ДАР ТАБЛИҒ МАСЕҲИЁН АЗ МУСАЛМОНОН ПЕШСАФТАРАНД
Дирӯз вақте аз ошёнаи чоруми Маркази ташхиси тиббии Тоҷикистон (Диагностика) поин мефоромадам, зани солхӯрдаеро дидам, ки дар бар хилъати сафед ва дар як дасташ авроқеро бо худ дошт, қасди фаромаданро дорад.
Аз рӯи эҳтиром канор истода, барояш роҳ додам, аммо ӯ бо ташаккур кардан қаноъат накарда, фурсатро барои даъват намудан ғанимат донист. Бонуе, ки ба зоҳир хеле нуронӣ менамуд, бо чеҳраи кушода, нигоҳе карду бо нимтабассум гуфт: «Худоро бихон, Ӯ худаш ба сӯи ту мешитобад, аз вай бихоҳ, худаш шифо медиҳад.. дар ин дунё ҳамаи мо ба ӯ ниёз дорем ва Ӯ…»
Дар чанд лаҳзае, ки бо ӯ будам, аз чанд услуб истифода кард, амалкарди ӯ бароям писанд омад. Ҳар чанд маро ба дини ғайр даъват мекард ва нигоҳаш ба Масеҳ рабт дошту торафт мехост риштаи алоқаамро аз Муҳаммад(с) канда кунад, боз ҳам барояш Аҳсан гуфтам. Чунки услуби даъват ва тарғибу ташвиқ карданаш озмӯдашуда ва ба мавқеъ буд. Табибе, ки бо чунин услуб беморонашро табобат мекунад, табиист, ки нисбат ба дигарон муваффақтар аст.
Иттифоқан, рӯзе қабл низ бо яке аз ҳамтоҳои «миссионераш» тасодуфан дар роҳ шинос шуда будам, вай низ зарфи чанд дақиқае, ки дар роҳ будем, бо шеваи хосу ширинзабонӣ ба сӯи Масеҳам хонд ва даъватномаву нишонии вибсойти тоҷикиву калисоро бароям доду гуфт ба меҳмонии мо биё…
Вақте дар ҳузури Интернет ба зону нишастаму аз ӯ хостам, ки маро ба суроғи пайравони Масеҳ бубар, дар ҳол чанд сомонаро, ки фаъолияташон бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст, бароям нишон дод. Ҳангоми вуруд дидам, ки дастурхони эшон кушода ва ҳар кӣ ба қадри тавон услуби ҷаззобу шеваи дилкашеро истифода кардааст, то дар кӯтоҳтарин фурсат қосиди сомонаро ба ҳадафи асосӣ, ба қавли эшон «гумроҳони бе Масеҳ»-ро бо Масеҳ ошно созанд. Ба сомонаи «...» суол кардам, ки чӣ касе ҳастед?
Ҷавоб дод: «Дӯсти азиз! Мо аз он шодем, ки худро ба Шумо муаррифӣ карда метавонем. Бо марҳамати Худо дар Тоҷикистон калисоҳо бунёд мешаванд. Мо бовар мекунем, ки Исои Масеҳ Худованд ва Наҷоткори тамоми халқҳост. Мо на секта, на равияи сиёсӣ, балки пайравони Масеҳ мебошем ва мақсади мо Исои Масеҳро ба Шумо беҳтар шиносондан аст».
Аз таҷрибаи он ду ва чанд сомонае, ки дар меҳмониашон будам, пай бурдам, ки барои ҳар як фарди мусалмони низ ҳангоми даъват ва ё худмуаррифӣ кардан зарур аст, ки аз чунин услуб ва тарзи баёну шеваи гуфтор истифода кунад. Чунки Қуръон ба ҳар кӣ ҳикмат дода шуд, хайри азимеро соҳиб шудааст ва дар ривояте ба ин маъно мехонем, ки Расули Акрам (с) гуфтаанд: «Ҳикмат гумшудаи мусалмон аст, ҳар ҷо, ки онро пайдо кунад ба гирифтани он сазовортар аст…».
Бунёди масҷид, ки дар ҷомеаи мо роиҷ гардидааст ва дар бисёр маврид бо як ҳадаф, яъне ҷойе барои ибодат кардан сохта мешавад, аз ин ваҷҳ хостам бипурсам, ки пайравони Масеҳ дар ҷомеаи суннати мо, ки наздик ба 99 дар садаш мусалмон аст, чӣ гуна метавонанд калисои нав бунёд кунанд? Дар посух ба ин «...» чунин гуфт: «Дар созмондиҳии калисо методҳо ва тарзу воситаҳои гуногун истифода мешаванд. “Танҳо як роҳ” нест. Роҳҳо гуногунанд ва аз шахсият, таҷриба ва дониши созмондиҳанда (коранда, тухмпош) вобастагӣ дорад. Хок (одам) низ ҳархела ҳаст ва муносибати гуногунро талаб мекунад. Барои оғози анъанавии калисо ҷои муайяне вуҷуд дорад. Ва…
Дар воқеъ асҳоби ин сомона барои тарғибу ташвиқ ва ба ҳадаф расидани худ кори кам накардаанд, онҳо зери унвонҳои: “хона”, “башорат”, “видиоҳо”, “мусиқӣ” “таърих ”, “шеърҳо ”, “илоҳият ”, “оила” ва “дарсҳои рӯҳонӣ” мавзӯъҳоеро пайгирӣ кардаанд, метавонад хонандаро бо як нафас сайди худ қарор бидиҳад. Ин саъйу талош нӯшашон бод, чунки дар воқеъ тавонистаанд барои муаррифӣ ва таблиғи дини худ, чунин кореро анҷом бидиҳанд.
Сомонаи мазкур танҳо дар зери унвони «Оила» наздик ба бист мавзӯъро пайгирӣ кардааст, ки тамомии онҳо ташкил ва бунёди як хонаводаи масеҳиро инъикос кардаанд. Бар илова ҳангоми баррасии ҳар як мавзӯъ ба нукоте аз мӯътақадоти масеҳӣ низ ишора шудааст, ки қобила мулоҳиза мебошанд.
Сомонаи «...» бошад, хеле пурмуҳтаво ва як китобхонаеро мемонад, ки дар он аксар сарчашмаҳои аслии оини масеҳият ҷо дода шудааст. Ин сомона дар зери унвони «Омӯзиши навиштаҳо» Тафсири Инҷил, Мактаби инҷилии «Аммоус», Як Худо ва роҳ ва… ба нашр расонидааст.
Дар зери унвони «Инҷил» бошад: Инҷили Матто, Инҷили Марқӯс, Инҷили Луқо, Инҷили Юҳанно, Аъмоли фиристодагон, Нома ба Румиён, Ваҳйи Исои Масеҳ ҷо дода шудааст. Бар замми онҳо боз чанд китобе дар робита ба мусиқӣ низ мунташир кардааст, ки дар маҷмӯъ ҳар яке аз онҳо метавонад диққати хонандаро ба худ ҷалб кунад.
Чизе, ки аз хони ин сомона бароям ҷолиб буд, унвони «Мебахшед..» аст, ки ҳангоми вуруд бо чунин пешгуфтор суханашро оғоз мекунад: «Мебахшед, шумо ба куҷо рафта истодаед?
Монанди қатора зиндагии мо хоҳ нохоҳ моро ба як мақсад мебарад - м а р г.
Оё ягон бор аз худ пурсидед, ки баъд аз марг чӣ рӯй медиҳад? Дар тамоми дунё одамон дар бораи ин савол андеша карда, хулосаҳое мебароранд: «Баъди вафот одам несту нобуд мешавад. Рӯҳи вай дигар вуҷуд надораду бас. Бинобар ин ман дар зиндагии имрӯза хушбахтиро ҷустуҷӯ мекунам. Агар ҳеҷ кас саволу ҷавоб накунад, аз парҳезу худдорӣ чӣ фоида?»…
Сомонаи дигаре, ки барои тарғибу ташвиқи оини масеҳият фаолият мекунад ин вибсайти «...»-Исои Масеҳ кист? Инҷил ва Таврот дар бораи Исои Масеҳ чӣ мегӯянд? Ин сомона ҳар чанд доираи фаолияташро ба Исои Масеҳ маҳдуд карда бошад, ҳам тавонистааст, ки дар муаррифии ӯ то ҷое муваффақ шавад. Бар илова боз чандин сомонаи интернетии дигаре низ ҳаст, ки барои тоҷикзабонон ва бо хатти кирилӣ амал мекунанд, то битавонанд ҳар ба ҳадафи худ наздиктар шаванд ва мағзи хонандаи тоҷикзабонро олӯда созанд.
Офарин ба чунин пайравони Масеҳ, ки чунин хидматеро барои тарғиби динашон дареғ надоштаанд. Ҳайфи ману дигар пайравони Мустафо, ки дасти кам ҷуръате накардаем, ки бо номи Ислом ё Мустафову Муҳаммад ва.. як сомонаи сирф диниро дар хизмати ҳафт миллиони тоҷики мусалмон қарор бидиҳем, ки дар он сомона чор ё панҷ тарҷимаи Қуръони карим бо забони тоҷикӣ бошаду чанд китоби ҳадису фиқҳ ва дигар матолиби сирф исломӣ ва…ҷор мезанем, ки бештар аз чор ҳазор иттиҳодия исломӣ, яъне масҷид дорем, вале ҷаноби Интернет як сомонаи фаъоли масҷиде дар Тоҷикистонро намешиносад. Ҳайф..ҳайф, сад ҳайф!
Номи сомонаҳоро наовардам, зеро бо каме иттилоъ, ки аз дину мазҳаби худ дорам, худро метавонам аз афтодан ба ин домҳо нигоҳ дорам, аммо метарсам, ки дигарон ё дигаре...
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
20.10.2026 15:45
232
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
211
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
795
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
289
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
318
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
201
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
364
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
318
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
238
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
575
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
RSS Обуна