ТАҲТИ ТАЪСИРИ МАНОЗИРИ ШАҲВАТАНГЕЗ ҚАРОР МЕГИРАМ, ЧӢ БОЯД КАРД?
Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ ба суолҳо
Суол: Ман як донишомӯзи дабиристон (мактаби ҳамагонӣ) ҳастам. Динро дӯст дорам ва ба ибодат рӯй меоварам. Вале як мушкил дорам. Он инаст, ки бо дидани ҳаргуна манозири шаҳватангез ба суръат таҳрик мешавам ва аксуламал нишон медиҳам. Қодир ба контроли худ нестам ва ин қазия муҷиб мешавад, ки ба хотири зиёд ғусл кардан ва шустани либосҳои зер дар машаққат ва сахтӣ қарор гирам. Оё ҳазрати олӣ як роҳи ҳалли фаврӣ барои ин мушкил доред, то ман бештар битавонам ҳофизи дин ва ибодати худ бошам?
Ҷавоб: Аввалан, ба ин суолкунандаи ҷавон ба хотири нигариши маҳками диние, ки дорад, табрик мегӯям ва аз ӯ мехоҳам, ки тамассук ва таваҷҷӯҳи комил ба дин дошта бошад ва худро аз ҳамнишинони бад дур созад. Ва дар муқобил ҷараёни модигароӣ ва бебандуборӣ, ки бисёре аз ҷавонони моро фосид намудааст, истодагӣ намояд. Ба эшон башорат медиҳам, ки дар зумраи ҳафт гурӯҳест, ки зери сояи лутф ва раҳмати Худованд қарор доранд, дар рӯзе, ки ҳеч сояе ҷуз сояи Ӯ нест, модоме, ки бо ин шева дар тоат ва ибодат Парвардгор нашъу намо ёбад.
Сониян, ба суолкунанда тавсия мекунам, ки ба пизишки мутахассис муроҷиат намояд, чӣ басо мушкили эшон як мушкили андомии маҳз бошад, ки бо таҷвизи дорӯ тавассути пизишки ҳозиқ, ин мушкил бартараф гардад. Худованди мутаъол мефармояд: “Агар намедонед аз олимон бипурсед” (Наҳл, ояи 43). Паёмбар (с) мефармояд: “Худованд беморӣ ва дардеро нафиристода ҷуз ин ки шифое барои он фиристодааст”.
Солисан, ба ин суолкунандаи азиз сафориш мекунам, ки дар ҳади тавон аз ҳузур дар маконҳои шаҳватагез ва мушкилзо иҷтиноб (дурӣ) варзад. Бар ҳар мусалмоне воҷиб аст, ки худро дар маърази сахтӣ ва хатар қарор надиҳад ва ҳар дареро, ки аз он бодҳои фитна бар нафс ва дин мевазад, масдуд (муҳкам) намояд. Ҳакимон гуфтаанд: “Оқил касе нест, ки илоҷи воқеаро баъд аз вуқӯъ бикунад, балки оқил касест, ки илоҷи воқеаро қабл аз вуқӯъ бикунад”.
Аз ҷумлаи ахлоқи солиҳон ин будааст, ки аз тарси фурӯ афтодан дар ҳаром аз шубаҳот иҷтиноб меварзидаанд ва аз тарси вуқӯъ дар шубаҳот аз баъзе мубоҳот дурӣ меҷустаанд. “Банда ба мақоми парҳезкорон нарасад магар аз он чӣ мубоҳ (ҳалол) аст, аз иртикоби он чӣ мубоҳ нест, сарфи назар кунад”.
Робеъан, наметавон гуфт тамоми ончӣ пас аз мушоҳидаи манозири шаҳватбарангез, аз инсон хориҷ мешавад, манӣ аст то ғусл бар он воҷиб бошад, чӣ басо манӣ ё мазӣ, ки як моеъи сафедранг ва рақиқу часпанда аст ва ҳангоми мулоабат (бӯсу канор), ё мушоҳидаи ҳар навъ муҳаррике, ё тахайюли равобити ҷинсӣ, бидуни шаҳват ва ҷаҳиш ва сустии андом аз инсон хориҷ мешавад, ба тавре, ки гоҳо берун омадани он ҳам эҳсос намешавад-иштибоҳ нашавад.
Ин мазӣ ҳукми бавл(пешоби хӯрд)-ро дорад ва фақат муҷиби ботил шудани вузӯ мешавад, вале муҷиби ғусл намебошад, балки аз Расули Акрам(с) ривоят шудааст, ки рухсат додаанд либос ва ҷое, ки ба мазӣ олӯда шуда дар ивази шустан, фақат бар он об бипошанд.
Аз Саҳл писари Ҳунайф ривоят шудааст, ки мегуфт: ман дар муқобили мазӣ ранҷ ва сахтии бисёр мекашидам, ба далели ин ки бисёр ғусл анҷом медодам. Ин мавзӯъро ба арзи Паёмбар (с) расонидам, Эшон фармуданд: “Барои он фақат вузӯ лозим аст.” Гуфтам эй Расули Худо, вақте ки либосам бадон олӯда мешавад чӣ кор кунам?
Фармуд: “Кофист, ки як мушт об бардорӣ ва ба ҳар ҷое, ки ба мазӣ олӯда шуда бипошӣ”. Абӯдовӯд, Ибни Моҷа ва Тирмизӣ ин ҳадисро ривоят кардаанд ва гуфтаанд, ки ҳасан ва саҳеҳ аст. Шаке нест, ки пошидани об аз шустан осонтар аст ва он навъе тахфиф ва осонгирӣ аст аз ҷониби Худованд нисбат ба бандагонаш. Дар чунин мавридҳое, такрори ғусл ё шустан сахтӣ ва ҳараҷ бабор меоварад, чунонки Худованди мутаол мефармояд: “Худо намехоҳад бар шумо танг бигирад лекин мехоҳад шуморо пок ва неъматашро бар шумо тамом гардонад бошад, ки сипоси Ӯ бидоред” (Моида, ояи 6).
Таҳиякунанда Амруллоҳи Низом, “Рӯзгор”
-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
305
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
350
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
237
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
574
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
RSS Обуна