15:37:18 14-уми Июни 2026 сол
Муҳиддин Ҷӯраев: "Панҷ сенария дорам. Аммо ку сарпараст?" 13.11.2013 11:25 1309
Ин ҷавони ҳунарманд се сол қабл, баъди хатми Донишкадаи санъати Тоҷикистон филмеро бо номи "Ормонҳо" таҳия намуд, ки аз тарафи санъатшиносон чун падидаи тоза дар синамои мо эътироф шуд. Сафар Ҳақдодов, Раиси Иттиҳодияи синамогарони кишвар баъди нахустнамоиши филм гуфта буд, ки "бояд синамогарони касбии мо аз ин бачаҳо наворбардориву режиссёриву ....
Дурахши офтоб 13.11.2013 11:20 1117
Бадахшон сарзаминест, ки ҳам аз нигоҳи мавқеъи ҷуғрофӣ ва ҳам сокинонаш на танҳо дар Осиёи Марказӣ балки бемуҳобот дар курраи замин мавқеъи ба худ хос дорад. Беҳуда ин нигини рӯйи заминро "Боми Ҷаҳон" наменоманд. Дар бораи сарзамини Бадахшон то ба имрӯз мақомот ва китобҳои зиёд ба табъ расида бошанд ҳам, ....
Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ – III 08.11.2013 10:31 2399
Нақл аст, ки Ҳорунаррашид ӯро (Мансури Аммор дар назар аст) гуфт: аз ту саволе кунам ва се рӯз мӯҳлат диҳам дар ҷавоби он. Гуфт: бигӯй. Гуфт: олимтарин халқ кист ва ҷоҳилтарин халқ кист?Мансур бархост ва берун омад. Пас, ҳам аз роҳ бозгашту гуфт: ё амиралмӯъминин, ҷавоб бишнав! Олимтарин халқ мутеъи ....
Бозор Собир: "Президент мӯҳтоҷи шеъри ман нест" 05.11.2013 17:03 1708
Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир, ки панҷ моҳ қабл аз мусофирати 19-сола аз Амрико ба Тоҷикистон баргашт, мегӯяд, сару садоҳо дар мавриди тамаллуқ задани ӯ ба президент, ҳангомаи расона мебошад.Аммо ин шоири саршиноси тоҷик мегӯяд, ӯ аз сиёсатҳои раҳбари кунунии Тоҷикистон ба далели корҳои ободонӣ...
Нозими Мелик: «Барои рушди театр муҳим ғоя аст, на маблағ» 03.11.2013 13:50 1297
Нозими Мелик, коргардон ва ҳунарпешаи маъруфи Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ду сол қабл намоишномаи «Шабе дур аз Ватан»-ро аз рӯйи ашъори шоири саршиноси миллат Бозор Собир рӯйи саҳна овард. Намоишнома аввалин бор дар ҷашнвораи театрҳои касбии кишвар - Парасту- 2011 пешниҳоди алоқамандони ҳунари театр гардид ...
Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ - II 03.11.2013 13:40 2494
Нақл аст, ки Бишри Ҳофӣ бар гӯристон гузар кард. Гуфт: ҳамаи аҳли гӯристонро дидам. Бар сари кӯҳ омад ва шағабе (шӯру ғавғо) дар эшон афтода ва бо якдигар мунозеъа (ҷангу ҷудоӣ) мекарданд, чунон, ки касе қисмат кунад чизе.Гуфтам: Бор Худоё! Маро шиносо гардон то ин чӣ ҳол аст? Маро гуфтанд: ....
Бунёдгузори шеъри нав Нимо Юшиҷ аст ё устод Айнӣ? 26.10.2013 12:05 3233
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон ва муовини Раиси Иттифоқи нависандагони кишвар, ки ҳамчунин муҷрии ин маҳфил буд, дар оғози суҳбат дар мавриди шеъри нав гуфт, ки «вақте ки сухан, вақте ки шеър ё андешаи шоир дар қолабҳои суннатӣ намеғунҷад ва ҳамин андеша қолабро мешиканаду берун мерезад, ҳамон шеъри озод, шеъри ....
«Садоямро мабанд» - Таронае барои Гугуш 12.10.2013 09:47 1344
«Садоямро мабанд», ин таронае барои Гугуш, овозхони саршиноси эронӣ аст, ки аз тарафи шоираи ҷавони тоҷик эҷод шудааст.Ин тарона бар пояи шеъру оҳанги Шоираи Раҳимҷон, таронанавис ва хабарнигори тоҷик ва яке аз мухлисони ашадии Гугуш эҷод шудааст.
Танзим ва татаббуи Ҳофиз 04.10.2013 16:32 1797
Чанде пеш китоби тозанашри Муҳаммадризо Тоҷдинӣ бо унвони "Дарёи шеъри форсӣ, киштии шеъри Ҳофиз", ки соли равон дар Эрон ба табъ расидааст, дастрасам гардид ва онро бо шӯру шавқи зиёд мутолиа кардам. Аз ёддошти мухтасари муаллиф маълум мегардад, ки китоб 24 сол қабл бо унвони "Оинаи Ҳофиз ва Ҳофизи оина" ....
"Ҳавзаи адабии Суғд имрӯз чӣ вазъ дорад?" 04.10.2013 16:27 1711
Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 65- нафар узви Иттифоқи нависандагон ва зиёда аз 200- нафар қаламкашонеро, ки соҳибкитоб ҳастанду чун эҷодкор шинохта шудаанд, муттаҳид кардааст ва дар муддати шаст соли мавҷудияти хеш барои рушди адабиёти муосири тоҷик хидматҳои зиёдеро анҷом додааст. Худи ба арсаи адабиёт омадани як шоираи маъруфи мо ....
Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ - I 01.10.2013 15:30 5662
Фаридуддини Аттори Нишопурӣ (1145-1221) аз суханварони маъруфу машҳури адабиёти тоҷик ба шумор меравад. Тазкиранависону муаррихон теъдоди таснифоти ӯро ба андозаи сураҳои Қуръон, яъне ба 114 номгӯй арзёбӣ кардаанд. Асарҳои манзуми ӯ 202 ҳазору 60 байтро ташкил медиҳанд. Асари мансури ӯ бошад танҳо аз китоби "Тазкират-ул-авлиё" иборат асту халос.
Муҳиддин Хоҷазод: «То чизеро набинам, ба навиштани он даст намезанам» 29.09.2013 18:45 1612
Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод соли 1938-ум таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ)-ро дар соли 1961-ум хатм кардааст. Солҳои дароз чун мудири шуъбаи наср ва котиби масъули маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кардааст.Хоҷазод бештар ба тадқиқи масъалаҳои синфи коргар майл дошта, аз оғози солҳои шастуми асри гузашта ...
Муқимҷон Абдуфаттоев: "Ба ҳаҷв чун варзиш диққат намедиҳанд" 26.09.2013 14:32 1355
Театр-студияи "Хандинкамон" яке аз маъруфтарин гуруҳҳои ҳаҷвии кишвар маҳсуб ёфта, ҳунармандони он бо таҳияи саҳнаву намоишҳои ҷолиб тавонистаанд, ба дили мардум роҳ ёбанд ва маҳбубияти хосаеро касб кунанд. Имсол аз таъсиси ин театр-студияи ҳаҷву мутоиба даҳ сол пур шуд. Хабарнигори "Рӯзгор" дар мавриди фаъолияти даҳсолаи "Хандинкамон" ва умуман вазъи ҳаҷв ....
Намоишгоҳи байналмилалии китоб: аз ҷиддият то расмият 11.09.2013 13:41 1377
Сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоб субҳи рӯзи 4-уми сентябр дар муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза"-и пойтахт шурӯъ ба кор кард. Он рӯз як ҳолати наздик ба ҷашнвораи муҳим ба мушоҳида мерасид. Саҳни бино ба парчами кишварҳои ширкаткунанда оро ёфта буд ва ҳанӯз пеш аз оғоз, соати 9 субҳ садои 20 карнай олами атрофро ....
Бӯи хуши ин хок зи Истиқлол аст 10.09.2013 10:42 1515
Мо дирӯз Ҷашни Истиқлол доштем. Ба истиқлолияти мо 22 сол шуд ва 22 сол ба инҷониб тоҷикон бо ифтихор аз ин рӯз таҷлил мекунанд, онро бо эҳтиром як дастоварди миллии худ медонанд. Ва бидуни шак чунин ҳам ҳаст.Новобаста аз он ки майдони баҳси мову ман ҳанӯз гарм аст, ки ин ....