараш тавассути телефон сӯҳбат карда бе кадом сабаб гуфтааст, ки ҷавоби занашро бидиҳанд. Хушдоман ҳам эсту бест накарда нимашаб келинашро аз хона бадар кардааст.
Ӯ ёдрас шуд, ки ҳар чанд маълумоти нопурраи тиббӣ дорам ҳам аммо, ояндаи худро норӯшан мебинам ва илова кард ба хулосае омадаам, ки даст ба худкушӣ ва ё худсӯзӣ бизанам. Зеро тамоми орзу ва ҳавасҳоямро ба бод доданд…таъкид дошт, ҳамсӯҳбатам. Ин ҳодисаи нахуст дар ин миллат нест, ки оила додгоҳашро гум кардаасту ба ҷои созиш ҷудоӣ рух медиҳад ва ба ҷои шавҳар хушдоман келинро талоқ додааст.
Ҳамсардорӣ мояи оромишест, ки ҳама ба он ниёз доранд. Оромиш дар оила гоҳо то авҷи аъло мерасаду гоҳи дигар хушунатҳо онро то долони Додгоҳ мекашонанд. Мардум низ дар ин ҳангом рафторҳои мухталифи худро доранд, ки на ҳамеша муваффақият насибашон мегардад. Ин аст, ки Қуръони карим барои побандони оини муҳаммадӣ беҳтарин раҳнамудҳои худро пешниҳод карда мегӯяд:
«Вақте, ки тарси ҷудоии онҳоро дошта бошед, пас довареро аз ҷониби мард ва довареро аз ҷониби зан бифирстед, агар (эшон) хоҳони ислоҳи онҳоро дошта бошанд Худованд онҳоро муваффақ мегардонад, ҳамоно Худованд доно ва бохабар аст.» ( Сураи Ниссо, ояи 35)
Ин ояи карима доир ба ин масъала ишораҳои муҳимеро дар бар дорад. Барои мисол аз ин оя фаҳмидани мумкинаст замоне, ки тарси ҷудошави зану шавҳареро дошта бошед, ду марди дилсӯз ба ин олиларо аз ҷониби хешу табори онҳо бифиристед, то мушкили ба вуҷуд омадаро байни худ ҳаллу фасл намоянд ва асрори ин хонавода байни дигарон фош нагардад.
Қуръони карим интихоби доварҳои худиро аз доварҳои додгоҳӣ, ки дар байни мардум кор мекунанд, беҳтар медонад. Қуръони карим ҳушдор медиҳад, ки доварҳое, интихоб шаванд, ки хайрхоҳи ин оила бошанд Қуръони карим ишора мекунад, ки шояд додрасҳои додгоҳӣ хавфи ҷудоии ин оилаи осибпазирро надошта бошанд.
Қуръони карим фош сохтани асрори хонаводагӣ ва нофаҳмиҳои оиладориро маҳкум карда, сулҳу созишро беҳтарин роҳи расидан барои муваффиқият арзёбӣ мекунад-, гуфт дар сӯҳбат бо мо қорӣ Абдуллоҳи Абдухалил, пажӯҳишгари улумҳои қуръонии яке аз Донишгоҳҳои исломии Эрон Омӯзаҳои исломӣ таъкид кардаанд, ки зану мард барои якдигар ба манзалаи либос ҳастанд. Онҳо бояд беҳтарин роҳи муоширатро интихоб карда, побанди ҳуқуқҳои ҳамсардории худ бошанд.
Шариати исломӣ барои идомаи зиндагӣ эҳсон ва накӯрафториро ба ҳангоми нигаҳ доштани ҳамсар ва ё ин ки ҷудоӣ ба наҳваи писандида талаб кардааст. Аз нигоҳи таълимоти исломӣ низ дар аснои талоқ додан шавҳар вазифадор аст, ки нафақа ва ҷои зисти завҷаашро то идда поидан таъмин кунад ва то пурра шудани иддааш ҳақ надорад, ки занашро аз хонааш бадар кунад.
Дар робита ба ин Қозиҷон Холов, хуқуқшинос, мегӯяд: мувофиқи қонунҳои амалкунандаи кишвар, дар ҳолати бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат карда мешавад ва додрасҳо ин қазияро омӯхта, сараввал ба аризадиҳандагон мӯҳлат медиҳанд, то натиҷаи ин ҷудоиро дуруст андеша кунанд ва дар ҳолати ба созиш наомадан, суд ақди никоҳи онҳоро бекор карда метавонад келинро дар ҳонаи завҷааш маскун кунад. Ба ибораи дигар, суд хонаи истиқоматии зану шавҳари ҷудошавандаро байни онҳо тақсим карда, келинро дар ҳамон хона маскун менамояд.
Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3076-2010-09-09-01-31-05.html
-
04.09.2026 00:51
507
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: Аз ормони ниёгон то Тоҷикистони муосир
-
02.09.2026 01:14
741
Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ
-
02.09.2026 01:09
622
Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+
-
08.05.2026 19:24
652
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
631
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
630
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
474
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
334
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
278
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
586
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1198
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1128
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
04.09.2026 00:55
285
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
351
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
29.08.2026 13:25
477
Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
-
03.09.2026 12:30
402
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
345
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
275
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
580
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
407
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
269
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
457
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
355
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
316
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
811
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2178
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2340
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
496
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2305
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1382
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
389
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
314
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
410
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
366
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
426
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
442
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?










































