Раънои Мубориз: “Ман менависам, бояд ҳатман нависам”
24.11.2013 17:48
2052
Раънои Мубориз зодаю парвардаи ноҳияи Шуғнони куҳистони Бадахшон аст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1987-ум, баъди ба итмом расонидани донишгоҳ, ба рӯзномаи вилоятии “Бадахшон” ба кор даъват шуда, чанд муддат ба ҳайси ходими адабӣ ...
Қодири Рустам: "Адами андеша яке аз дардҳои ҷомеаи имрӯзи мост"
24.11.2013 17:47
1603
Қодири Рустам интиҳои солҳои ҳаштодум бо диду нигоҳи тоза ба майдони адабиёт омада буд. Осори адабии ӯ амсоли "Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар", "Чойхонаи Роҳат ё қисса ва ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб" мавриди истиқболи гарми адабиётшиносон ва аҳли адаби кишвар қарор гирифтаанд.
Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ – V
22.11.2013 10:54
1354
Нақл аст, ки Абубакри Шиблӣ гуфт: аз ҷумлаи фирақи олам, ки хилоф кардаанд, ҳеҷ кас данитар (нокас, сифла) аз рофизӣ ва хориҷӣ наёмад, зеро ки дигарон, ки хилоф карданд, дар Ҳақ карданд ва сухан аз Ӯ гуфтанд ва ин ду гурӯҳ рӯз дар халқ ба бод доданд.
Мулоқот дар Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон
20.11.2013 10:44
1166
Ахири ҳафтаи гузашта дар толори маҷлисҳои Институти забон, адабиёти тоҷик ва шарқшиносии АИ ҶТ бо ибтикори Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон мулоқоти Абдулғафури Левол, раиси Маркази таҳқиқоти минтақавӣ ва стратегии Академияи Улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Абдураҳмон Салим ...
Абдумумин Шарифов: «Магар мешавад дар ҳаққи ҳамкор туҳмат зад?»
17.11.2013 17:00
1499
То замоне ки ин миллат ин равиш ва ин сохтор вуҷуд дорад, корвони ҳунари театрии ӯ дар роҳ аст, новобаста ба озу ниёзи касе ва ё гурӯҳе! Ҳеҷ чизе пеши роҳи ӯро наметавонад гирифт, магар мушкилӣ ва саддҳо, ки ин корвон кам надида ва шукр то ҳол дар ҳаракат аст...!
Тағоймурод Розиқов: «Имрӯз актёре надорем, ки образ офарида тавонад»
17.11.2013 16:56
1856
Тағоймурод Розиқов соли 1961-ум омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо бо ихтисоси найнавоз тамом карда, ҳамон сол барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Консерваторияи шаҳри Тошканд месупорад. Аммо дар Консерваторияи ҳамсоякишвар нафаре аз гуруҳи онҳоро қабул намекунанд.
Набарди Рустам бо Барзу ва тафриқаи забонӣ
17.11.2013 16:54
1625
Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ", чунин номидааст китоби нави худро Зафар Сайидзода, пажуҳишгар ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки ахиран дар нашриёти "Контраст" интишор ёфтааст. Китоб гулчинест аз ҳикмати бузургону нухбагони миллат дар бораи истиқлол ...
«Суханро вазну тамкини замин бояд!»
15.11.2013 14:50
1811
Ёддоштнависӣ як анъана, жанри бадеиест, ки дар осори адибон, олимон, зиёиёни гузаштаи кулли миллатҳои муттамаддин нақши муҳиме ба ҷой гузоштааст. Чунин асарҳо барои таърихнигорон, адабиётшиносон,ҷомеашиносон, соҳаҳои дигари илм сарчашмаи омӯзиши давраи муайяни таърихӣ шуда метавонанд.
Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ - IV
15.11.2013 14:34
1898
Ва Ҷунайди Бағдодӣ 7-сола буд, ки Сарии Сақатӣ (тағояш) ӯро ба ҳаҷ бурд. Дар Масҷидулҳаром масъалаи шукр мерафт. Дар миёни чаҳорсад пир чаҳорсад қавл бигуфтанд дар шаҳри баёни шукр ҳар касе қавле. Сарӣ бо Ҷунайд гуфт: ту низ чизе гӯй.Гуфт: шукр он аст, ки неъмате, ки Худой туро дода бошад, ....
Кӯлоб бе Маҳтоб монд...
13.11.2013 11:41
1551
Ин матлаб аз умеду ноумедист. Аз рӯзгори бонуи сухан Маҳтоби Зокир. Оне, ки умре порсо зист, оддӣ ва миёни анбӯҳи мардум танҳо зист. Ва бо ҳамин танҳоӣ аз ин олам бирафт. Бо дардҳо, бо ғуссаҳо ва бо сад алам ва захмҳо дар қалби ҳассосаш бирафт. Дарди бедавои ӯ ҳамин ишқи ....
Озар: "Насли ман насли гумшуда бо ҳазорон ормон дар дил аст"
13.11.2013 11:30
1635
Озар бештар дар жанри ғазал ва анвои мудерни шеър менависад ва дар ин росто хеле пешгом аст. То имрӯз аз Озар се маҷмӯаи шеър бо номҳои "Сарви дуо", "Ирфони ҳино" ва "Гуфтугӯи нахлу моҳ" мунташир шудааст. Озар дар шаҳри Қурғонтеппа ба сар мебарад ва раиси Иттиҳодияи адибони водии Вахш ва ....
Муҳиддин Ҷӯраев: "Панҷ сенария дорам. Аммо ку сарпараст?"
13.11.2013 11:25
1309
Ин ҷавони ҳунарманд се сол қабл, баъди хатми Донишкадаи санъати Тоҷикистон филмеро бо номи "Ормонҳо" таҳия намуд, ки аз тарафи санъатшиносон чун падидаи тоза дар синамои мо эътироф шуд. Сафар Ҳақдодов, Раиси Иттиҳодияи синамогарони кишвар баъди нахустнамоиши филм гуфта буд, ки "бояд синамогарони касбии мо аз ин бачаҳо наворбардориву режиссёриву ....
Дурахши офтоб
13.11.2013 11:20
1117
Бадахшон сарзаминест, ки ҳам аз нигоҳи мавқеъи ҷуғрофӣ ва ҳам сокинонаш на танҳо дар Осиёи Марказӣ балки бемуҳобот дар курраи замин мавқеъи ба худ хос дорад. Беҳуда ин нигини рӯйи заминро "Боми Ҷаҳон" наменоманд. Дар бораи сарзамини Бадахшон то ба имрӯз мақомот ва китобҳои зиёд ба табъ расида бошанд ҳам, ....
Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ – III
08.11.2013 10:31
2399
Нақл аст, ки Ҳорунаррашид ӯро (Мансури Аммор дар назар аст) гуфт: аз ту саволе кунам ва се рӯз мӯҳлат диҳам дар ҷавоби он. Гуфт: бигӯй. Гуфт: олимтарин халқ кист ва ҷоҳилтарин халқ кист?Мансур бархост ва берун омад. Пас, ҳам аз роҳ бозгашту гуфт: ё амиралмӯъминин, ҷавоб бишнав! Олимтарин халқ мутеъи ....
Бозор Собир: "Президент мӯҳтоҷи шеъри ман нест"
05.11.2013 17:03
1708
Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир, ки панҷ моҳ қабл аз мусофирати 19-сола аз Амрико ба Тоҷикистон баргашт, мегӯяд, сару садоҳо дар мавриди тамаллуқ задани ӯ ба президент, ҳангомаи расона мебошад.Аммо ин шоири саршиноси тоҷик мегӯяд, ӯ аз сиёсатҳои раҳбари кунунии Тоҷикистон ба далели корҳои ободонӣ...
















