КУМИТАИ ДИН: "МЕНТАЛИТЕТИ МО АЗ ҒАРБИҲО ФАРҚ ДОРАД"
Кумиссиюни Амрико оид ба озодии дин дар ҷаҳон гузориши худро роҷеъ ба озодиҳои мазҳабӣ дар соли 2011 дар ҷаҳон нашр кард. Дар ин гузориш Туркияу Тоҷикистон дар гурӯҳи бадтарин кишварҳое ҷой гирифтаанд, ки озодиҳои мазҳабиро хеле маҳдуд кардаанд. Туркия ва Тоҷикистон аз ҷумлаи 16 кишваре ба шумор мераванд, ки бароии маҳдудиятҳои мазҳабӣ мояи нигаронӣ қарор гирифтаанд.
Дар ин гузориш дар гурӯҳи 16 кишвари дорои маҳдудиятҳои мазҳабӣ ҳамроҳ бо Туркияву Тоҷикистон ҳамчунин Мянмар, Кореяи Шимолӣ, Мисру Эрон низ омадаанд. Аз Шӯравии пешин дар гурӯҳи кишварҳои маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ Туркманистону Узбакистон дохил шудаанд. Туркия барои фишор ба пайравони мазҳабҳои ғайриисломӣ ба феҳристи сиёҳ даромадааст.
Аммо дар бораи Тоҷикистон омадааст, дар давоми соли 2011 дар ин кишвар фаъолияти тақрибан 50 масҷид мамнӯъ эълон шудааст. Нуктаи муҳиме, ки ба он ишора мешавад, ин аст, ки ҳамаи фаъолиятҳои мустақилонаи мазҳабӣ, ки берун аз назорати ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, зери фишор қарор мегирад ва ё дастандаркорони он ба муҷозот кашонда мешаванд. Тибқи гузориш, на танҳо фаъолиятҳои мазҳабии мусулмонон, балки фаъолияти ақаллиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла гурӯҳи Шоҳидони Яҳво маҳдуд шудааст.
Бо назардошти нигарониҳои мазҳабӣ, Кумиссиюни Амрико оид ба озодии дин дар ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамоно дар феҳристи кишварҳои “Зери назорат” нигоҳ доштааст. Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин сӯ дар ин феҳрист ҷой гирифтааст.
Мухтор Мавлонов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, муаллифони гузориш бо назардошти меъёрҳои ғарбӣ ин гузоришро таҳия кардаанд, вале шароит дар Тоҷикистон фарқ дорад: “Баъзан танқидҳои носозгор ҳам ҳастанд. Албатта, назари онҳо дигар аст, назари мо дигар. Сатҳи менталитети мардуми мо дигар аст. Расму таомули мо дигар аст. Фарқ дорад. Масалан, он чӣ ки дар давлатҳои пешрафтаи Ғарб таомул шудааст, мо яку якбора наметавонем онро қабул кунем.”
Дар гузориши Амрико омадааст, дар Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳои мазҳабии сабтиномнашуда, таълими хусусии динӣ, гаравидан ба дини дигар нақзи қонун дониста мешавад ва ҳукумат дар интихоби имомхатибон мудохила мекунад. Инчунин, ҳукумат чопи адабиёти мазҳабӣ ва воридоти чунин адабиёт аз хориҷро зери контроли шадид гирифтааст.
Бо вуҷуди ин, Мухтор Мавлонов дар бораи қонуни озодии виҷдони Тоҷикистон чунин мегӯяд: “Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ягон хел маҳдудият надорад.”
Вале дар гузориши кумиссиюни Амрико гуфта мешавад, ки тибқи ин қонун занҳо ҳақ надоранд ба масҷид раванд ва ё ҳақ надоранд бо рӯсарӣ дар дарсҳои донишгоҳӣ ширкат ҷӯянд. Ба мардҳо иҷоза дода намешавад, ки бо риш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳузур ёбанд.
Саидаҳмади Қаландар, коршиноси умури мазҳабӣ, бо чунин нукоти гузориши кумиссиюни Амрико розист ва мегӯяд, ба ақида фишор овардан дар ҳар кишвар хоҳ дар кишвари мусулмонӣ ва хоҳ дар кишваре, ки аҳолиаш насронист, хилофи қонуни умумибашарист. Барои мисол, ҷаноби Қаландар мамнӯъ эълон кардани дарсҳои ҳуҷраии ҷавононро аз маҳдудиятҳои дигар медонад:
"Ба тасвиб расидани Қонун дар бораи масъулияти падару модар ва манъ кардани бачаҳо аз таълими динӣ гирифтан дар хонавода ин ҳам ҳуқуқи қонунии фарзандон аст. Дарсҳои ҳуҷраӣ имрӯз чун омили манфӣ маънидод карда мешаванд, вале дар таҷрибаи дунёӣ дидаем, ки аксари бузургони дунё, ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ дар ҳамон дарсҳои ҳуҷраӣ ё дарсҳои ғайримадрасаӣ дар назди донишмандони мумтоз таҳсил кардаанд ва мардуми фаҳмида бачаҳои худро мебаранд, мехононанд.”
Бо вуҷуди ин, Саидаҳмади Қаландар дар маҷмӯъ бо қонун дар бораи озодии дин дар Тоҷикистон мухолифате надорад ва мегӯяд, гоҳо мақомоти маҳаллӣ ҳангоми иҷрои моддаҳои қонун зиёдаравӣ мекунанд ва ба истилоҳ “ба ҷои салла калла" меоранд.
Кумиссиюни Амрико дар гузориши худ барои Тоҷикистон баъзе пешниҳодҳо низ матраҳ кардааст ва гуфтааст, чун Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад, аз лиҳози стратегӣ барои Амрико кишвари муҳимест. Ба ин сабаб Амрико дар Тоҷикистон ба озодиҳои мазҳабӣ ва озодии эътиқод аҳамият қоил аст.
Кумиссиюн дар гузориши худ ба сафорати Амрико дар Душанбе пешниҳод кардааст, ки дар оянда низ бояд мурофиаҳои додгоҳии ононеро, ки барои фаъолиятҳои мазҳабӣ муҳокима мешаванд, зери назорат бигирад ва якҷоя бо маҳофили байнулмилалӣ барои қозиёни додгоҳҳо ва додситонҳо давраҳои омӯзишӣ баргузор намояд. Гузориш мегӯяд, давлати Амрико бояд ба ҳукумати Тоҷикистон фишор орад, ки бо назардошти ӯҳдадориҳои байналмилалиаш қонунҳои муносиб таҳия карда ва ба тасвиб расонад.
«Озодӣ»
-
20.10.2026 15:45
228
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
356
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
180
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
299
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
344
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
185
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
236
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
348
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ











































Шарҳҳо
ҳукумат бо куфр пойдор аст вале бо зулм фру мерезад
RSS Обуна