ЭШОНИ САЙИДҶОН: МО ЭШОНУ МУЛЛОҲОИ ТАСОДУФӢ НЕСТЕМ!
Муҳаммад Сайидҷони Сорбон, ҷонишини марҳум муфтӣ Неъматзода, муфтии вилояти Хатлон, ва раиси шӯрои уламои ин вилоят, сархатибии кулли масоҷиди вилояти Хатлон ва собиқадори 15 каратаи Ҳаҷҷу 45 умра. Аз соли 1993 то ба имрӯз ҷонишини аввали раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аст. Ӯ соли 1992 имомхатиби масҷиди деҳоти ПулиСангини шаҳри Норакро бар ӯҳда доштааст ва дар ҳамин сол ӯро ба ҳайси имомхатиби вилояти Хатлон таъйин карданд. Номбурда, таълимоти диниро дар назди падари бузургворашон эшон Сорбонҷон аз худ кардааст ва худро аз шогиридони уламои шинохтаи асри гузашта низ медонад. Ӯ ягона писраи хонадонашон ҳаст, ки дар пайи касби падар рафтааст.
- Бобои эшон, солҳои тӯлониест, ки ба ҳайси муфтӣ ва сархатиби вилоят кор мекунед, мегуфтед, ки аъзои Шӯрои уламои вилояти Хатлонро чанд нафар ташкил медиҳад ва ҳамакунун чанд масҷиди ҷомеъ дар ин вилоят амал мекунад?
- Ба номи Худованди кариму раҳим. Дин як чизи бузурге ҳаст, ки мардумро ба роҳи нек ҳидоят мекунад. Шукри Худо, дар роҳи дин ходими мардум ҳастем. Шӯрои уламои вилояти Хатлонро 27 нафар аз имомхатибони донишманди вилоят ташкил медиҳад. Ёдрас мешавам, ки дар вилояти собиқ Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, ки ҳоло ҳар дуи онҳо бо номи Хатлон ёд мешаванд, то солҳои 92 ва 93-уми асри бист, ҳамагӣ 8 масҷиди ҷомеъ фаъолият мекард. Шукри Худо, ки дар замони истиқлолият, ҳоло дар вилояти Хатлон қариб 200 масҷиди ҷомеъ, беш аз 3000 масҷиди панҷвақта ва ду Мадрасаи мутавассита амал мекунанд.
-Шӯрои уламои вилояти Хатлон, барои мардум чи хизмат кардааст?
-Аввал ин ки, дар тӯли 18 соли кории ман дар вилояти Хатлон, аз тарафи ходимони масоҷид қонуншиканӣ хеле кам ба назар расидааст. Онҳо тибқи мазҳаби ҳанафӣ амал карда, ба қонунҳои амалкунандаи кишварамон низ арҷ мегузоранд. Агар риё нашавад, амри подшоҳ воҷиб аст гуфта, мо қариб якуним миллион сомонӣ ба ятимону бепарасторон дасти ёрӣ дароз кардем.
Вақте, ба ноҳияи Хуросон сел омаду чандин оилаҳо бесаробон монданд, Ҷаноби олӣ ба вилояти Хатлон омада, ба мо амр карданд, ки бобои Эшон, Шӯрои уламои вилоят зиёда аз 25 хона бо тамоми таҷҳизоташ сохта ба мардуми офатзада бисупорад, мо гуфтаи ӯро ба ҷо оварда, аз ҳисоби кисаи намозгузорони бисту панҷ ноҳияи вилоят, 25 хона сохта бо ҳама таҷҳизоташ ба онҳо супоридем. Вақте, ки саҳмияҳои «Роғун» ба фурӯш гузошта шуданд, мо аз аввалинҳо шуда ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ саҳмия харидорӣ намудем. Боз амр шуд, ки як мактаби миёна сохта диҳем, аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии худам барои 250 нафар муҳассил дар ноҳияи Ёвон мактаб сохта додем.
- Мадрасаи Шумо дар кадом ҳолат қарор дорад?
-Дар ҷои мо як мадраса аз солҳои навадуми асри гузашта ҳаст. Ҳар гоҳе, ки мехоҳем онро таъмир кунем як мусибат ё офате дар кишвар болои мардум меояд ва он боис мешавад, ки аз ниятамон гашта, ба ҷабрдидагон дасти кӯмак дороз кунем. ИншоА.. ҳоло талош дорем, ки як масҷиду як мадрасаи олӣ ва якто меҳмонхонаи замонавие бо номи «Шарқ» сохта дар хизмати мардуми шарифи вилояти Хатлон бигузорем.
- Оё Шӯрои уламои шумо гурӯҳи пажӯҳишӣ дар масоили фиқҳӣ дорад, ки ҳадди аққал як китоб ё мақолаеро рӯи чоп оварда бошад?
- Не, шӯрои уламои вилоят, то ҳол чунин кореро анҷом надодааст.
- Шӯрои уламое, ки шумо аз он раҳбарӣ мекунед ягон расонаи хабарӣ ё барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, дар ихтиёр дорад?
-Бачаҳои мо бисёр эҷодкори хуб ҳастанд аммо, фақат бо расонаҳои хабарӣ ҳамкорӣ дорему дар телевизиони вилоят баромад мекунем. Мо, кӯшиш дорем, ки бо истифода аз нерӯи зеҳнии худ дар ояндаи наздик дар телевизиони марказии вилояти Хатлон як барномаи пахши мустақими динӣ ташкил кунем, то аз ин тариқ ҳар ҳафта бо мардум дар иртибот бошем.
-Имрӯзҳо дар ҷомеаи динии мо сару садоҳои зиёде дар мавриди сатрпӯшии хоҳарон вуҷуд дорад, Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
-Мувофиқи гуфтаи китоби «Мухтасарулвиқоя», «Шарҳулвиқоя» ва «Ҳидояи шариф» сатри аврати занҳо аз гардан то буҷилаки пой аст, рӯйро пӯшонидан дар мазҳаби мо мумкин нест. Сатри мардҳо аз ноф то зону. Тарзи либоспӯшии мардону занони имрӯзаи мо мерос аз бобову бобокалонҳоямон мондааст. Агар бонувони азизи мо тибқи гузаштагони худ либоспӯшӣ кунанд, ба мақсад мувофиқ аст. Ба ақидаи ман, вақте, ки мо ояи каримаро мехонем:
«Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоъат кунед ва аз Расул ва сардорони хеш фармон баред» (сураи Нисон, ояи 59). Мо аз Худову Расул фармонбардорӣ мекунем, соҳибони ҳамин давру замонро бе ягон мамониат бояд, амрашонро ба ҷой биоварем. Боз ин ҷо ман шарт мегузорам. Ба шарте, ки соҳибони ҳамин давру замон ғайри қонуни ислом рафтор накунанд. Агар ғайри қонуни ислом рафтор кунанд, моро агар сарамонро бибуранд, ки розӣ нестем.
-Назари Шӯрои уламои Хатлон нисбат ба ҳамин воқеаҳои нохуши Рашт, ки дар натиҷаи он чандин ҷавони тоҷик қурбон гардид, чи гунааст?
-Аввал, ин ки ман бовар надорам, ки мардуми шарифи Раштонзамин ҳамин хел бошанд. Ҳатман, ин ҷо чизе норӯшан боқӣ мондааст, ки то ҳол онро намедонем. Шахсан худам ва дигар имомхатибони масоҷиди Хатлонро шарм меояд, ки нисбати мардум Раштонзамин забони талх кушоянд.
-Бобои эшон, ман бовар дорам, ки мардуми азияткашидаи мо аз ин мусибатҳо безор шудаанд, роҳи осонтаре низ вуҷуд дорад, ки дубора ба ин фитнаҳо ва саргардониҳо рӯй наоваранд?
- Роҳи ҳалли қазияи Раштро бояд худи роҳбарони ҳукуматии ноҳия ва рӯҳониёни шинохтаи он минтақа якҷо бубинанд. Худашон ба назди мардум бираванду минтақаи худашонро тинҷ кунанд. Шарт нест, чор салдати бечораро дар ҳар дара партофта, парронда, дар азобу машаққат бимонанд. Ҳамон одамони бо нуфузе, ки ном бурдам, аз ҳамин Дарбанд оғоз карда худашон зодгоҳашонро тинҷ кунанд. Ба ақидаи ман барои он ҳодисае, ки рух дод, Худову Расул ва ин ватан моро намебахшанд. Ба ҳамин хотир аз тамоми онҳо илтимос мекунам, ки аз аспи ҷаҳолат пойин шаванд ва ба қадри якдигар бирасанд, то фардои қиёмат касе домангири онҳо нашавад. Ҳамин мардум ҳайф мешаванд …
-Масъулияти як шахси рӯҳонӣ ба монанди раиси Шӯрои уламо дар ҳамин шабу рӯз дар қиболи мардум ва ҷомеа аз ҷи иборат аст? Чӣ касе бояд масъулият ва роҳбарии онҳоро бар ӯҳда дошта бошад?
- Масъулияти дину давлатдориро шахсе бар ӯҳда мегирад, ки монанди шоҳи одиламон мардумро ҷудо накунад. Мардумро ба гурӯҳҳо тақсим накунад. Шахсе бояд роҳбар ва пешво бошад, ки мардумро ҷудо накунад. Ғармию кӯлобӣ, ҳисорию хуҷандӣ накунад. Ин хел шахс пешво шуда метавонад, набошад, не. Ӯ бояд сиёсати диниву давлатдорӣ дошта ва соҳибнуфус бошад. Ба шарте, ки халқ дастгириаш бикунад.
- Шумо ҳамчун собиқадори соҳа ва сархатибу муфтии як вилоят, сабаби дуруштгӯӣ ва ифротгароии баъзе аз имомхатибонеро, ки дар минбари Расуле, ки ӯро ба ҷуз раҳмате ба ин дунё нафиристодаанд, истода умматони ӯ (с)-ро ба «дӯзахиву ҷаҳаннамӣ» ҳукм мекунанд, дар чӣ мебинед?
- Бояд, арз кунам, ки ман илми тамоми олимонро эътироф ва шахсияти онҳоро эҳтиром мекунам. Аммо, бо таассуфи зиёд бояд бигӯям, шояд онҳо дар ин бора «гунаҳ» надошта бошанд, зеро аксари онҳо дар кунҷи хона ва дар назди ҷаҳоннодидаҳо дарс хонда, пойбанди таълимот ва рафтори онҳо шудаанд. Ин ифротгароӣ ва ба «ҷаҳаннам» гуселкунии чунин хатибонро аз тангназарӣ ва камфаҳмию каҷфаҳмиашон мебинам, на чизи дигар.
Мусоҳиб Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3275-2010-10-04-05-29-10.html
-
20.10.2026 15:45
228
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
356
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
180
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
299
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
344
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
185
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
236
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
348
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
Ин мардак бечора саводи дурусти дини надорад. Вагарна аз китобҳои динни иқтибоси ҳалат намеовард
мулоҳиза кунед ки дар бораи ҳиҷоби занҳо мегуяд:-"Мувофи қи гуфтаи китоби «Мухтасарулвиқо я», «Шарҳулвиқоя» ва «Ҳидояи шариф» .... рӯйро пӯшонидан дар мазҳаби мо мумкин нест." . Ҳол онки дар мазҳаби ҳанафии мо дар бораи ин масала омадааст:في زممنا فمنع من الشابة إلا النظر لحاجة كقاض و شاهد يحكم و يشهد و أيضا قال في شروط الصلاوة تمنع الشابة من كشف الوجه بين الرحال لا لأنه عورة بل لخوف الفتنة (در المختار للشامي ، كتاب المراهية)тарҷум а: дар замони мо мутлақан ба тарафи зан нигоҳ кардан мамнуъ аст магар ин ки ҳоҷати шаръие вуҷуд дошта бошад,ки зарурат нигоҳ кардан ба тарафи зан афтад чун нигоҳи қози ва шоҳиде ки дар масалае дар бораи ин зан ҳукм кунад ва ё шаҳодат диҳад дар бораи шартҳои намоз бошад фармудаанд ки зани ҷавонро дар назди марди бегона кушодании чеҳра манъ аст на барои ин ки чеҳра дар сатр дохил аст ,балки барои ин ки фитна вуҷуд дорад
RSS Обуна