ХУТБАҲО ТАНЗИМ МЕШАВАНД, АММО ЧӢ ГУНА?
Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расонаҳо хабар додааст, ки дар якҷоягӣ бо Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ҳудуди 60 мавзӯъро барои ирои хутбаи имомхатибони масоҷиди ҷомеъи кишвар ҳамчун дастуруламали тавсиявӣ барои як сол пешниҳод намоянд.
Хабарнигори мо дар робита ба ҳамин мавзӯъ ба Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муроҷиат кард ва аз масъулини ин он пурсид, ки тафсилоти ин хабарро шарҳ диҳанд. Аз ин Шӯро ба ӯ гуфтанд, ки дар ин бора маълумоти дақиқе дар даст надоранд. Ноиби раиси Маркази исломии Тоҷикистон, Абдулбасир Саидов, низ аз тафсилоти 60 мавзӯъи дар боло зикргардида, изҳори беиттилоӣ кард. Замоне, ки бо баъзе аз имомхатибони пойтахт муроҷиат кардем, эшон ин иқдомро хуш напазируфтаанд. Чун ки ба қавли онҳо сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии онҳо аз якдигар тафовут дорад.
Ба гуфтаи Назар Раҳимов, сархатиби масҷиди ҷомеъи маҳаллаи Қазоқон чунин як иқдом ду сол пеш низ аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гирифта шуда буд, вале як маротиба ҳам ӯ дар ин хусус ба мавзӯъҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Шӯрои уламо рӯй наовардааст. Номбурда дар идома афзуд, ки бо гузашти чанд моҳ бинобар натиҷаи дилхоҳ надодани тарҳи мазкур иҷрои ин идея мавқуф гузошта шуд. Ба қавли дигарон Шӯрои уламо хост ба мисли дигар кишварҳо лаҷоми хутбаи имомхатибонро дар даст дошта бошад, вале ба ҳадафаш нарасид.
Минбари рӯзи ҷумъа амонат ва масъулият аст, на ҳама кас тавони бардошти чунин масъулият ва амонатрасониро дорад. Рӯзномаи “ИмрӯзNews”, ки сар аз оғози шурӯъи фаъолияти худ муддати ду моҳ бо аксари имомхатибони масоҷиди пойтахт дар хусуси хутбаи рӯзи ҷумъа сӯҳбатҳо дошт ва беш аз 10 хутбаи онҳоро рӯи чоп оварда буд, бо сабаби адами ҷасорат ва тавоноии имомхатибон барои чопи хутбаҳояшон аз идомаи ин тарҳ даст кашид.
Аксар имомхатибони масоҷиди ҷомеъи шаҳри Душанбе, ки намозгузорони шаҳрро дар рӯзи ҷумъа бо хутба ва мавъизаҳои худ пешвоз мегиранд, мавзӯъи хутбаҳои худро сатҳӣ ва як рӯз пеш аз ҷумъа муайян мекунанд. Аз ин ҷиҳат дар рӯзи ҷумъа ба мавзӯъи рӯз камтар аҳамият медиҳанд, ки аз ин кор намозгузорони масоҷиди марбута қаноатманд нестанд. Ҳангоми муроҷиат кардан ба имомхатибон доир ба мавзӯъи хутбаашон дар рӯзи ҷумъа, аксар вақт ба мо мегуфтанд, ки то ҳол мавзӯъро муайян накардаанд. Ба ҳамин хотир сӯҳбат кардан намехоҳанд. Онҳое, ки барои сӯҳбат кардан бо мухбири рӯзнома розӣ мешуданд, низ хутбаҳояшон сатҳӣ буд.
Охирин мулоқоте, ки “ИмрӯзNews” дар ин хусус бо сархатиби масҷиди ҷомеъи Алии Ҳамадонии пойтахт, Зайнидин Садридинов, доир ба хутбаи ироа мекардааш дар рӯзи ҷумъа доир намуд, Садридинов ҳангоме, ки дар пешниҳоди мавъизаи рӯзи ҷумъа оҷиз монд, ба хабарнигори “ИмрӯзNews” гуфт, ки бо сабаби он ки дафтари мавзӯъҳои тайёр кардаашро, ки ҳудуди 60 то 65 мавзӯъро дар бар мегирад, чанде пеш кормандони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутолиа кардан гирифтаанд, мавзӯъи хутбаи ҷумъаро дар сатҳи муносиб ва бо тартиб баён карда наметавонад, чун ки барои тайёр кардани як мавзӯъ ва дуруст омӯхтани он ҳадди ақалл ду рӯз лозим аст, то мавзӯъро бо вазъи замону макон ҳамоҳанг аз худ кунад.
Раиси Маркази исломии Тоҷикистон низ дар як нишасти худ бо имомхатибони ҷумҳурӣ таъкид карда буд, ки аксар имомхатибони кишвар масъулияти худро дар назди минбар ва мардум то ҳол дуруст дарк накардаанд, нигоҳи ҷомеъашиносӣ ва фиқҳи замону маконро ҳам ба таври бояд аз худ накардаанд. Масъалаи дуруст талаффуз кардни ояҳаи Қуръони карим ва риоя накардани аҳкоми таҷвид низ аз мушкилоти имомхатибони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Мушкили дигаре, ки имомхатибони кишвар доранд, дар якранг ва бе танавуъ будани хутба ва тарзи пешниҳоди мавзӯъ барои шунаванда аст. Чун дар ин рӯз мардум бо сатҳи мутафовути дониш ва ҷаҳонбинӣ барои адои намози ҷумъа ба масҷид ташриф меоранд, якранг ва бо яктарз пешниҳоди хутба намозгузоронро дилгир мекунад. Эшон аз хубиҳо ва муҳаббату дӯстдоштан камтар ҳарф мезананд ва аз азобу шиканҷа ва маҳкум кардан зиёдтар.
Хатибро лозим аст, ки аз эътидол кор бигирад. Тавре Худои карим мефармояд: «Бигӯ: «Чӣ касе либосҳоеро, ки Худо барои бандагонаш падид оварда ва хӯрданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?» Бигӯ : «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рӯзи қиёмат низ хосси онҳо бошад». Оёти Худоро барои доноён инчунин ба тафсил баён мекунем. Бигӯ : «Парвардигори ман, зишткориҳоро, чи ошкор бошанд ва чи пинҳон ва низ гуноҳону афзунӣ ҷустан ба ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром аст, чизеро шарики Худо созед, ки ҳеч далеле бар вуҷуди он нозил нашудааст ё дар бораи Худо чизҳое бигӯед, ки намедонед! (Аъроф, ояҳои 32-33».
Ба гуфти диншиносон, Расули Худо улгӯи тамоми мусалмонон ва хоса хатибонест, ки аз минбари Ӯ(с), умматонашро ҳамчун пешво раҳнамоӣ мекунанд. Ӯ (с), ҳангоми эроди хутбаҳояш аз услубҳои мухталиф кор мегирифт. Барои мисол, дар ривоёт ба ин маъно мехонем ҳангоме, ки Расули Худо(с) хутба эрод мекард чашҳояш сурху овозашон баланд ва ғазабашон боло мегирифт, гӯи ки лашкареро тарс медиҳад…
Амруллоҳи Низом, барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3875-2010-12-15-06-21-45.html
-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
305
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
350
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
237
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
574
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































