ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР БОРАИ РОҒУН БА ТОШКАНД ПОСУХ ГУФТАНД
Донишмандон иддаои мақомоти Узбакистон дар мавриди ба зилзилаҳо тобовар набудани Роғунро бепоя номиданд. Яраш Пӯлодов, раиси Пажӯҳишгоҳи оби вазорати обу мелориатсияи Тоҷикистон, даъвои ҷониби Узбакистон дар робита ба паёмади заминларзаи ахир дар шарқи Тоҷикистонро рад намуд.
Дар Узбакистон заминҷунбии субҳи рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон то 4 дараҷаи ҷадвали Рихтер ҳис шуда ва нашрияҳои ин кишвар наздикии маркази онро ба Роғун далели нигарониҳои худ номидаанд. Расонаҳои интернетии Узбакистон навиштаанд, маркази зилзила дар 17-километрии шаҳри Роғун буда, эъмори сарбанди 335-метрӣ дар ин ҷо метавонад, тамоми минтақаро зери хатар қарор диҳад.
Онҳо дар ин робита аз ҳушдори сардори раёсати Вазорати хоҷагии оби Узбакистон, Шариф Қучқоров, ёд кардаанд, ки бо назардошти хатари заминҷунбӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғунро қатъ кунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси Пажӯҳишгоҳи вазорати обу мелориатсияи Тоҷикистон, Яраш Пӯлодов, дар робита ба нигарониҳои ҷониби Тошканд, гуфт, "фикр мекунам, ин даъвоҳо супоришӣ ҳастанд. Зеро ин нигарониҳо ва даъвоҳо аз ҷиҳати илмӣ, фаннӣ ва ҳатто аз ҷиҳати қонунҳои табиат асосе надоранд."
Ба таъкиди Пӯлодов, бори аввал нест, ки намояндагони Узбакистон ин мавзӯъро матраҳ мекунанд, аммо онҳо воқеиятро бо он ки мефаҳманд, пазируфтан намехоҳанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, "заминҷунбӣ, ин хоси табиат аст ва дар 50-100 соли пеш низ ин гуна қонунҳои ҳаракати замин ва ҳодисаҳои табиат ба вуқӯъ афтодааст. Ин гуна ҳодисаҳои табиат дар ҳама гӯшаи ҷаҳон ва аз ҷумла Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт.
Раиси Пажӯҳишгоҳи оби вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки иншоот дар қаламрави Тоҷикистон тибқи лоиҳаҳои муҳандисӣ тавонии то 9 бал заминларзаро доранд. Ба ин далел, Яраш Пӯлодов, ҷонибдори сохтмони нерӯгоҳи Роғун буда, мегӯяд, "ин кор, яъне сохтмони Роғун бояд идома ёбад. Чун ин лоиҳа ҳам аз ҷиҳати экологӣ, ҳам фаннӣ, ҳам сейсмологӣ асоснок шудааст ва имрӯз мо наметавонем аз баҳри ин гузарем."
Академик Собит Неъматуллоев, зилзилашиноси тоҷик, низ иддаои ҷониби Узбакистонро ангезаи сиёсӣ дониста ва мегӯяд, "дар Осиёи Миёна ҳар сол қариб 9 ҳазор бор заминҷунбӣ рух медиҳад ва ин зилизилаҳо он қадар сангин нестанд. Дар тӯли 500 соли ахир ягон бор заминҷунбии вазнин дар минтақаи Роғун нашудааст. Заминларзаҳое, ки рух додаанд, то ҳудуди 6 дараҷаро ташкил медиҳанд. Аммо тавоноӣ ва зарфияти нерӯгоҳ то 9 дараҷа аст."
Академик Неъматуллоев гуфт, онҳо маводи сейсмологии 125 соли ахирро омода кардаанд, ки боре ҳам заминларзаи бузург дар ин минтақа рух надодааст. Мояи тааҷҷуби академик Неъматуллоев ин аст, "дар ҳоле ки лоиҳаи Роғун дар Тошканд таҳия шуда буд ва пажӯҳишгоҳи махсуси лоиҳакашӣ ин тарҳро сохтааст, бародарони узбак дидаву дониста боз санги маломат ба сӯи Тоҷикистон мепартоянд."
Бо таваҷҷӯҳ ба маводи илмии асоснокшуда, Собит Неъматуллоев бар ин бовар аст, ки Тошканд қазияро сиёсӣ карда, мехоҳад ба ҳар роҳ монеи иҷрои тарҳи Роғун шавад. Аммо ба таъкиди масъулон ва олимони соҳа чунин "дастаккуниҳо", ки заминларзаи ахир дар шарқи Тоҷикистон ҷониби Тошкандро "рӯҳбаланд" кардааст, наметавонад пеши ҳадафи стратегии давлату миллати Тоҷикистонро бигирад.
Бар асари заминҷунбии рӯзи якшанбеи 13-уми май, дар шарқи Тоҷикистон як нафар ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, маркази заминларза дар152-километрии шимолу шарқи Душанбе ва 20-километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт будааст. Тибқи гуфтаи мутахассисон, Тоҷикистон як минтақаи зилзилахез маҳсуб шуда, ҳамасола ҳазорҳо ларзиши замин дар ин кишвар ба қайд гирифта мешавад.
«Озодӣ»
-
20.10.2026 15:48
218
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
-
20.10.2026 15:45
236
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
215
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
14.09.2026 04:00
327
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
837
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
797
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
23.10.2026 12:51
248
Тоҷикистон ва Урал: Самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва илми муосир
-
21.10.2026 22:11
752
Ҳифзи брендҳои милливу ихтироот: Тоҷикистон фазои патентии худро дар бозори рақамӣ устувор мекунад
-
19.10.2026 22:10
188
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
12.10.2026 00:59
467
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
363
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
457
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:14
325
Дуздии барқ ва порагирӣ: Прокуратура нисбати даҳҳо назоратчиёни барқ парванда оғоз кард
-
21.10.2026 22:08
301
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
425
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
21.10.2026 22:17
396
Масъалаи хат ва таҳаввули таърихии забони тоҷикӣ дар муқоиса бо форсии Эрон ва дарии Афғонистон
-
20.10.2026 15:35
529
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
192
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
02.10.2026 13:53
335
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
320
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
432
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
12.10.2026 01:06
399
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
350
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
581
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
226
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
265
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
872
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
636
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2457
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1517
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
228
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
444
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
319
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
487
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
398
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
388
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































