РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ: АВВАЛ ЗИЁРАТИ ХОНАИ ХУДО, БАЪД ХОНАДОРКУНИИ ФАРЗАНД
Бархе бар инанд, ки шахс то фарзандони болиғи худро хонадор накарда бошад, ҳаққи адои фарзиёти Ҳаҷро надорад. Албатта, шариъат ин фарзро бо шартҳое пеши рӯи мӯъминон гузоштааст. Ин рукнест, ки ба тавоноии иқтисодии шахс марбут аст, дар ҳоле, ки бародарат мӯҳтоҷ бошад, модари пират дастнигар бошад, ҳамсоя мӯҳтоҷи нон бошад, фарзандонро вақти хонадоркунӣ расида бошад... ва ту ҳаҷ равӣ. Посух чӣ гуна аст? Бо ин суолҳо ба Раиси маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодиров муроҷиат намудем.
- Шахсоне, ки тамоми имконоти Ҳаҷро доранд, вале барои ба ҷо овардани ин фаризаи Илоҳӣ сабаб ва баҳона пеш меоранд, бо ин роҳ, ба ҷо овардани ин рукни исломро ба таъхир мегузоранд. Барои мисол, корҳо бисёранд ё тиҷораташон осебпазир мегардад. Аз нигоҳи шариъат чунин муносибат кардан бо Ҳаҷ ва ба таъхиргузории ин фаризаи Илоҳӣ кори дуруст аст?
- Аҳкоми шариъат ошкору равшан аст. Аз нуқтаи назари дини мубини ислом, вақте ки инсон шароит дорад Ҳаҷ барояш фарз мегардад. Яъне аз ҳамон лаҳзае, ки шароит ба вуҷуд меояд, Ҳаҷ дар гардани мусалмон фарз мегардад. Ва таъхир кардан дар адои ин фарз, Худо накарда, агар инсон пеш аз адои он ҷон бидиҳад, бисёр азоби вазнину сангин дорад. Аммо агар бо таъхир гузоштан низ Ҳаҷ кунад, хуб фаризаи Илоҳӣ аз гарданаш соқит мегардад.
Чаро, ки Ҳаҷ дар ҳаёти инсон як маротиба фарз шуда аст. Дар ин маврид, бинои мусалмонӣ ва имонаш мукаммал мегарданд. Фард соҳиби аҷру баракат мешавад. Дар ҳадис Паёмбар (с) мефармояд: «Агар инсон намозу рӯза ва закоту Ҳаҷро ба ҷо овард, дар навбати аввал имону ақида, ба вай муждаву башорат ба ҷаннат дода шудааст ва дар муқобили он азобу иқоб вуҷуд дорад». Қайд бояд кард, ки дар ин маврид ду масъалаи пеш меояд:
Аввал ин, ки худи инсон нияти Ҳаҷ карданро надорад ва барои иҷро накардани Ҳаҷ баҳонаву сабаб меҷӯяд ва монеа эҷод мекунад, дар ин ҳолат инсоне, ки Ҳаҷро ба таъхир мегузорад, гунаҳкор ва осӣ мешавад.
Дуввум ин, ки инсон нияти Ҳаҷ рафтанро дорад, шароит барояш фароҳам шудааст ва тамоми талошҳои худро барои рафтан ба Макка ва ба ҷо овардани Ҳаҷ анҷом медиҳад, аммо омилҳои беруна ва имконоти хориҷӣ, ки ба ин шахс бастагӣ надоранд, пеши роҳи ӯро мегиранд. Барои мисол, барои Ҳаҷ дар навбат истодан, навбатпоӣ монеъи рафтани вай ба Ҳаҷ мегардад, дар ин сурат, инсон агар қабл аз иҷрои маносики Ҳаҷ маргаш фаро расад, вай дар назди Худои таъоло осӣ ва гунаҳкор дониста намешавад, чунки ин мард талоши худро карда буд, аммо марг барояш фурсат надод.
- Дар вақте ки инсон шароит дорад, вале хонадор кардани фарзандон ва ё дигар умури зиндагиро баҳона карда сафари Ҳаҷро ба таъхир мегузорад. Ба иборати дигар, ҳар яке аз онҳо мегӯяд, ки агар фарзандам фалониро хонадор кунам ва ё хонаи фалон баччаамро бисозам, баъд дар солҳои оянда, ба Ҳаҷ хоҳам рафт. Оё барои ин афроде, ки баҳона карда Ҳаҷро дар вақташ ба ҷо намеоранд, ягон ҳукми хоси шаръие вуҷуд дорад?
- Дар шароите, ки Ҳаҷ рафтан барои кас фарз шудааст, яъне шароит ва имконоти ба Ҳаҷ рафтан барои фард фароҳам шудааст, дар ин сурат, агар фард кореро баҳона карда, иҷрои онро аз фарз-Ҳаҷ, ки рукни дини ислом аст, болотару муҳимтар донад ва дар воқеъ ҳам агар чунин бошад, дар ин маврид, шахс осӣ ва гунаҳкор намешавад. Аммо агар ҳукми иҷрои он баҳона аз фарз поинтар бошад, дар ин сурат шахсе, ки Ҳаҷ рафтанро ба таъхир мегузорад, осӣ ва гунаҳкор дониста мешавад.
- Яъне дақиқан инро пурсиданӣ будам, ки оё хонадор кардани фарзандон (зан додани писар ва ба шавҳар додани духтар) мисли Ҳаҷ болои падару модар фарз аст ва бояд, ки волидон аввал фарзандони худро хонадор кунанд ва баъд ба сафари Ҳаҷ бираванд ё шариъат дар мавриди хонадор кадани фарзандон ҳукми дигар дорад?
- Не, албатта, зан додан ин ҳиммати мардуми худамон (мо тоҷикон) аст. Дар бисёр давлатҳои исломӣ ва мусалмоннишин зан додани фарзанд аслан вуҷуд надорад. Ҷавон худаш меомӯзад, соҳиби илм мешавад, хона месозад, пас аз он зан мегирад. Дар мардуми мо ин одат шудааст, аммо ин одати хуб ва кори нек аст. Падар фарзандашро оиладор мекунад, соҳиби хона мекунад ва дар якҷоягӣ бо аҳли оила ин кори некеро анҷом медиҳанд.
Ин як низоми оиладорие ҳаст, ки дар мо то ба ҳол риоя мешавад. Фарзандон бо падару модар якҷо ҷамъшуда бародарони худро ба навбат оиладор мекунанд. Ин ҳама кори хайр ва амалҳои нек мебошанд ва барои ин корҳо аҷру савоб ҳам мегиранд, аммо ин маънои онро надорад, ки хонадор кардани фарзанд баробари Ҳаҷ фарз бошад, албатта хонадор кардани фарзанд болои падару модар баробари фарз нест. Хонадор кардани фарзандон як амри мустаҳаб аст, на фарз!
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
303
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
347
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
186
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
236
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
574
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
RSS Обуна