АЗ САҲНА БА МАСҶИД: ОЁ МУСИҚӢ БО ИСЛОМ ТАНОҚУЗ ДОРАД?
Меҳрубони Равшан, овозхони тоҷик, ба далели ба арзишҳои исломӣ рӯй оварданаш тасмим гирифтааст саҳнаро тарк кунад. Вай мегӯяд, ки қасд дорад дар оянда машғули тиҷорат шуда ва танҳо оҳангҳои мазҳабӣ иҷро кунад. Оқои Равшан мӯътақид аст, ки иҷрои оҳангҳои мудерн тибқи арзишҳои исломӣ гуноҳ маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки ахиран чанде аз овозхонони саршиноси дигар низ ба далоили мушобеҳ саҳнаро тарк кардаанд.
Гуфта мешавад Маликаи Сайидзод, овозхони маъруф, низ, ки дар гузашта аз маҳбубияти зиёде дар миёни алоқамандони таронаҳояш бархурдор буд, баъд аз сафари ҳаҷ ҳиҷоб пӯшида, саҳнаро тарк карда ва ҳоло машғули тиҷорати либоси исломӣ барои бонувон аст. Гузашта аз ин, бархе аз овозхонҳо баъд аз сафари ҳаҷ ба номҳои худ тахаллуси “Ҳоҷӣ” гирифтаанд. Вале бо ин вуҷуд, тарки касби худ накарданд. Ба унвони мисол, Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ ва ё Ҳоҷӣ Ҷӯрабеки Мурод ҳамчунон машғули овозхонӣ ҳастанд.
Меҳрубони Равшан дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки беш аз чаҳор сол аст, ки ба ислом рӯй оварда ва дарк кардааст, ки шуғли овозхонӣ "кори дурусте набудааст." Вай афзуд: "Ҳама шаб дар маросими мухталиф овозхонӣ мекунем, ки он ҷо бонувони зиёде рақсу майнӯшӣ мекунанд. Ин ҳама гуноҳ аст ва мо беихтиёр дар он мушорикат мекунем. Тасмим гирифтам, ки овозхониро батадриҷ қатъ кунам ва ба тиҷорат машғул шавам."
Бо ин вуҷуд, оқои Равшан мехоҳад, ки дар оянда таронаҳои мазҳабӣ иҷро кунад ва ҳоло машғули таҳияи як барномаи вижаи мазҳабӣ будааст. Вай ҳамчунин хабар дод, ки тайи чаҳор соли ахир аз фарорасии соли нави мелодӣ таҷлил намекунад, зеро "ин амр дар ислом мамнӯъ аст." Фурқати Саид, овозхони тоҷик ва раҳбари гурӯҳи “Шашмақом” дар кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳоло миёни ҷавонони мазҳабӣ ва овозхонон дар мавриди мамнӯъ будан ё набудани мусиқӣ дар ислом баҳсҳои тунде сурат мегирад.
Вай афзуд: “Мутмаинам ислом наметавонад ҷудо аз мусиқӣ бошад. Зеро оятҳои Қуръон низ дар қолаби арӯз иҷро мешаванд. Мушкил ин аст, ки бисёре аз овозхонони ҷавон таронаҳоеро иҷро мекунанд, ки аз завқи пойини онҳо гувоҳӣ медиҳад."
Оқои Саид гуфт, ки худ низ дар ҷавонӣ таронаҳоеро иҷро кардааст, ки аз иҷрои онҳо акнун "шарм медорам" ва онҳоро аз барномаҳояш лағв кардааст. Вай афзуд: "Ба ин далел, ба “Шашмақом” рӯй овардам, зеро дар ин қолаб таронаҳое иҷро мешаванд, ки мухолифи одоб ё ахлоқи исломӣ нестанд."
Акбари Тӯраҷонзода, аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабии Тоҷикистон, мегӯяд, ки шунидани ҳар гуна оҳанг ва ё таронае, ки "барангезандаи фаҳш" набошад, дар ислом мамнӯъ нест. Оқои Тӯраҷонзода низ бар ин назар аст, ки ислом наметавонад аз таронаҳои суннатӣ, ки бар осори шоъирони клосик иҷро мешаванд, сарфи назар кунад: "Шеърҳои Ҳофизу Саъдӣ ва Камолу Бедил инсонро тарбият ва ба андеша даъват мекунанд ва таронаҳое, ки бар пояи осори ин адибон иҷро мешаванд, бо арзишҳои исломӣ муғойир нестанд."
Ҳарчанд бархе аз уламои мазҳабӣ иддаъо доранд, ки шунидани ҳар гуна мусиқӣ мамнӯъ мебошад, вале Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, ки ҳатто парвардигор иҷрои таронаҳо дар маросими арӯсиро раво донистааст. Вай афзуд: "Шарт нест ҳамаи таронаҳо илоҳӣ бошанд, шунидани таронаҳо дар бораи зебоӣ, табиъат ва арзишҳои дигари инсонӣ низ мамнӯъ нашудааст."
Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҷавонони мазҳабӣ дар Тоҷикистон ҳоло аз шунидани ҳар гуна мусиқӣ ва таронаҳо худдорӣ мекунанд ва ин корро "ҳаром" медонанд. Вале ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, чунин бархӯрди ҷавононро метавон то ҳадде ифрот ё ҷаҳл номид. Ба ақидаи вай, ин мушкил аз камбуди дониши мазҳабӣ маншаъ мегирад.
Аз оқои Тӯраҷонзода суол кардам, ки агар дар маросиме ширкат дошта бошад ва дар он ҷо таронаҳое иҷро шаванд, ки онҳоро вай мамнӯъ медонад, чи гуна рафтор хоҳад кард? Оқои Тӯраҷонзода гуфт: "Агар манзуратон ҳамон таронаҳои "сӯхтам-пухтам" бошад, ва агар имонам қавӣ бошад, бояд он маҳфилро тарк кунам."
Фаридун Ҳодизода, коршинос дар умури адён, бар ин назар аст, ки бисёре аз ҷавонони мазҳабии Тоҷикистон аз касе шунидаанд, ки мусиқӣ дар ислом мамнӯъ аст ва бидуни далеле аз ин амр пайравӣ мекунанд. Вай афзуд: "Наметавонам бигӯям, ки ин ифрот аст, вале ин нишонаи максимализми мазҳабиёни навпо мебошад."
Ба гуфтаи вай, дар ислом таронахонӣ ҳеҷ гоҳ мамнӯъ набудааст ва овозхонии Довуд, яке аз пайғомбарон, ки аз садои хуше бархурдор буд, далели ин амр аст. Оқои Ҳодизода мегӯяд, ки инкори мусиқӣ ва овозхонӣ дар ислом баъд аз инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 оғоз шуд. Вай гуфт: "Он замон Оятулло Хумайнӣ мусиқиро афюн хонд. Вале бо гузашти солҳо дар Эрон аз ин амр даст кашиданд ва ҳоло гурӯҳҳои бисёри мусиқии поп дар ин кишвар фаъол ҳастанд."
Оқои Ҳодизода мӯътақид аст бархе аз овозхонҳои тоҷик, ки "ҳунари овозхониашон ба марҳилаи поёнӣ ё таназзул расидааст" ва дигар маҳорати бештаре аз ин надоранд, барои рӯйпӯш кардани ин вазъи худ ба ислом рӯй оварданро баҳонаи тарки саҳна мехонанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Фурқати Саид, овозхони тоҷик, мавориде низ вуҷуд дорад, ки овозхонҳо, бахусус ҳунармандони зан, таҳти фишори ҷомеъа ба тарки саҳна водор мешаванд.
Ба унвони мисол, оқои Саид гуфт мӯътақид аст, ки пас аз сафари ҳаҷ мардум ба Маликаи Саидзод фишор овардаанд, то вай "тибқи муқаррароти исломӣ" овозхониро тарк кунад кунад ва бояд ҳиҷоб бипӯшад. Аммо худи хонуми Саидзод мегӯяд, ки сафари ҳаҷ зиндагии ӯро иваз кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4196-2011-01-19-11-37-15.html
-
20.10.2026 15:45
231
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
795
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
308
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
353
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
238
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
574
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ












































Шарҳҳо
munakisi ehsosoti qadima va hozirai in mardum meboshad
Mehrubon agar Musiqie ki dar dilash jo nadorad tark karda boshad in
tundravi nest balki in yak hissi
tozagii imon e bolo budani hissi
akhloqii uro nishon medihad
Oe tojik hamone nest ki ba Buhkoriu Muslim Rudakiu Saadiu Hofizu
Bedilu Zebunniso ba sahnai hayot barovarda tamomi olamro akhloq omukht
Holo in merosi garonbahoe ki guzashtagoni mo onro bo hayoti khud kharida budand zeri poi raqosahou hofizoni tyigard monda ast
Mehrubon barin javononi musulmon metavonand boz merosbari on niegoni pok boshand
RSS Обуна