15:38:10 14-уми Июни 2026 сол
Хуршед Мустафоев: "Мо коргардони хуб надорем" 16.07.2013 12:29 1726
Хуршед Мустафоев соли 1999-ум Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, чанд муддат дар театри "Аҳорун" фаъолият намудааст. Аз соли 2002-юм кори худро дар театри русии ба номи Маяковский идома медиҳад. Бо нақшҳои офаридааш дар театру синамои тоҷик дар байни мардум маъруф аст. Бо чандин ҷоизаву мукофотҳо ...
Таҳқиқ ва ифшои румузи шуаро 16.07.2013 12:21 1958
Робитаҳои адабию фарҳангии тоҷикону эрониёнро дар давоми асрҳои мозиву охир метавон гуфт, ки ҳамеша вуҷуд дошт. Гарчанде дар даврони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ шамъи ин равобит чандон дурахшон набошад ҳам, ба куллӣ хомӯш нагашта буд. Дар даврони Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз оғози ифтитоҳёбии сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ...
Мирзоватан Миров: «Ман ба Афғонистон ба мардикорӣ не, бо даъвати расмӣ рафта будам» 14.07.2013 20:53 1584
Ходими санъати Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, коргардон, оҳангсозу овозхони писандида Мирзоватан Миров соли 2012 бо даъвати Вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии исломии Афғонистон муддати як сол бо сафари хидматӣ...
Абдулҳамиди Самад: «Хонанда кам бошаду хуб бошад беҳтар аст» 14.07.2013 20:48 1833
Абдулҳамиди Самад соли 1947 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст ва фориғуттаҳсили Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон буда, дар рӯзномаи ҳизбии «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаи адабии «Садои Шарқ», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва ҳафтавори «Фарҳанг» фаъолият намудааст.
Шоме, ки дар Ватан ҳама ашк мерехтанд… 14.07.2013 20:44 1713
"Ман худамро хушбахттарин адиби тоҷик меҳисобам. Зеро нахустин шоири тоҷикам, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш нақшашро дар саҳнаи театр беҳтарин ҳунармандон офариданд ва худаш тамошогари он намоишнома будааст. Чунин ифтихор ва бахт ҳатто ба устодони сухан Айнӣ, Лоҳутӣ...
Саттор Турсун: "Агар ҷамъият талаб дорад, адабиёти хуб ҳам пайдо мешавад" 09.07.2013 18:07 1825
Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Саттор Турсун аз зумраи маъруфтарин нависандагони адабиёти муосири тоҷик маҳсуб меёбад, ки навиштаҳояш аз ҷониби мунаққидону аҳли адаб ва хонандагони сершумор баҳои сазовор гирифтаанд. Осори ӯ амсоли "Зиндагӣ дар домани талҳои сурх" ...
Марде, ки илмро бар сиёсат тарҷеҳ дод 08.07.2013 10:42 1615
Сукути деринтизори шаб. Ман аз нисфирӯзӣ ба инҷониб зери тассуроти ҳамин як лаҳзаи басо кӯтоҳам. Дар як нишастгоҳи озода дар Китобхонаи миллӣ устодони сухан, касоне, ки дарси калом бароямон омӯхта буданд, гирди ҳам нишастаанд. Аммо ин бор сухан аз устоди фақид Раҳими Мусулмониён аст.
Коргардони «Нотарс»: «Рушди синамои тоҷик орзуи ягонаи ман аст» 05.07.2013 22:12 1730
Рӯзи 7-уми июл дар Кохи Ҷомӣ нахустнамоиши филми коргардони ҷавони тоҷик Муҳаммадҷон Раҳмонов баргузор мегардад. Чанд рӯз аст, ки мардум порчаҳои филми «Номус»-ро тариқи мониторҳои шаҳр, таблиғоти шабакахои телевизионӣ мебинанду ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.
Мирзо Шукурзода: Дар сухан дурр бибояд суфтан… 04.07.2013 13:50 1860
Мирзо Шукурзодаро аслан бо китоби муътабари "Тоҷикон дар масири торих" мешиносанд. Ин китоб соли 1994-ум ва такроран соли 1996-ум дар Пешовари Покистон, соли 1998 дар Теҳрон нашр шуда, аз зумраи китобҳои камшуморест, ки тарғибу ташвиқи ҳуввияту тамаддуни миллии тоҷиконро барои наслҳо армуғон мегузорад.
Рустами Ваҳҳоб: «Шеъри бузургро виҷдони бузург меофарад» 01.07.2013 17:57 1930
-Устод, Шумо масъули бахши назм дар маҷаллаи миллӣ - адабии "Садои шарқ" ҳастед ва ҳар шеъре, ки дар маҷалла чоп мешавад, аввал аз назари Шумо мегузарад. Вазъи назми муосири тоҷикро, ки атрофаш имрӯзҳо сару садоҳои зиёд баланд мешавад, чӣ гуна баҳо медиҳед?
Шералӣ Абдулқайсов: "Вақте халқ моро нафаҳмид, мо дӯст не, душмани халқем" 28.06.2013 18:07 1901
Шералӣ Абдулқайсов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, яке аз беҳтарин ҳунарпешаҳои театри муосири тоҷик, имсол ба ҳайси устоди Донишкадаи санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода низ дастоварди хуберо соҳиб шуд, ки дар ин бора ва умуман дар бораи театри имрӯз суҳбати хабарнигори ҳафтаномаи "Рӯзгор"-ро бо эшон ба таваҷҷуҳатон пешкаш мекунем.
Маҳфили ёдбуди Аминҷон Шукуҳӣ 26.06.2013 14:22 2220
"Агар лирикаи ишқиву самимонаи Аминҷон Шукуҳӣ солҳои шастуми асри гузаштаи мелодӣ дар адабиёти мо буруз намекард, дар гумон буд, ки дар он солҳо шоирони навовару навҷӯе ба мисли устодони имрӯз шодравон Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева ва дигарон ба ин бузургӣ арзи вуҷуд мекарданд"- гуфт Гулназар Келдӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон, дар ....
Вақте "Кӣ мегӯяд?" аз "Чӣ мегӯяд?" муҳимтар аст... 25.06.2013 11:22 1367
Бозгашти устод Бозор Собир ба Ватан ва сӯҳбатҳои вай перомуни бархе аз масоил, ки вокунишҳои гуногунеро дар пай дошт, нишон дод, ки ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо аз ду пурсиши аслии "Кӣ мегӯяд?" ва "Чӣ мегӯяд?", аввалӣ хеле муҳимтар аст. Ба ибораи дигар, дар зеҳни бештари мардуми мо ба таври ....
Ҳабибулло Абдураззоқов: "Айб дар тамошобин не, дар театрҳои мост" 20.06.2013 13:47 1599
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов аз зумраи маъруфтарин ҳунармандони кишвар маҳсуб ёфта, дар синамову театр нақшҳои зиёдеро офаридааст ва чун коргардон дар театрҳои тоҷик зиёда аз 30-намоиш таҳия кардааст. Чанд муддат дар вазифаи раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
М.Бахтӣ: «Зиёии ҳақиқӣ он нест, ки мардумашро дашном диҳад» 18.06.2013 12:42 1309
Як идда ташкилотҳои эҷодиро «зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд» номидани Олга Тутбалина, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» нороҳат сохт ва онҳо эълон карданд, ки ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Рӯзи 17-уми июн дар мусоҳибааш ба мо Олга Тутубалина изҳор дошт, ки суханони ӯ ба ҳамаи зиёиён тааллуқ надошт ...