БА УЛАМОИ РОСТИНИ ХУД ТӮҲМАТ НАКУНЕМ
Рӯи чоп омадани китоби донишманди ҷавони тоҷик, Довудхони Абдухон, «99 суол ва ҷавоб», дар байни хонандаҳо сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Чунки ин китоб нахусткитоби фиҳқӣ дар бораи фиқҳи акбар-ақида буд. Бар илова муаллифро ба сабаби такя кардан ба орои поягузорони фиқҳи акбар, аз ҷумла Мулло Алии Қорӣ, шореҳи «Фиқҳи Акбар»-и Имом Абӯҳанифа (р) ва Шоҳ Валиюуллоҳи Деҳлавӣ, аввалин муфассири Қуръон бо забони форсӣ тӯҳматҳо низ кардаанд.
Ба гуфти «шубҳагарон» Мулло Алии Қорӣ ва Валиюуллоҳи Деҳлавӣ баъд аз Ибни Таймия - пешвои «салафимаслакон»-и имрӯз ба дунё омадаанд ва ба афкори Ибни Таймия мутаассир шуда, дар шарҳи «Фиқҳи Акбар» ва «Ҳуҷҷатуллоҳил Болиға» аз орои Ибни Таймия истифода кардаанд. Ба ҳамин далел «99 суол ва ҷавоб» дар як муддат кӯтоҳ аз бисёри рафҳои мағозаҳои китобфурӯшии кишвар «гум» шуд.
Мутаассифона, мо устод Довудхони Абдухонро пайдо карда натавонистем, то роҷеъ ба қазия аз худи эшон суол намоем, аммо чун он китобро хондаем ва ҷуз чанд иштибоҳи ночиз наметавон ба он ҷиддан хӯрда гирифт, онро асари хубе барои хонанда гумон мекунем. Ин андешаи шахсии банда аст. Асари мазкур дар ҳеч ҳол ба орои мазҳаби ҳанафӣ зиддият надорад!
Хандаовар аст, дар кишвари мо чӣ касе ин ҷуръату тавони ақливу зеҳниро дорад, ки тавонад ба бузургони ҳанафие чун Муллоалии Қорӣ, Валиюллоҳи Деҳлавӣ, Мавлоно Кондеҳлавӣ, Мавлоно Азизурраҳмон, Қарзовӣ ва амсоли инҳо муқобилият кунад ва онҳоро аз дидгоҳи қонунгузорӣ ба ину он ҷурм муттаҳам намояд?
Магар хандаовар нест, ки ба хотири чанд хилофкор китоби арзишманди «Фазоили аъмол»-ро мамнуъ эълон кардем? Яъне, мо ба хотири чанд хилофкор хондани аҳодиси Паёмбарро ва шарҳи олими маъруфи ҳанафиро ба он калимоти муқаддас мамнуъ эълон кардем!
Тӯҳмат кардан ба бузургони дину мазҳаби ростин ва осори эшон бешак гуноҳ аст.
Онҳое, ки мехоҳанд дар қолаби нав, улсубҳои ҷолиб ва тарзи осонбаёнӣ, то қадри тавон, барои мардум хидмат кунанд ва табиист, ки фарзанди Одам (а) мебошанд, ва одам бехато буда наметавонад. Бо чан далел касе ҳақ надорад, ки як лағжиши ин гуна олимони ҷавонро рӯи даст гирфта бар сарашон «дона кафонад»:
1. Довудхони Абдухон ва амсоли он шахсони маъсуме чун паёмбарони Илоҳӣ нестанд, ба ҳамин далел эшон аз иштибоҳ ва лағзишҳои илмӣ ва мантиқӣ орӣ буда наметавонанд. Ва ҳар олиме дар соҳаи илми интихобкардаи худ як лағзише дорад. Ба иборати дигар ҳар ҳокиме, ки баъд аз Ҳитлер дар Олмон ва ё ҷои дигар ҳукуматдорӣ мекунад, маънои онро надорад, ки дар пайравӣ аз Ҳитлер ҳукмравоӣ мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки агар олим ва ё донишманде бихоҳад иштибоҳеро бо далели қатъӣ, ақли ва ё нақлӣ ислоҳ намояд, пешниҳадаш радд ва фикраш мардуд дониста шавад.
2. Бадгӯӣ аз олим беэътибор кардани илми ӯст;
Аз онҷое, ки уламо меросбарони паёмбаронанд, пас, илм - мероси пайғамбарон аст ва беэътибор кардани олим, беэътибор кардани Паёмбар (с) аст ва ин ҳамон маънои сухани Ибни Аббос (р) аст, ки мегӯяд: «Касе, ки фақеҳеро биозорад паёмбари Худоро озурдааст ва касе, ки паёмбари Худо (с)-ро биозорад Худои азза ва ҷалларо озурдааст». Ва касе, ки ин илмро беэътибор кунад мероси Паёмбар (с)-ро беэътибор карда ва надониста исломро аз эътибор соқит намудааст. (Носир ал-Умар, Гӯшти уламо масмум аст, саҳ 26).
3. Худованди таъоло ғайбатро барои аҳли имон ҳаром кард ва онро ба мисли хӯрдани гӯшти мурда хонд: «Эй касоне, ки имон овардаед,аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Ҳаройна, баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, ҳаройна, Худо тавбапазиру меҳрубон аст!(Ҳуҷурот, ояи 12).
4. Вақте ҳазрати Парвардгор ғайбат ва гумони бад карданро барои умуми мусалмонон ҳаром кард, ҷои дигар дар васфи аҳли имон гуфт: «Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳаройна, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!» (Ҳашар, ояи 10). Пас онҳое, ки ба бадгӯиву бадгумонӣ ва «ислоҳи» дигарон машғул мешаванд, фардои қиёмат дар пешгоҳи ҳазрати Ҳаққ таъоло чӣ ҷавоб мегуфта бошанд?!
Ё ин ки онҳое, ки худ хато кардаанд, лағжидаанд, надониста ва ё қасдан дар табақи асал заҳрро ба мардум пешниҳод кардаанд ва асло касеро донотару волотар аз худ намедонанд, ҳадди аққал виҷдонҳояшон онҳо озору азият намекарда бошад?! Чунки бо камфаҳмиву каҷфаҳмии худ халқи Худоро гумроҳ кардаанд.
Гуфтаанд, ки гӯшти уламо дилҳоро мемиронад, зеро, ки Худои таъоло онҳоро азиз донистааст ва ҳар кӣ азизеашро хор кунад, рӯяшро «сиёҳ» хоҳад кард. Ҳаққ таъоло фармуддааст: «Ҳамчунин аз мардум ва ҷунбандагон (ҷонварон) ва чаҳорпоёни гуногун. Албатта, аз миёни бандагони Худо танҳо донишмандон аз ӯ метарсанд. Ва ҳаройна, Худо пирӯзманду омурзанда аст!» (Фотир, ояи 28). Баъзе аз аҳли илм ин ояро чунин тарҷума кардаанд, ки ҳамоно Худованд донишмандонро азиз донистааст ва нисбат ба онҳо эҳтиром дорад. Чунки аҳли илмро баъд аз Худ, дар радаи фариштагон ҷо додааст: «Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ худое (барҳақ) ҷуз Ӯ нест. Ва гувоҳӣ доданд фариштагону донишмандон дар он ҳол, ки Худо тадбиркунандаи олам аст ба адл. Худое (барҳақ) ҷуз Ӯ нест, ки пирӯзманду ҳаким аст!»(Оли Имрон, ояи 18).
Бо ин вуҷуд, Ӯ таъоло аҳли илм ва ихлосро дар дунё охират сарбаланд мекунад ва таъкид мекунад: «Эй касоне, ки имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷолисҷо ҷой боз кунед, ҷой боз кунед, то Худо дар кори шумо кӯшоиш диҳад ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед. Худо онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки дониш ёфтаанд ба дараҷоте баланд бардорад ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!» (Муҷодала, ояи 11).
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
20.10.2026 15:45
231
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
211
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
795
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
289
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
311
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
198
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
358
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
238
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
574
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
agar tavoned yak nuskha hamun kitobaton ro ba misr ravon kuned to bikhonem ki chikhel ast maili ?
rahmat dusti shumo mumin
RSS Обуна