ИСЛОМ ВА РОҲҲОИ ШОД ЗИСТАН!
Ислом тафреҳ ва нишотро аз ҷумлаи ниёзҳои ғаризӣ дар инсон медонад ва аз ин рӯ касби шодкомиро на танҳо мазаммат намекунад, балки бадон тарғиб ва ташвиқ низ менамояд. Нуктаи асосие дар ин миён он аст, ки ислом ҳар навъ лаззат ва шодиро таъйид намекунад, балки шодиҳоеро мавриди таъйид ва тарғиб қарор медиҳад, ки битавонад ба рушд шахсияти одамӣ ёрӣ расонад ва аз ғафлати ӯ дар ҳавову ҳавасҳо ҷилавгирӣ намояд. Дар ин навиштор ба баррасии бархе аз роҳҳои шодзистан ишора мекунем, ки аз назари ислом мавриди таъйид қарор гирифтанд.
Роҳҳои шодзистан
Ҳамаи мо дар зиндагӣ ба дунбони хушбахтӣ ва саъодатмандӣ ҳастем. Шодӣ ва нишот дар зиндагӣ аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки эҳсоси ризоиятмандӣ ва хушбахтиро барои инсон ба армуғон меорад. «Ханда» тазоҳури берунӣ ва зоҳирии халқ аст, ки сабаби оромиш ва нишоти дарунӣ мегардад. Ҳазрати Алӣ (к) фармудаанд: «Монанди занбӯр бошед». Яъне даҳони дигаронро ширин кунед ва бо шодӣ коми дигаронро шод нигаҳ доред. Таҳқиқотҳо нишон дода аст, ки ханда натанҳо сабаби нишоти афрод мегардад, балки гарави саломатии онҳо низ мебошад. Ханда системаи худмуҳофизаткунии баданро нерӯ мебахшад ва тавоноии бадан дар баробари уфунатро афзоиш медиҳад.
Аз тарафи дигар ханда сабаби коҳиши сатҳи ҳурмунҳои стрессзо шуда ва таъсиргузории онҳо бар рӯи системаи худмуҳофизаткунии бадан ҷилавгирӣ мекунад. Ҳунари шод будан ва шод зистан мусталзали тавоноии хандидан ба мушкилот дар кӯтоҳтарин замони мумкин пас аз вуқӯъи онҳост. Аз ин рӯ дар дастуроти динии мо тавсия шудааст, ки ҳамвора табассумгар ва хандарӯ бошем то ҷое, ки аз нишонаҳои мӯъмин ханда дар чеҳра ва ҳузн дар қалб шумурда аст. Ба таъбири дигар, аз ҷумлаи роҳҳои шод зистан он аст, ки инсон талош кунад ҳамвора лабханд бар лаб дошта бошад ва чеҳраи кушода ва хандонрӯ ба худ бигирад, ҳарчанд дар қалби худ ғам ва андӯҳеро қарор додаст.
Хандаҳои дуруст ва ҳисобӢ!
Аммо аз сӯи дигар мӯъминонро аз қаҳқаҳ задан манъ мекунад ва онро аз амалҳои шайтон медонад. Дар воқеъ он чӣ аз тарафи ислом мавриди писанд қарор гирифтааст «хандаҳои дуруст ва ҳисобӣ» аст. Хандаҳои баланд ва ба таъбире қаҳқаҳа аслан мавриди қабул ва писанди ислом нест ва чӣ басо аз он манъ шудааст. Аз сӯи дигар ислом меписандад, ки мӯъминон дар канори канори якдигар гул бигӯянду гул барин бишкуфанд, биханданд ва шод бошанд. Аммо ҳаргиз иҷоза намедиҳад бо истеҳзо ва тамасхури якдигар шод шаванд ва лабханд ба лаб биоранд! Ба иборати дигар, тавсияи ислом бо ҳам хандидан асту на ба ҳам хандидан! Пас аз ин побанди он бошем, ки гуфтанҳо ва даври ҳам нишастанҳоямон бештар шавад ва ҳеч гоҳ ба ғайбат ва истеҳзои дигарон олӯда нашавем.
Ёди Худованд, зикри Аллоҳ як роҳкори мутмаин аст
Аз дигар роҳҳое, ки барои шод зистан дар ислом тавсия мешавад, ки дар воқеъ муҳимтарин роҳ ва итминонбахштарин роҳкор аст, зикр Аллоҳ ва ёди илоҳӣ аст, ҳамчунон, ки дар ояи шарифа мефармояд: «огоҳ бошед, ки (танҳо) бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбанд», (Раъд, ояи 21). Итминони қалб ва оромиш бо зикри Худованд сабаб мешавад дағдағаҳо ва мушкилоти зиндагӣ аз инсон дурр шавад ва дигар изтироб ва нороҳатӣ ӯро саргардон нанамояд ва бо нишоти дарунӣ ва шодии воқеъӣ корҳои худ ба анҷом бирсанонад.
Касе, ки ҳамвора таваҷҷӯҳ мекунад, ки қудрате бартар ва Худое меҳрубон ӯро мебинад ва ба ӯ кӯмак мекунад нишот ва шодии худро аз даст намедиҳад, балки ҳамеша ба дунболи ҷалби ризоиятмандии Ӯст. Барои тамрин ба ин таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ ба қудрати лоязоли илоҳӣ таваҷҷӯҳ ба вожаи «Рабб» метавонад кӯмаккунанда бошад. Рабб, яъне Парвардгор ва танҳо касе, ки Парвардагораст, ки дар ҳама умури зиндагӣ аз хӯрдану хобидан гирифта то гирифтани тасмимҳои бузург ва муҳим дар умури зиндагӣ, ҳамаро тадбир мекунад ва инсонро мепарваронад! Бинобар ин чӣ ҷои андӯҳгин ва нороҳат шудан аст, ки Худое ба ин меҳрубонӣ ёр ва ёвари мост!!!
Силаи раҳим ва рафту омади хонаводагӢ
Силаи раҳим низ аз роҳҳои шод зистан аст. Бинобар ривоёти исломӣ силаи раҳим яке аз сабабҳои афзоиши умр аст ва ин шояд натиҷаи тахлияи равонии инсонҳо дар асари диду боздид ва гуфтугӯ бо якдигар бошад. Беҳтарин силаи раҳим аз худи аъзои хонавода шурӯъ мешавад ва ҳастаи марказии он зан ва мард қарор доранд. Вақте зану мард дар канори ҳамдигар бинишинанд ва бо якдигар сӯҳбат ва гуфтугӯ намоянд ва дар умури зиндагӣ ҳамандешӣ кунанд, метавонанд мутмаин бошанд, шодӣ ва нишот дар як қадаме аз хонаи онҳост! Зеро илова бар он ки дар мушкилот ва сахтиҳои рӯзгор, ки метавонад шодиро аз онҳо бигирад, ба пушти гармии якдигар дилхушанд. Худованд ба воситаи рифқ мадоро ва муҳаббат миёни онҳо тавсеа ва кушоиш дар зиндагиашон эҷод мекунад, ки ғаму андӯҳро аз миён мезудояд ва нишоту шодкомӣ меҳмони хонаи онҳо мешавад.
СабурӢ кун сабурӢ
Сабур будан аз калидҳои тиллоӣ дар зиндагии инсон аст. Ончӣ сабаб мешавад шодӣ аз зиндагӣ рахт барбандад ва изтиробу нороҳатӣ ҷогузини он шавад, он аст, ки инсон дар баробари мушкилот сабр накунад. Бинобар ин сабур будан аз ҷумлаи роҳкорҳои шодкомӣ дар зиндагӣ ба шумор меравад. Албатта, сабр кардан масодиқи мутаъадиде дорад, ки сабр дар баробари мушкилот яке аз он аст. Мисдоқи дигари сабр кардан ва сабур будан, сабр дар баробари бемориҳо ва дардҳои ҷисмонӣ аст. Нороҳатиҳои ҷисмӣ аз омилҳоест, ки шодиро аз инсон мерабояд.
Бо сабур будан дар борабари ин дардҳо ва бемориҳо ва таваҷҷӯҳ ба сиҳатдиҳанда ва шифодиҳандаи воқеъӣ, ки Худованд аст, метавонад шодкомиро дубора ба даст оварад. Он чунон Қуръони карим аз забони ҳазрати Иброҳим (а) мефармояд: «Ӯ Худоест, ки вақте бемор шавам, маро шифо медиҳад». Яке дигар мисдоқҳои сабур будан, сабр дар баробари гуноҳ аст. Нофармонии Худованд аз он ҷое, ки бо фитрати инсонӣ носозгорӣ дорад, сабаб мешавад, ки инсон бо анҷоми гуноҳ ва нофармонии илоҳӣ ба азоби виҷдон ва нороҳатиҳои дарунӣ мубтало шавад.
Дар бархе аз маворид ва дар бархе аз гуноҳон ин азоби дарунӣ ба ҳадде мерасад, ки ҳама зиндагии фардро мухтал мекунад ва ӯро аз ҳастӣ соқит менамояд. Аммо камтарин ҳадди он низ он аст, ки шодӣ ва нишоти дарунии ӯро зоил менамоянд. Албатта, дар ҳини анҷоми гуноҳ мумкин аст лаззат ва нишоти дурӯғин фардро дар бар гирад, аммо пас аз он, гирифтори ранҷ ва гирифтори гуноҳ мешавад ва аз оромиш ва нишоти дарунӣ тиҳӣ мегардад. Роҳҳои дигаре дар ислом барои шодкомӣ ва шод зистан низ вуҷуд дорад, вале мо онҳоро дар матолиби баъдӣ хоҳем гуфт…
Амруллоҳи Низом, барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4168-2011-01-16-10-44-59.html
-
20.10.2026 15:45
231
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
211
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
795
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
289
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
311
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
198
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
358
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
238
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
574
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
Хар айб агар аст дар мусулмонии мост.
Сад фоиз гап дуруст!!!
RSS Обуна