РАҲБАР ШУДАНИ ЗАН АЗ НИГОҲИ ШАРИАТ ОЁ ДУРУСТ АСТ?
Аз силсилаи посухҳои Юсуф ҚарзовӢ ба суолҳо
Суол:- Ҳадиси «гурӯҳе, ки зимоми кори хешро ба зане бисупоранд ҳаргиз растагор нашаванд», то чӣ андоза сиҳҳат дорад? Касоне, ки мункири халлоқият ва тавоноии зан дар ин бора ҳастанд ин ҳадисро рад мекунанд ва мегӯянд: ин ҳадис бо он ҳадиси Паёмбар (с), ки мефармояд: «Нисфи динатонро аз Ҳумайро, яъне Оиша, бигиред», мунофот дорад.
Ҷавоб: - Ҷаҳолат мусибати бузургест ва вақте ки бо хоҳишҳои нафсонӣ ҷамъ гардад, қиёмати кубро аст. «Ва касе ҳаст гумроҳтар аз он ки беҳамроҳии Худо аз ҳавасаш пайравӣ кунад?».
Касе, ки ҷаҳл ва ҳавои нафсонияш бо ҳам ҷамъ гардад, ҷои шигифтӣ нест, ки ҳадиси саҳеҳро мардуд ва мардудро саҳеҳ ангорад. Ҳадиси аввал саҳеҳ аст ва аз Абӯбакр (р) ривоят шуда ва мегӯяд: ҳангоме, ки Паёмбар (с) бо хабар шуд, ки аҳли билоди Форс (имперотурии Форс) зимоми ҳукумати хешро ба духтари Кисро супурдаанд, фармуд: «Гурӯҳе, ки зимоми кори хешро ба зане бисупоранд ҳаргиз растагор нашаванд».
Ин ҳадисро Бухорӣ, Аҳмад, Насоӣ ва Тирмизӣ ривоят кардаанд ва дар қуруни мутамодӣ мавриди пазириши донишмандони исломӣ қарор гирифта аст ва бар ҳамин мабно ҳукм содир намудаанд, ки зан наметавонад ба мардон вилояти ома дошта бошад.
Дар ҳоле, ки ҳадиси дигаре «Нисфи динатонро аз Ҳумайро бигиред», Ҳофиз Ибни Ҳаҷар, гуфтааст: санаде барои ин ҳадис дар даст надорам ва ҷуз дар «ан-Ниҳоя»-и Ибни Асир он ҳам бидуни тахриҷ ва дар ҳеч кутуби ҳадиси дигаре онро надидаам. Аммодуддин Ибни Касир, баён медорад, ки дар бораи ин ҳадис аз Музанӣ ва Заҳабӣ суол шуда онон нисбат ба он изҳори беиттилоӣ намуданд.
Ин дар сурате аст, ки аз лиҳози санад ва ровиёни ҳадис ба сиҳҳат ва сиқами он пардохта шавад. Вале ҳар гоҳ аз назари матн ва мавзӯъ боз ҳадисеро мавриди баррасӣ қарор диҳем, меёбем, ки ақл мункири он аст ва воқеъи амр онро мардуд мешуморад.
а) Чӣ гуна Паёмбар (с) ба мо дастур медиҳад, ки нисфи динро фақат аз Оиша бигирем? Пас аз бақияи саҳоба бо он теъдоди фаровон, чӣ чизе аз динро дарёфт намоем? Дар сурати исбот, кадом нисфро аз Оиша ва кадом нисфро аз дигарон бигирем?
б) Ба иловаи калимаи «Ҳумайро», ки мусағғари таҳбиб ва намакин аз калимаи «Ҳамро» (сурх) аст, аз ҷумлаи важаҳои самимона ва худмонӣ аст, ки Паёмбари Акрам(с) дар суҳбатҳои хусусӣ ва хонаводагии худ дар иртибот бо ҳамсаронаш ба кор мебаранд, ва баъид ба назар мерасад, ки Паёмбар (с) дар мақоми таълим ва тарбияти уммат чунин калимотеро ба забон оварда бошанд.
Ҳамчунин воқеият ба мо нишон медиҳад, ки уламои исломӣ на нисф ва рубъ (чоряк) ва на ъушр (даҳяк)-и динро на аз лиҳози ривоят ва на аз ҷиҳати дироят аз Оиша дарёфт накардаанд.
Аз ҷиҳати ривоят ҳазорон саҳобаи марду занро меёбем, ки дар таблиғи гузориши ақвол ва афъол ва таъйидоти Паёмбар (с) саҳим ва бархурдор будаанд ва Оиша яке аз он ровиёни бешуморест, ки ҳар андоза ривояти эшон зиёд бошад, ба пои ривоятҳои Абӯҳурайра нахоҳад расид ва аз ҷиҳати дироят ва фиқҳ ва фатво ва ақлу воқеиятҳои таърихӣ имконпазир нест, ки Оиша ба танҳоӣ баёнгари нисфи дин бошад, пас саҳми саҳобаи кибор амсоли Абӯбакру Умар, Алӣ, Ибни Масъуд, Убай ибни Каъб, Маъоз ибни Ҷабал, Зайд ибни Собит ва табақоти саҳоба ва саҳоба баъд аз онон амсоли абодилаи арбаъа: Ибни Умар, Ибни Аббос, Ибни Амр, Ибни Зубайр ва…чӣ мешавад ва куҷо меравад?!
Ривоятҳои марбут ба маноқиби саҳобаро бояд бо эҳтиёти комил фаро гирифт, муҳаддисони бузург баён доштаанд, ки нахустин мавзӯе, ки ҷоъилони ҳадис (суханбофони ҳадис) ба суроғи он рафтаанд, маноқиби ашхос будааст, ба вижа нисбат ба касоне, ки дорои дӯстон ё душманони ифротӣ будаанд ва Оиша (р) аз он ҷумла аст.
Дар Қуръон дар сураи Нур ва низ дар аҳодиси саҳеҳ ва ҳасан перомуни фазоили Оиша аз чунон нусус ва ривоятҳо бархурдор ҳастем, ки моро аз аҳодиси ғулув ва ифротӣ ва мавриди инкори ақл ва воқеъ бениёз созад. Ибни Ҷавзӣ дар муққадимаи китоби худ баноми «ал-Мавзӯъот» мегӯяд: «чӣ некӯст баёни он ки гуфтааст: ҳар ҳадисеро дидед, ки мухолиф бо ақл ва муғойир бо нақл ва мутаноқиз бо усул буд, бидон, ки ҳадиси мавзӯъ ва ҷаълӣ (сохташуда) аст».
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/4631-rahbar-shudani-zan-az-nigohi-shariat-durust-ast.html
-
20.10.2026 15:45
231
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
211
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
795
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
289
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
311
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
198
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
359
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
187
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
238
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
574
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
442
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































