СИЁСАТИ ДИНИИ ДАВЛАТ. ТАРҲҲО, БУРДҲО ВА БОХТҲО
Таҳияи Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин ҳанӯз се сол пеш аз сӯи раисиҷумҳур пешниҳод шуда буд. Саидаҳмади Қаландар, коршиноси масоили динӣ, ки дар таҳияи ин консепсия ё барнома иштирок дорад, мегӯяд, пешнависи он омода шуда ва бояд дар охири моҳи июл мавриди муҳокима қарор бигирад.
Вай афзуд, дар муҳокимаи ин консепсия, ки сиёсати давлат дар робита ба дин ва диндоронро мушаххас мекунад, имом-хатибони масоҷид низ иштирок хоҳанд кард. “Таҳияи консепсия ба таъхир науфтодааст. Тарҳ дар ҳолати омодабош аст. Кумитаи дин, Маркази таҳқиқоти исломӣ, Академияи “Муколама” дар пайи ин коранд. Аз 26 то 28-уми июли соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи Явроз муҳокимаи умумии ин тарҳ мешавад”,-афзуд ӯ.
Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, пешнависи Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин ниҳоӣ набуда, дар рӯзи муҳокима қарор аст ба он тағйиру ислоҳҳо низ ворид гардад. Бо ин вуҷуд, аз мӯҳтавои тарҳи Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин, ба ҷуз як гурӯҳи кӯчаки донишмандон, ки дар пайрезии он иштирок кардаанд, дигарон огоҳии комил надоранд.
Вале Саид Аҳмадов, собиқ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки ҳоло устоди яке аз донишгоҳҳои кишвар аст, дар сӯҳбат ба Оини мадоро гуфт, ин консепсия сиёсати давлат дар мавриди динро муайян карда, бисёре аз мафҳумҳоеро, ки дар қонунҳо, аз ҷумла қонуни дин омадааст, шарҳ медиҳад.
Ӯ гуфт: “Консепсия он чизҳоеро, ки дар Конститутсия ва дар қонун дар бораи озодии виҷдон сабт шудааст, як навъ шарҳ дода, муносибати давлат бо созмонҳои диниро муайян мекунад. Зимнан, сиёсати давлатро дар бахши маориф, ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар алоқамандӣ бо дин низ баён мекунад. Он ҳуҷҷати меъёрӣ-ҳуқуқӣ нест. Фақат он дар заминаи санадҳои меёърӣ-ҳуқуқӣ навишта мешавад. Ин як навъ дастурамал аст, ки роҳҳои истифода аз он ҳуқуқҳое, ки қонунҳо барои диндорон ва шаҳрвандон додааст, муайян мекунад. Ҳамчунин муайян мекунад, ки мақомоти давлатӣ бояд барои амалӣ шудани онҳо чӣ корҳоеро анҷом бидиҳанд.”
Таҳияи консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин дар Тоҷикистон баъд аз соли 2009 оғоз гардида, барои таҳияи ин тарҳ ҳоло як созмони хориҷӣ маблағ ихтисос додааст.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, танҳо ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ, мегӯяд, тӯли се соле, ки мавзӯъи таҳияи консепсия матраҳ аст, вале ягон намояндаи онҳо барои муҳокима ва ё таҳияи ин санад даъват нашудаанд. Вай гуфт, ин консепсия дар ҳоле таҳия мешавад, ки абри сиёҳ болои муносиботи давлат бо дин соя афканда ва ин муносибатро тиратар кардааст.
Ҷаноби Сайфуллозода афзуд, бо вуҷуди ин ки шояд донишмандони тоҷик талош мекунанд, бо таҳияи ин санад муносибати давлат бо диндоронро ба танзим дароранд ва онҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ даъват бикунанд, вале муваффақ нахоҳанд шуд. Зеро ба бовари ӯ, ин санад дар заминаи қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ таҳия хоҳад шуд, ки ин қонун дар ду соли пеш қабул шуда, маҳдудиятҳои хосеро барои фаъолияти диндорон эҷод кардааст.
“Ин ҳеҷ гоҳ мувофиқ ба ниёз ва воқеияти ҷомеа буда наметавонад. Бояд як давлат, бахусус, давлате, ки худро миллӣ эълон кардааст, қабл аз ҳама сиёсати хешро ба ҷанбаи ақидатӣ ё маънавии ҷомеа муайян бикунад. Баъдан дар заминаи муайян шудани ин сиёсат таҳияи қонун сурат бигирад. Бадии кор дар ҳамин аст, ки мо чорчӯбаро месозем ва миллатро маҷбур мекунем, ки тибқи ин чорчӯба зиндагӣ кунад ва ё дар ҳамин чорчӯба бичархад”,-илова кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, сиёсатшинос ва коршинос дар умури дин, низ тарҳи ҷудогона ва ё муаллифии худро дар бораи Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин пешниҳод кардааст. Вай мегӯяд, ин тарҳ аз тарҳе, ки гурӯҳи донишмандони тоҷик таҳия кардаанд, тавофути зиёде дорад ва агар як бахши кӯчаки тарҳаш низ пазируфта бишавад, хушҳол хоҳад буд.
Ҷаноби Раҳнамо афзуд, ин тарҳи консепсия аз муқаддима, бахши зарурати консепсия, бахши усулҳо, бахши сиёсати давлатӣ, масъалаи ҳуқуқи инсон, маорифи динӣ, таълимоти динӣ ва муносибатҳои хориҷии динӣ таркиб ёфтааст. Ин коршиноси тоҷик гуфт, пеш аз он ки ин тарҳи консепсияро бинависад, консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин дар бархе аз кишварҳоро варақ задааст. Аммо ӯ мегӯяд, ин тарҳе, ки навиштааст, рӯбардор ё тақлид ба он консепсияҳо набуда, балки бештар ба воқеиятҳои Тоҷикистоне, ки беш аз навад дарсади сокинонаш худро мусулмон ҳисоб мекунанд, мувофиқ аст:
"Вале консепсияе, ки навиштаам, бидуни тақлиду иқтибосу пайравӣ аз консепсияҳои кишварҳои дигар аст. Маводи ман воқеияти таърихӣ ва воқеияти имрӯзии Тоҷикистон мебошад. Маъмулан мо медонем, ки ҳангоми таҳияи қонуну барномаҳо бештар тақлид ба қонуну консепсияҳои берун мешавад. Барои ҳамин метавонем бигӯем, ки ин тарҳ на танҳо тарҳи муаллифӣ аст, балки тарҳи тоҷикӣ аст, маҳсули тафаккури ватани худамон аст. Бо сари баланд гуфта метавонем, ҳеҷ гуна иқтибосу пайравӣ аз консепсияи Русияву Қазоқистону Қирғизистон нашудааст. Зеро воқеияти мо воқеияти мост."
Аммо ин ҳама гуфтугузор дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиносон, давоми ду-се соли ахир давлат талош дорад, ки дар фазо ва муҳити динии кишвар назорат ва тасаллути комил дошта бошад. Зеро раванди гароиши мардуми бештар ва алалхусус ҷавонон ба дин ва масҷид дар ин муддат бо суръат идома дорад, ки то андозае давлатро нигарон кардааст.
«Озодӣ»-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
305
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
350
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
237
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
574
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
Консепсияи у консепсия як мусулмон аст ва ин хеле мухимм аст.
RSS Обуна