07:45:26 15-уми Июни 2026 сол

Хазина аз

Вазорати корҳои дохилӣ беш аз 1700 кило мухаддиротро ба оташ кашид Хабар 15.08.2019 12:15 947
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бештар аз 1700 кило маводи мухаддирро ба оташ кашидааст. Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат субҳи имрӯз маросими ба оташ кашида шудани беш аз 1700 кило маводи мухаддир бо ширкати намояндагони додгоҳ, додситонӣ ва рӯзноманигорон доир шудааст.
Оғози Ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар Иҷтимоъ 15.08.2019 11:37 1311
То 30 июни соли равон дар Тоҷикистон 5 ҳазору 888 нафар ҳамчун нашъаманд сабти ном шудаанд, ки 128 нафари онҳо занон мебошанд. Зиёда 4 ҳазор нафар аз ҳисоби умумии нашъамандон афроде мебошанд, ки маводи мухаддирро бо усули тазриқӣ истеъмол мекунанд.
Ду нафар дар як ниҳоди Вазорати кишоварзӣ 96403,55 сомониро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд Иҷтимоъ 15.08.2019 10:43 1358
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷинояти сармуҳосиб ва муҳосиби Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъизироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» - и Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон ...
Ҷӯрахон Обидпур ва Фирӯз Ӯлмасов соҳиби ҷоизаи Иттифоқи композиторон шуданд Адабиёт ва фарҳанг 14.08.2019 18:26 1199
Ахиран Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барандагони Ҷоизаи ба номи Борбадро дар соҳаи мусиқӣэълон кард. Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низом дар расми тантанавии эътои ҷоиза иброз дошт, ки озмуни мазкур моҳи июн эълон гардида буд.
ВКД боздошти Хуҷа-командирро тасдиқ кард Хабар 14.08.2019 18:24 949
Хабаргузории tajikistantimes.com иттилоъ дод, ки як гурӯҳи вижаи вазорати умури дохилии кишвар бо сарварии Шоҳрух Сайидзода – Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат барои овардани Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа – командир ба Дубай сафар кардааст.
Муҳлати сабти симкортҳо то охири сол тамдид шудааст Иҷтимоъ 14.08.2019 18:20 1162
Аз субҳи имрӯз кулли хабаргузориҳои кишвар аз тамдиди муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо хабарҳо пахш мекунанд, вале хабари расмӣ то кунун интишор нашудааст. Аз ҷумла хабаргузории “Азия-Плюс” истинодан ба манобеъи худ гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати сабти симкортҳо бо ID-шиносномаҳо то охири соли равон тамдид кардааст.
Обу ҳавои панҷшанбе, 15-уми август Хабар 14.08.2019 18:17 895
Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рўзҳои 15-16 август низ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Дар баъзе ноҳияҳо (бо истиснои ВМКБ) шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 15-20м/с вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад.
Намоишгоҳ-ярмаркаи универсиалии «Тоҷикистон-2019” охири моҳи октябр баргузор мешавад Хабар 14.08.2019 18:13 863
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Намоишгоҳ-ярмаркаи универсиалии «Тоҷикистон-2019» хабар дод. Қарор аст ин якрмарка охири моҳи октябр дар Маҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир гардад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири тозатаъини Ҳиндро ба ҳузур пазируфт Хабар 14.08.2019 11:28 932
13 августи соли 2019 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири тозатаъини Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синхро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии кишвар иттилоъ доданд.
Боздошти ронандаи бадахлоқ: Вокуниши фаврии милисаи шаҳри Душанбе ба арзи сокинон Иҷтимоъ 14.08.2019 11:17 1177
Соате баъд аз пахши хабари рафтори бадахлоқонаи ронандае нисбати як духтари ҷавон кормандони фаврии милитсияи шаҳри Душанбе дастбакор шуданд ва шахсияти ронандаро маълум ва бо роҳандозии амалиёти фаврӣ ӯро боздошт кардаанд.