ТӮҲФАИ МУНОСИБ БА МУСУЛМОНИ ТОҶИКИСТОН
Сохтмони масҷиди ҷомеъ, ки 6 октябр ба он асос гузошта шуд, дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон бояд чун муждаи нек арзёбӣ гардад. Бо ғунҷоиши 115 ҳазор намозгузоранда, чунин макон боиси ифтихору сарафрозии мост, арҷгузорӣ ба бузургдошти суннатҳои миллист. Бунёди он, тавре мардум мегӯянд «Хонаи Худо», бо мусалмон будани аксарияти мутлақи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дорои аҳамияти бузург мебошад.
Ҳар яки мо борҳо шоҳид гаштаем, ки баъди бозгашт аз кишварҳои исломӣ дӯстонамон дар бораи шукӯҳу шаҳомати масҷидҳояшон сухан мекарданду ҳозирин бо ҳавас ба тавсифоти онҳо гӯш медоданд. Инак, дар ҷумҳурии мо низ чунин ҷое бино мешавад, ки назираш шояд дар қаламрави собиқ Шӯравӣ набошад. Боиси ифтихор аст, ки ин иншооти муҳими динию фарҳангиро бинокорони тоҷик месозанд. Шояд ин бори аввал бошад, ки мутахассисони ҷумҳурӣ бе ҷалби хориҷиён даст ба чунин кори масъулиятнок мезананд.
Мутмаинем аз ӯҳдааш мебароянд. Касе шакку шубҳа дорад, метавонад аз Аморати Муттаҳидаи Араб сар карда, то Ҷумҳурии Қазоқистону Федератсияи Русия назар афканад. Бо чашмҳои худ бубинад, дасти пурбаракати тоҷик чӣ корнамоиҳоеро анҷом дода, дар симои шаҳру ноҳияҳои кишварҳои ба мо дӯсту бародар чӣ ҳусну таровати тозае замм кардаанд.
Ойини шаҳрсозӣ ва пешравии ҷомеа бояд ҳатман дар бунёди иншоотҳое таҷассум ёбанд, ки бо мусаввараҳои соҳавӣ ва наққошию нигораҳои нодир зиннат дода шаванд. То он ҷое, ки огаҳӣ дорем, дар шаҳру навоҳии кишварамон солҳои ахир баъзе масҷидҳое бино шудаанд, ки бидуни тарҳрезӣ ва тадқиқоти қаблӣ, бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ, бо роҳи ҳашар бунёд гардидаанд, бинобар ин аз камбудиву ноқсонҳои меъморӣ орӣ нестанд.
Дар таърихи 20 солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал аст, ки ба сохтмони масҷиди ҷомеъ муносибати ҷиддӣ зоҳир гардида, аз буҷаи давлат ба таври расмӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Лоиҳааш ҷавобгӯи талаботҳои байналмиллалӣ буда, сохтмонаш баъди таҳқиқу баррасиҳои зиёди мутахассисон шурӯъ гаштааст.
Ба ин нигоҳ накарда, камбинону хурдагирон аз рӯи ҳавою ҳасад аз ҳар як ташаббуси неку созанда эрод мегиранд. Айни чунин бархӯрд бо сохтмони масҷиди ҷомеъ низ сурат пазируфта истодааст. Яке дар ин иқдом «худнамоӣ», дигаре «худсафедкунӣ», саввумин «тиҷорат»-ро мебинанд (бо чунин сарлавҳаи ҳаммазмун дар сомонаи интернетии «ozodi.org» рӯзи 06.10.2011с. мақолае пахш гардид).
Худи ҳасудон, ки одатан бо номи таҳлилгарону коршиносон баромад мекунанд, гуфта наметавонанд, ки «худнамоӣ» дар назди кӣ ва баҳри чӣ, «худсафедкунӣ» аз кадом гуноҳ ва бо кадом мақсад, «тиҷорат» бо чӣ, бо дину эътиқоди мардум???
Ин мавзӯест – доманадор, ки таълифоти дигарро мехоҳад ва аз ҳавсалаи мавзӯи матраҳшуда берун мебошад. Таърих гувоҳ аст, ҳама вақт ҳар як бунёдкорӣ, пешравӣ ва навоварӣ вокунишҳоеро бар алайҳи худ доштаанд. Маҷмӯаи Исмоили Сомонӣ, Нерӯгоҳи обию барқии «Роғун», Парчами Миллию Китобхонаи Миллӣ номгӯи ночизи иншоотҳоеанд, ки аз танқиди беасосу сатҳии «ноқидон» дур намондаанд.
Кам коршиносе, уламое ва ё олиме пайдо мешавад, ки дар ташаббусе ҷанбаи мусбии ояндасозро бубинад. Аз мавқеи шаҳрвандию ватандорӣ сухан карда, ваҳдату ягонагиро дар амалисозии ибтикоре муҳим бидонад.
Сарфи назар аз ин ҳама нотавонбиниҳо умедворем бунёди масҷиди ҷомеъ дар ш.Душанбе бидуни мушкилоти идорӣ, молиявӣ, фаннию сохтмонӣ, бо сифати намунавӣ ба анҷом расонида мешавад. Бинокорони тоҷик аз худ маҳорату малакаи баланд нишон дода, санъати нотакрори меъмории ниёгонамонро зинда менамоянд, шоҳкориеро ба анҷом мерасонанд, ки бо шукӯҳу шаҳомати худ мардумро на танҳо барои тоату ибодат ҷалб менамояд, балки макони дидании ҷаҳонгардони хориҷӣ низ мегардад.
Ҳамзамон тамонно дорем, ки бунёди ин боргоҳи муқаддас бидуни шитобкорӣ ва пайвастсозӣ ба ягон санаи таърихӣ сурат мепазирад. То лаҳзае, ки хишти охирин гузошта ва ё мехи охирин куфта намешавад, иҷозати ифтитоҳаш содир намегардад.
Миллати тоҷик лоиқи он аст, ки нерӯгоҳи азимтарин, корхонаҳои пуриқтидортарин, парчами баландтарин, китобхонаи беҳтарин, масҷиди бузургтарин ва дигару дигарҳоро дошта бошад. Ҳар шом, ки сокинони пойтахт бо аҳли оилаашон дар гирди Маҷмӯаи Исмоили Сомонӣ, боғи Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Парчами Миллӣ ва Нишони Давлатӣ оромона гашту гузор мекунанд, то чӣ андоза пуч будани хурдагириҳои ҳасудони нотавонбин баръало ҳувайдо мешавад.
Хулоса, масҷиди ҷомеъи бунёдшаванда, на танҳо ҷои муроҷиат ба Худои Яккаву Ягона, балки маркази илмию фарҳангӣ низ мегардад. Дар ин соли пуршукӯҳ он тӯҳфаи муносибест ба мусулмонони кишвар баҳри пойдору устувор нигоҳ доштани суннатҳои аҷдодӣ, мероси арзишмандест барои наслҳои оянда ва ташаккули ҷаҳонбинии исломӣ.
Бигзор ин макони муқаддас бо дасту дили гарм, ҳисси баланди ватандорӣ, тавре мардум мегӯянд «аз таги дил» сохта шавад, дар қалби ҷумҳурии азизамон ба ифтихори мо - тоҷикон қомат барафшонад.
Зиёвуддини Авлиёпур
-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
301
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
346
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
185
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
236
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
RSS Обуна