ТЕЪДОДИ АДАБИЁТИ ВОРИДШАВАНДАИ МАЗҲАБӢ БОЯД БА ТЕЪДОДИ ПАЙРАВОНИ ОН МУВОФИҚ БОШАД
Аз Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» хабар доданд, ки баъзе аз варақаҳои мутааллиқ ба равияи динии фаъолияташ дар қаламрави ҶТ манъшудаи «Шоҳидони Яҳво» дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн шудаанд.
Ҳамзамон хабаргузории “alukah.net”, иттилоъ додааст, ки тайи чанд ҳафтаи гузашта вуруди ғайриқонунии адабиёти динии хусусияти таблиғидоштаи равияҳои насронӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст. Инчунин Мақомоти интизомии Ӯзбекистон аз вуруди адабиёти динӣ, ки ҷавонони мусалмони ӯзбекро барои «даъват» кардан ба оини масеҳият ҳадаф қарор дода буд, ҷилавгирӣ карданд. Дар ҷамъи ин адабиёти воридотӣ 350 китоб, 44 навори авдиоӣ, 180 навори видеоӣ ва 180 диск вуҷуд дошт.
Гуфта мешавад, майи соли 2010 низ мақомоти Ӯзбекистон як табаъаи амрикоиро бо далели он ки бо роҳи ғайриқонунӣ ҷавонони ин кишварро ба оини масеҳият даъват мекард, ҷарима ва аз кишвар бадарға карда буданд. “Рӯзгор” тасмим гирифт дар робита ба ин мавзӯъ бо Саидбек Маҳмадуллоев, сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбате анҷом диҳад.
- Ҷаноби Саидбек Маҳмадуллоев, дар иртибот ба хабари дар боло зикршуда мегуфтед, ки оё чунин воридшавии адабиёти ғайриисломӣ дар кишвари мо низ вуҷуд дорад? Ба таъбири дигар,оё ҳастанд ташкилоте, ки ба таври ғайрирасмӣ адабиёти ғайриисломиро ба кишвар ворид ва дар байни мардум паҳн мекунанд?
- Дар масъалаи ба ҷумҳурӣ ворид кардани адабиёти динӣ бо ҳамаи ташкилоти динии ғайриисломӣ борҳо сӯҳбат кардаем ва талаботи моддаҳои 17-22-и Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳаст, ки тибқи талаботи он адабиёте, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, қаблан бояд аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаронида шаванд.
Ташкилоти диние, ки расман дар мо ба қайд гирифта шудаанд, ҳоло ин талаботро риоят мекунанд. Чизи дигар ин аст, ки адабиёти динӣ бояд ба теъдоди мувофиқ ворид карда шавад. Ин чизи муҳим аст. Як нуктае, ки дар Қонун ҳаст, ин бо теъдоди мувофиқ, яъне мувофиқ ба теъдоди пайравони ҳамон ташкилоти динӣ адабиёт ворид карда шавад. Хуб, онҳо метавонанд расман эълон накунанд, ки чӣ қадар теъдоди пайрав доранд, лекин адабиётро ӯҳдадоранд мувофиқи ҳамон теъдоди пайравонашон ворид кунанд, на зиёда аз он. Ин талаботи Қонун аст ва дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналахалқӣ ҳам ин чиз зикр шудааст.
Ба мо дархостҳо аз ҷониби ташкилоти динии ғарйиисломӣ мерасад, ки масалан барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти пайравонашон теъдоди 100 то 300 нусха китоб ворид карданиянд.
Шакли қонунии ба ҷумҳурӣ ворид кардани адабиёти динӣ ҳамин аст, ки аввал қабл аз ворид кардан барои ташхиси давлатии диншиносӣ ба Кумита як нусха ворид карда мешавад. Мо адабиёти онҳоро аз ташхиси давлатии диншиносӣ мегузаронем ва баъди пешниҳод намудани хулоса тасмим мегиранд. Ҳатман бояд дар ҳамон дархосте, ки ба мо муроҷиат мекунанд, теъдоди ба ҷумҳурӣ ворид намудани адабиётро зикр намоянд. Ҳамин теъдоде, ки онҳо ворид менамоянд бояд мувофиқ ба теъдоди пайравонашон бошад.
Мақомоти Гумрук ҳам дар асоси хулосаи пешниҳодшуда аз Кумитаи оид ба корҳои дин иҷозати ворид шудан ё нашуданро медиҳад.
- Ҷаноби Саидбек, оё то ҳол ҳамин хел шудааст, ки баъзе адабиёти динии ғайриисломӣ беташхиси давлатии диншиносӣ ба ҷумҳурӣ ворид шуда ва онҳоро дар байни мардум паҳн карда бошанд?
- Бале, чунин ҳодиса дар соли 2007 аз ҷониби ташкилоти динии «Шоҳидони Яҳво» бе гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ аз Кумитаи оид ба корҳои дин рух дода буд. Ва яке аз сабабҳои манъ намудани фаъолияти ташкилоти динии «Шоҳидони Яҳво» дар қалаврави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо теъдоди бениҳоят зиёд ба ҷумҳурӣ ворид намудани адабиёти динӣ буд,
- Дар ҳоле, ки дар ҷумҳурӣ 74 ташкилоти ғайриисломӣ сабти ном шудааст ва табиист, ки пайравони онҳо барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти худ ба адабиёти динӣ ниёз доранд, шумо гуфта метавонед, ки теъдоди пайравони ҳамаи онҳо мушаххас шудаасту ҳар як ташкилот мувофиқ ба теъдоди пайравонаш адабиёти динӣ ворид мекунад?
- О, ин талаботи Қонун аст. Яъне дар талаботи Қонун омадааст, ки ба миқдори мувофиқ адабиёти динӣ ба ҷумҳурӣ ворид кунанд. Миқдори мувофиқ ин вобаста ба теъдоди пайравонашон аст ва теъдоди паравонашонро онҳо.., хайр акнун ҳастанд баъзе ташкилотҳои диние, ки мехоҳанд ҳамин талаботи Қонунро дигар хелтар шарҳ диҳанд, масалан дар як нишаст яке аз ҳамон сардорони ташкилотҳои динӣ калимаи «прихожане»-ро ба мо чунин шарҳ доданӣ шуд, ки «прихожане- это те кто приходят в Церков», ки мо ба ин шарҳи вай розӣ нашудем.
Истилоҳи «прихожане» аз нигоҳи илмӣ чунин шарҳ дода шудааст: як нафарест, ки ӯ мансубияти мазҳабӣ дорад, ирода дорад ва таъаллуқ дорад ба ҳамон равияи динӣ, агар касе ақидаи дигар дошта бошад вай «прихожане» ҳисобида намешавад. «Прихожане» - ин пайрави ҳамон ташкилоти динӣ аст, яъне агар ман ба Церкови ӯ рафтам, ман «прихожане»-и ӯ ҳисоб намехӯрам.
Кӯшишҳое буданд, ки хостанд масалан ҳамин вожаи «прихожане»-ро дигар хелтар шарҳ диҳанду бо ҳамин асоснок кунанд, ки мақсад ҳар нафаре ба Калисои мо омад, ӯ «прихожане» асту мо ба ӯ як нусха аз ҳамин адабиёти худамон медиҳем, мо гуфтем Қонунро ин гуна шарҳ додан ҷоиз нест.
- Ба ибораи дигар, ҷаноби Саидбек, шумо ба сурати тақрибӣ гуфта метавонед, ки теъдоди пайравони 74 ташкилоти ғайриисломие, ки дорем муайён ва мушаххас аст. Яъне агар шумори пайравони ин ҷараёни ғайриисломӣ даҳ нафарро ташкил медиҳад, аз ташкилоти дигар сад, ҳазор ва ё чанд ҳазор?
- Не акнун ин чизи «анонимнӣ» аст, мо ҳуқуқи талаб кардан надорем, ки шумо ба мо теъдоди пайравони худатонро муайян намоед. Танҳо мо на камтар аз 10 нафар муассиси ташкилоти диниро мешиносем, ки ному насаб ва суроғаи онҳо навишта шудааст, танҳо ҳамин қадар теъдод барои мо равшан аст. Аммо қонунҳои мавҷуда ба мо ин ҳуқуқро намедиҳанд, ки теъдоди зиёда аз ин даҳ нафарро мо аз онҳо талаб кунем.
- Ҷаноби Саидбек, шумо алҳол гуфтед, ки қонунҳои мавҷуда бароятон ин ҳуқуқро намедиҳанд, ки теъдоди пайравони ташкилотҳои диниро аз муассисони онҳо талаб кунед, пас чӣ гуна муайян мекунед, ташкилоти динии адабиёт воридкунанда бояд чӣ миқдор нусха аз адабиёти динии худро ворид намояд?
-Ин талаботи қонун аст ва миқдори мувофиқ ҳамон теъдоди пайравони онҳост. Акнун ин ба инсофу виҷдони нафароне, ки китобҳоро ворид мекунанд, ба онҳо вобастааст, ки онҳо дурӯғ нагӯянд. Яъне барои мо бигзор теъдодашонро махфӣ бидоранду барои худашон муайян бошад, Лекин мувофиқи теъдоди пайравонашон адабиётро ворид кунанд, на зиёда аз он.
- Барои суҳбат ташаккур!
- Саломат бошед!
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
305
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
350
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
237
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
574
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
Пас ин Конуни -Вазифа ва Ухдадории Падар ва Модар –ро барои хамин баровардаанд то ки ин 900 миллион доллари Амрикоӣ ки ба Точик…н додашудааст .
Чавоб гуянд ки ха манна хаммаи масалахо хал шужаанд Талабахо ба мактаб сад фоиз омадаистодаанд тарк намекунанд дарсхоро !
Ана гап дар кучо аст ! 900 милиона бояд чавоб гуфт !
ҲАМКОРИИ САФОРАТИ АМРИКО ВА ВАЗОРАТИ МАОРИФ БАРОИ КОҲИШИ САТҲИ ТАРКИ МАкТАБ АЗ ҶОНИБИ ХОНАНДАГОН ( хал-шуд)
RSS Обуна