КИТОБИ МАВЪИЗАҲО БАРОИ ИМОМХАТИБОН ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, дирӯз, 10 январ дар нишасти хабарии худ иттилоъ дод, “сатҳи дониши на ҳамаи имомхатибон, ки имрӯз сокинон аз қафояшон намоз мегузоранд, ба талабот, ҳам аз назари қонуни давлат ва ҳам аз нигоҳи шариат ҷавобгӯ мебошад.” Вай афзуд: «Аз ин хотир, ба аксари онҳо мӯҳлат муайян карда шуд, то тавонанд дониши худро васеъ кунанд».
Бо дарназар дошти он ки баъзе манотиқи кишвар илова бар тоҷикзабонон ақаллиятҳои миллатҳои ӯзбектабор ва қирғизу туркман ва ғайра дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ҳангоми хутбахонӣ бо забони худ ҳарф мезананд, Абдураҳим Холиқов, аз сатҳи забони тоҷикидонии иддае аз имомхатибон интиқод кард ва гуфт, “бархе аз онҳо ба забони давлатӣ озодона ҳарф зада наметавонанд.”
Қайд карда шуд, ки барои имомхатибон китоби “Мавъиза”-ро дар ҳаҷми 140 саҳифа, омода кардаанд, ки дар он хутбаҳои тавсиявӣ барои онҳо пешниҳод шудааст. Онҳое, ки ин тавсияномаро риоя намекунанд аз ҷониби мақомоти зикр гардида барояшон “муҷозоте пешбинӣ нашудааст”, гуфт, Холиқов.
Таъкид шуд, ки ҷиҳати ба қайдгирии иттиҳодияҳои динӣ Кумита, Феҳристи ягонаи умумидавлатии ба қайдгирии иттиҳодияҳои диниро таҳия намуд, ки дар натиҷаи он то 29 декабри соли 2010 дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 3347 масҷиди панҷавақта, 327 масҷиди ҷомеъ, 31 масҷиди ҷомеъи марказӣ, як мадрасаи мутавассита, Маркази исломии Тоҷикистон, як ҷамоатхона ва 74 иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудаанд. Холиқов, афзуд, минбаъд, аз рӯи ин феҳристи ягонаи умумидавлатӣ ба қайдгирии иттиҳодияҳои динӣ идома хоҳад ёфт.
Номбурда дар идома гуфт: «Айни ҳол ҳуҷҷатҳои 10 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 14 масҷиди ҷомеъ ва 65 масҷиди панҷвақта дар ҳолати бозомӯзӣ ҳастанд, ки рӯзҳои наздик онҳо ҳам аз қайд мегузаранд ва ба феҳристи ягонаи иттиҳодияҳои динӣ ҳамроҳ карда мешаванд».
Дар хусус донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои исломӣ дар ин нишаст зикр гардид, ки дар маҷмӯъ 2115 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадориси кишварҳои исломӣ таҳсил мекард ва то ҳол 1436 тан аз онҳо ба ватан баргаштанд ва ҷиҳати бозпасовардани дигарон корҳои лозимӣ давом дорад.
Дар робита ба муҳасиллини мактабҳои ҳамагонии кишвар изҳори нигаронӣ кард, ва гуфт, «Дар натиҷаи рейдҳои гузаронида шуда муайян карда шуд, ки теъдоди зиёди макатбачагон ҳангоми дарсҳо мактабҳоро тарк гуфта, ба иттиҳодияҳои динӣ ҷалб карда мешаванд. Ҳам ба иттиҳодияҳои динии исломӣ ва ҳам ба иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ. Аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ лагерҳои махсусгардонидашудае таъсис дода шудааст, ки бидуни огоҳии волидон онҳоро ба динҳои мухталиф ҷалб менамоянд.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин дар посух ба ин соули, ки соли 2010 Душанбе маркази фарҳангии пойтахтҳои кишварҳои исломӣ элон карда шуд ва ин шонсе, ки мо барои муаррифии худ миёни кишварҳои исломӣ доштем истифода шуд ё не?
азҷумла гуфт, ки «корҳое чун нашри асарҳои динӣ ва тарҷимаи Қуръон ҳамчун ҳадяи президент анҷом шуд. Кишварҳои исломӣ дар дастгирӣ намудани пружаҳои иқтисодии кишвар ҳусни таваҷҷӯҳ кардаанд. Ҳоло гуфтугӯҳо байни идора ва вазоратҳои дахлдор рафта истодааст. Мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи исломӣ муносибатҳои дӯстонаву ҳасана дошт ва минбаъд ҳам онҳо бояд инкишоф ёбанд».
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4116-2011-01-11-03-38-46.html
-
20.10.2026 15:45
228
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
356
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
180
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
299
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
344
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
185
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
236
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
348
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































