Хазина аз
Сафири тозатаъини Олмон нусхаи эътиборнома супурд
Хабар
21.08.2019 14:38
2723
21 августи соли 2019 Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.
Дар Теҳрон китоби “Сафарномаи Тоҷикистон, Самарқанд ва Бухоро” муаррифӣ шуд
Адабиёт ва фарҳанг
21.08.2019 14:29
1608
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ки пайвандҳои Тоҷикистон ва Эрон аз назари таърихӣ ба қадре қавӣ ва ногусастанӣ аст, ки девори оҳании Шӯравии собиқ ҳам натавонист онро бишканад. Бино ба гузориши ИРНА-хабаргузории давлатии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар маросими рӯнамоии китоби ...
Ифтитоҳи муҷассамаи Деваштич ва Муассисаи таҳсилоти томактабии “Дӯсти”
Сиёсат
21.08.2019 14:22
2085
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Деваштичро дар маркази ноҳия ифтитоҳ карданд. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷассамаи Деваштич ...
Обу ҳавои чоршанбе, 21-уми август
Хабар
20.08.2019 16:37
2719
Таҳлили омори гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар нишон медиҳад, ки пагоҳ, 21-уми август сардии ҳаворо бштар дар ВМКБ ҳисс мекунанд. Бахусус дар Мурғоб 0+2°, дар шарқи вилоят шабона -2+3° дараҷа хоҳад буд. Дар боқӣ қисматҳои мамлакат низ ҳарорати ҳаво назар ба рӯзҳои пеш каме поин меравад.
Имзои ёддоштҳои табодулӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон
Хабар
20.08.2019 14:48
2715
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон бо имзои ёддоштҳои табодулӣ ду тарҳи бунёдии таҷдиди роҳҳоро ниҳоӣ карданд. Қарор аст ҳамкорӣ барои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар ду марҳила сурат бигирад.
Ҳафтод соли устод Назри Яздонӣ
Адабиёт ва фарҳанг
20.08.2019 12:30
1432
18 августи соли равон Назри Яздонӣ – Шоири халқии Тоҷикистон қадам ба 70 ниҳод. Назри Яздонӣ шахсияти шинохтаест, ки шояд ҳоҷат ба муаррифӣ надошта бошад. Олими маъруфаст, ки дар муҳимтарин мавзуъҳо корҳои пажӯҳишӣ анҷом додааст.
Дидори Консули Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Палатаи тиҷорат ва саноати Дубай
Иқтисод
20.08.2019 11:10
2065
Илҳом Абдураҳмонов - Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай бо Раиси Шӯрои Палатаи тиҷорат ва саноати Дубай Моҷид Сайф ал-Ғурайр мулоқот кардааст. Дар ин бора дафтари м атбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Кӯҳистони Масчои вилояти Суғд
Сиёсат
20.08.2019 10:50
1890
Субҳи рӯзи 20-уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Масчо ташриф оварданд.
Тасарруфи бештар аз як миллион 422 ҳазор сомонӣ аз ҷониби як соҳибмақоми суғуртаи иҷтимоӣ
Иҷтимоъ
20.08.2019 10:06
1559
Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тасарруфи бештар аз 1 миллиону 422 ҳазор аз ҷониби як корманди масъули таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод.
Инфиҷори бештар аз даҳ бомб дар Ҷалолобод 120 нафарро захмӣ кард
Равзана ба ҷахон
20.08.2019 10:05
1202
Инфиҷори бештар аз даҳ бомб дар нукоти мухталифи шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор ҳама тантанаҳои ҷашни садсолагии иситиқлоли Афғонистон дар ин шаҳрро барҳам зад. Бар асари ин таркишҳо даҳҳо тан, аз ҷумла се кӯдак захмӣ шуданд.
















