ЧАРО «ГУЛИ САРИ САБАД» РАДДИ МАЪРАКА ШУД?
Замоне, ки Расули Худо (с) дар қайди ҳаёт буданд, касе ҷуръат намекард, ки дар масҷиди Мадина пешнамози мардум шавад. Чунки Ӯ (с) ба мардум гуфта буд, ки чӣ касе ҳаққи имоматии мардумро дорад.
Ҳазрати Расули Акрам (с) умматонашро хуб таълим дода буд, ки масъулияти як имом ва маъмум аз кадом ҳуқуқу ӯҳадориҳо иборат аст. Дар ривоёт мехонем, ки аҷру савоби имом баробар ба аҷру савоби тамоми намозгузорони қавмаш аст. Ва низ дар ривоятҳои саҳеҳ мехонем, намози имоме, ки қавмаш аз ӯ розӣ нестанд, як ваҷаб аз сараш боло намеравад, яъне намози ӯ мақбули даргоҳи Илоҳӣ нест.
Ба ин хотир дар аксар кишварҳои исломӣ мардум дар интихоби имоми панҷвақта ва ё имомхатибони худ хеле зиёд аз эҳтиёт кор мегиранд, чун медонанд, ки ин вазифа пурмасъулият ва дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зиёд аст. Аз ин ҷиҳат кӯшиш мекунанд афродеро интихоб намоянд, ки дар баробари донистани улуми шаръӣ ва аҳкоми имомату намозу закот ва...сиёсати динии кишварро низ хуб донанду ҳам урфу одоти мардумро риоят кунанд.
Аз ин рӯ коршиносони масоили динӣ бо такяи омӯзаҳои шаръӣ мегӯянд: «имомхатибе, ки дар баробари риояи аҳкоми шариъат, урфу одоти қавмашро намепазирад, хатиби муваффақ шуда наметавонад. Чунин имомхатибон аз эҳтироми қавм маҳрум ва радди маъракаи эшон хоҳанд шуд».
Имом-хатиберо хуб мешиносам, ки беш аз ҳафт сол дар як масҷид, дар вақти намоз, пешдарои қавм буд. Мардуми маҳалла ҳама аз пушти ӯ иқтидо мекарданд. Ба ӯ бовар карда, масоили шаръии худро аз вай мепурсиданд. Никоҳгару азонгӯи гӯши навзодон ва ҷанозахони гузаштагони эшон буд. Дардошнои мардум ва роздону рознигаҳдори қавм ҳисоб мешуд. Ба қавле қавми маҳалла ӯро хуб шинохта, чун «гули сари сабад» парвариш мекарданд.
Ӯ тавонист дар як муддати кӯтоҳ шаклу шамоили масҷидро, бо ҳиммати қавм, тағйир диҳад. Бо гузашти рӯз, сарнавишти ӯ ба нӯҳ нафари дигар аз имомхатибони шаҳр, ки ҳамагӣ дар аввали сол ва дар як рӯз ҷои худро ба дигарон вогузор карданд, рост омад. Аммо имрӯз наздиктарин ҳамсояҳояш ӯро дар маърака ва дигар маросимҳояшон «биё»- гуфта даъват намекунанд. Собиқ имомхатиб ва «гули сари сабад»-и худро радди маърака кардаанд. Медонед чаро? Ман низ ба мисли шумо намедонистам, аммо маъракадорон гуфтанду баъзе аз мавзеъгириҳои собиқ хатибро дар минбар ва қавли эшонро бо ҳам гузоштам, натиҷааш чунин шуд.
Ин чизро шумо ва ҳар нафаре, ки дар рӯзи ҷумъа аз пушти ӯ ва ҳамтоҳояш намоз мехонад, қиёс карда, натиҷаашро барои худаш дуруст мушаххас карда метавонад. Хуб ба ёд дорам рӯзҳое, ки ӯ вазифаи имомхатибиро бар ӯҳда дошту борҳо таъкид мекард, ки набояд талабаҳои мактабхон дар рӯзи ҷумъа тарки дарс карда барои адои намози ҷумъа биоянд. Ин қавли эшон то ҷое мантиқӣ буд, чун ба ҷои намози ҷумъа дар дигар вақт, яъне баъд аз дарс, намози пешинро хондан мумкин аст.
Аммо, маъракадоре мегӯяд, ки вақте лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» ба муҳокимаи умумӣ гузошта шуд, дар яке аз рӯзҳои ҷумъаи муборак, ки он бо айёми рухсатии талабаҳои мактабҳои ҳамагонӣ рост омада буд, ҳамин имомхатиб ба ҷои дар минбар нишастану амри маъруфу наҳйи мункар кардан, дар назди дарвозаи масҷид бо чанд нафари дигар рост истода, бачаҳои мактабхонро ба масҷид даромадан намемонд.
Он рӯз писари ман низ дар қатори дигар бачаҳои маҳрумшуда аз намози ҷумъа буд. Вақте қонун ҳанӯз ба ҳукми қонун надаромадааст, ӯ ва дигар ҳар нафаре, ки бошад, ҳаққ надоранд, ки фарзандони моро аз масҷид пеш кунанд ва… Ин рафтори ӯ боис шуд, ки обрӯ ва мақомаш аз чашми аҳли маҳалла биуфтад. Маҳз ба ин хотир мо дигар ӯро дар маросимҳои мотамӣ ва маъракаҳои хушу хурсандии худ даъват намекунем. Вақте ки вай мансабашро аз заруриёти динии мардуми худ, аз ҷумлаи тарбияи дурусти фарзандони маҳалла тибқи шариъати ислом, авлотар донист, Худои карим ба ӯ нишон дод ва шояд радди маърака шуданаш низ беҳикмат набошад…
Ин танҳо имомхатибе нест, ки нисбат ба қавмаш чунин рафтор карда бошад, шояд ба ғайр аз вай, ба ин монанд бисёриҳо барои мансаб шуда, бо як ишора, чунин як сиёсати ғалатеро пеш гирифтаанд, ки на ба гуфтаи Худову Расул рост меояд ва на ба нағмаву усул, яъне ба қонунгузориҳои кишвар.
Вақти он расидааст, ки ҳукумати кишвар ба афроди саршиносе, ки ба унвони собиқ «атеист» шинохта мешаванду ҳамакнун барномаи сиёсати динии ҳукуматро ба қадре рӯи даст гирифтаанд, як бори дигар назар кунад, то вақт дер нашаваду мардум ҳама аз «муллоҳои ҳукуматӣ» рӯй нагардонад.
Ҳамчунин барои дуруст муайяну мушаххас кардани сиёсати нави динии кишвар, бигузор тамоми уламои саршиноси кишварамон, аз ҷумла домулло Ҳикматуллоҳ аз Тоҷикобод, домулло Муҳаммадӣ аз Қумсангир, эшони Аллома аз Турсунзода, Ҳоҷӣ Мирзо аз Қӯлоб ва даҳҳо каси дигаре, ки мардум ба онҳо эътимод ва эҳтиром доранд, аз манотиқи мухталифи кишвар ба пойтахт кӯчонида шаванду як ҳайати воқеан мустақил ташкил шаваду дар тасмимҳои динии сиёсати кишвар назари эшон ба инобат гирифта шавад. Ва…
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
20.10.2026 15:45
231
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
211
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
795
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
289
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
311
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
198
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
358
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
238
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
574
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
Бародар Амруллохи Низом дарки хуби дини ва милли дорад ва бисёр дилсузона гуфтаанд. Саломат бошанд.Дар ин бора китобхои устод Абдуллохи Рахнаморо ба ёд овардам ки ин мавзухо ба таври пурра дар он ба чоп расида ва тахлили илми шудааст. Хуб аст ки афроди сохиби назари солим зиёд мешаванд.
RSS Обуна