ОШӮРО РАМЗИ ОЗОДӢ
Имрӯз, 15-уми декабри соли 2010 баробар аст бо даҳуми моҳи муҳаррами солшумории ҳиҷрии қамарӣ. Имрӯзро боз рӯзи Ошӯро низ меноманд. Моҳи муҳаррам, моҳе, ки солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ бо он оғоз мешавад, дар фарҳанги диндорон ва ойинҳои суннатии онҳо ҷойгоҳи махсуси худро дорад.
Тибқи ривоятҳои таърихӣ дар ҳамин моҳ киштии Нӯҳ (а) аз тӯфон наҷот ёфт ва умматони Мӯсо (а) аз қавми бани Исроил низ дар рӯзи даҳуми муҳаррам аз Фиръавн раҳо шуданд. Барои шукргузорӣ аз ин неъматҳо умматон ва ҳаводорони диндорони мазкур рӯзи даҳуми ин моҳро, ки ба наҷот ва раҳоии дар боло зикршуда рост меояд, рӯза мегиранд. Мусалмонон барои фарқ гузоштан ва ибрози наздикбуданашон бо паёмбарони Улулъазм бар замми санаи даҳум рӯзи нуҳум ё ёздаҳумро низ бо пешниҳоди ҳазрати Муҳаммад (с) бар иловаи ошӯро рӯза мегиранд.
Дар фарҳанги исломӣ ин ошӯро яъне, рӯзи даҳум бо кушта шудани набераи Расули Худо(с) Имом Ҳусайн(р) тобиши дигар пайдо кард. Аҳли Кӯфа бо ваъдаҳо ва бевафогиҳои худ ба писари Алӣ ибни Абӯ Толиб, майдони Карбалоро ба саҳнаи муқовимат ва муборизаи ҳақ бар ботил табдил доданд. Дар ҳамин майдони хуношом хуни садҳо мусалмон ба ноҳақ рехта шуд ва Ҳусайн ибни Алӣ низ ҷоми шаҳодатро дар ҳамин ҷо нӯшид.
Карбало, ки то кунун ҷомаи азодориро аз тан барнакашидааст, дар ин айём ҳазорон ошиқ ва дилбохтаи озодманишон ҳар сол ва дар ҳамин рӯзҳо ҳазорон фардро дар сӯги Ҳусайн пазироӣ мекунад.
Дар баробари он ки пайравони Аҳли суннат дар ҷаҳон рӯза гирифтани рӯзи Ошӯроро аз суннатҳои мусатаҳаббае медонанд, ки сабаби бахшоиши гуноҳони сағира(хурд)-и анҷом дода дар як соли пеш мешаванд, аҳи шиа ин рӯзро ба хотири азодориашон дар сӯги Имом Ҳусайн ба худ ноҷоиз ҳатто баъзе донишмандони эшон онро ба дараҷаи ҳаром расонидаанд.
Дар мавриди чанд нафар будани ёрони Ҳусайн дар ин маърака низ донишмандони Аҳли суннат бо ҳамтоёни шиъии худ ихтилофи назар доранд. Ба гуфтаи донишмандони шиъӣ ёрони ҳамагӣ 72 нафарро ташкил медоданд, аммо донишмандони Аҳли суннат бо истинод ба сарчашмаҳои мӯътаммади таърихӣ ҷамъи ёрони Ҳусайнро аз марзи 77 нафар убур намуда унвон карданд ва ҳазфи беш аз панҷ нафари дигарро таҳриф дар сафаҳоти таърих медонанд.
Бо ин вуҷуд чун майдони муқовамате, ки дар саҳни Карболо баргузор шуда буд, аз нигоҳи донишмандон ва мутафаккирони ҷаҳон бо шумули ғайри мусалмонон баҳои арзандаи худро дорад. Ба ҳамин хотир хостем, фикри чанд тан аз андешамандони ҷаҳонро , ки аз пойгоҳи «тибйон дот нет» гиридоварӣ шудааст, таҳия ва пешкаши хонанда намоем:
- Маҳатма Гандӣ (раҳбари фақиди Ҳинд): Ман зиндагии Имом Ҳусайн; он шаҳиди бузурги исломро ба диққат хондаам ва таваҷҷӯҳи кофӣ ба сафаҳоти Карбало намудаам ва бар ман рӯшан шуда аст, ки агар Ҳиндустон бихоҳад як кишвари пирӯз гардад, бояд аз Имом Ҳусайн пайравӣ кунад.
- Муҳаммадалии Ҷиноҳ (қоиди аъзами Покистон): Ҳеҷ намунае аз шуҷоат, беҳтар аз он ки Имом Ҳусайн аз лиҳози фидокорӣ ва таҳаввур нишон дод, дар олам пайдо намешавад. Ба ақидаи ман, тамоми муслимин бояд аз сармашқи ин шаҳиде, ки худро дар сарзамини Ироқ қурбонӣ кард, пайравӣ намояд.
- Чарльз Диккенс (нависандаи машҳури англисӣ): Агар манзури Имом Ҳусайн ҷанг дар роҳи хостаҳои дунёӣ буд, ман намефаҳмам чаро хоҳарону занону фарзандонаш ба ҳамроҳи ӯ буданд? Пас ақл чунин ҳукм менамояд, ки ӯ фақат ба хотири Ислом, фидокории худро анҷом дод.
- Эдвард Браун (мусташриқи машҳури англисӣ): Оё қалбе пайдо мешавад, ки вақте дар бораи Карбало сухан мешавад, оғӯшта бо ҳузну алам нагардад? Ҳатто ғайри мусалмонон низ наметавонанд покии рӯҳеро, ки дар ин ҷанги исломӣ дар таҳти ливои он анҷом гирифт, инкор кунанд.
- Фридрих Ҷеймс: Дарси Имом Ҳусайн ва ҳар қаҳрамони шаҳиди дигаре ин аст, ки дар дунё усули абадии адолат ва тараҳҳум ва муҳаббат вуҷуд дорад, ки тағйирнопазиранд ва ҳамчунин мерасонад, ки ҳар гоҳ касе барои ин сифатҳо истодагӣ кунад ва дар роҳи он пофишорӣ намояд, он усул ҳамеша дар дунё боқӣ ва пойдор хоҳад монд.
- Томас Масарик: Гар чи кашишони мо ҳам аз зикри мусибатҳои ҳазрати Масеҳ мардумро мутаассир месозанд, вале он шӯру ҳаяҷоне, ки дар пайравони Ҳусайн ёфт мешавад, дар пайравони Масеҳ ёфт нахоҳад шуд ва гӯё сабаб ин бошад, ки мусибатҳои Масеҳ дар баробари мусибатҳои Ҳусайн монанди пари каҳе аст дар муқобили як кӯҳи азимпайкар.
- Морис Докебри: Дар маҷолиси азодории Ҳусайн гуфта мешавад, ки Ҳусайн барои ҳифзи шарафу номуси мардум ва бузургии мақому мартабаи Ислом, аз ҷону молу фарзанд гузашт ва зери бори истеъмор ва моҷароҷӯии Язид нарафт. Пас биёед мо ҳам шеваи ӯро сармашқ қарор дода, аз зери дасти истеъморгарон халосӣ ёбем ва марги бо иззатро бар зиндагии пур аз разолат тарҷеҳ диҳем.
- Профессор Марбин (ховаршиноси олмонӣ): Ҳусайн бо қурбонӣ кардани азизтарин афроди худ ва бо исботи мазлумият ва ҳаққонияти худ, ба дунё дарси фидокорию ҷонбозӣ омӯхт ва номи Ислом ва исломиёнро дар таърих сабт кард ва дар олам баландовоза сохт. Ин сарбози рашиди олами Ислом ба мардуми дунё нишон дод, ки зулму бедоду ситамгарӣ пойдор нест ва бинои ситам ҳар чӣ зоҳиран азиму устувор бошад, дар баробари ҳаққу ҳақиқат чун пари каҳе бар бод хоҳад рафт.
- Бинтуш-шотӣ: Зайнаб, хоҳари Ҳусайн ибни Алӣ лаззати пирӯзиро дар коми Ибни Зиёд ва Бани Умайя хароб кард ва дар ҷоми пирӯзии онон қатраҳои заҳр рехт, дар ҳамаи ҳодисаҳои сиёсии пас аз Ошуро, ҳамчун қиёми Мухтор ва Абдуллоҳ ибни Зубайр ва суқути давлати умавиён ва барпоии ҳукумати аббосиён ва ... Зайнаб қаҳрамони Карбало нақши барангезанда дошт.
- Ҷорҷ Ҷурдоқ (донишманд ва адиби масеҳӣ аз Лубнон): Вақте Язид мардумро ташвиқ ба қатли Ҳусайн ва маъмур ба хунрезӣ мекард, онҳо мегуфтанд: “Чӣ маблағ медиҳӣ?”. Аммо ёрони Ҳусайн ба ӯ гуфтанд: Мо бо ту ҳастем. Агар ҳафтод бор кушта шавем, боз мехоҳем дар рикобат ҷанг кунем ва кушта шавем.
- Аҳмад Маҳмуд Субҳӣ: Агар чӣ Ҳусайн ибни Алӣ дар майдони низомӣ ё сиёсӣ шикаст хӯрд, аммо таърих ҳаргиз шикастеро суроғ надорад, ки мисли хуни Ҳусайн ба нафъи шикастхӯрдагон тамом шуда бошад. Хуни Ҳусайн, инқилоби писари Зубайр ва хуруҷи Мухтор ва наҳзатҳои дигарро дар пай дошт, то он ҷо ки ҳукумати умавӣ соқит шуд ва нидои хунхоҳии Ҳусайн, фарёде шуд, ки он тахтҳо ва ҳукуматҳоро ба ларза даровард.
- Сайкс (ховаршиноси англисӣ): Ҳақиқатан он шуҷоату диловарӣ, ки ин гурӯҳи андак аз худ буруз доданд, ба дараҷае буда аст, ки дар тамоми ин қарнҳои гузашта ҳар касе онро шунид, беихтиёр забон ба таҳсину офарин кушод. Ин як мушт мардуми далери ғайратманд, номе баланди заволнопазир барои худ то абад боқӣ гузоштанд.
- Абдулҳамид Ҷавдатус-саҳҳор (нависандаи мисрӣ): Ҳусайн наметавонист бо Язид байъат кунад ва ба ҳукумати ӯ тан бидиҳад, зеро дар он сурат бар фисқу фуҷур сиҳҳат мегузошт ва аркони зулму туғёнро муҳкам мекард ва бар фармонравоии ботил тамкин менамуд. Имом Ҳусайн ба ин корҳо розӣ намешуд, гар чӣ аҳлу аёлаш ба асорат афтанд ва худ ва ёронаш кушта шаванд.
- Аллома Тантовӣ (донишманд ва файласуфи мисрӣ): (Достони ҳусайнӣ) ишқи озодагонро ба фидокорӣ дар роҳи Худо бармеангезад ва истиқболи маргро беҳтарин орзуҳо ба шумор меоварад, чандон ки бар шитоб ба қурбонгоҳ, бар якдигар пешӣ ҷӯянд. Оре, ба он чи хоста буд ва балки ба беҳтар аз он, комёб гардид.
Амруллоҳи Низом, барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3882-2010-12-15-11-30-11.html
-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
302
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
346
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
186
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
236
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































