17:42:48 27-уми Августи 2025 сол

Хазина аз

ЗЕЛЕНСКИЙ АЗ ИА ХАФА ШУД: ОНҲО АЗ УКРАИНА ҚАРЗДОР ҲАСТАНД! Хабари муҳим 12.03.2022 08:18 540
Президенти Украина Владимир Зеленский аз натиҷаҳои мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар Фаронса ноумед шуд. Дар ин бора Зеленский рӯзи 11 март дар паёми видеоии худ изҳор дошт.
РУСИЯ МАҲДУДИЯТҲОИ КОВИДИРО ДАР ПАРВОЗҲО БА ЯК ҚАТОР КИШВАРҲО ЛАҒВ КАРД Хабар 11.03.2022 14:26 439
Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ аз 9 март маҳдудиятҳои коронавирусро барои парвозҳо ба Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон лағв кард.
ҶОЗЕП БОРРЕЛ: ВАЪДАИ БА УКРАИНА ПАЙВАСТАН БА НАТО-РО ИШТИБОҲ НОМИД Хабари муҳим 11.03.2022 14:25 490
Ҷозеп Боррел, раиси дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо бар ин назар аст, ки Ғарб дар равобит бо Русия ба як қатор иштибоҳот, аз ҷумла ваъдаи пайвастан ба НАТО ба Украина роҳ додааст.
СҶБ БА УКРАИНА ТАВСИЯ ДОДААСТ, ТО ҲАМА АНГЕЗАНДАҲОИ ХАТАРНОКРО ДАР ОЗМОИШГОҲҲОИ БИОЛОГИИ ИН КИШВАР НОБУД СОЗАД Хабар 11.03.2022 12:51 443
Дар номае Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба давлати Украина тавсия додааст, то ҳама ангезандаҳои хатарнокро дар озмоишгоҳҳои биологии ин кишвар нобуд созад, хабар медиҳад хабаргузории Ройтерз бо истинод ба номаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
ЯК ҚАТОР ШИРКАТҲОИ БУЗУРГИ ХОРИҶӢ ДАР БОЗОРИ РУСИЯ БОҚӢ ХОҲАНД МОНД Хабар 11.03.2022 10:33 448
Ширкати бузурги технологии LG Electronics нияти тарк кардани Русияро надорад. Дар ин бора ба хабарнигори REGNUM рӯзи 10 март аз филиали Русиягии ин ширкат хабар доданд.
ВАЗОРАТИ ХОРИҶАИ ЧИН: ПЕКИН БА ДАЛЕЛИ РУСИЯ БА ТАҲРИМҲОИ АМРИКО АЛАЙҲИ ЧИН ВОКУНИШИ ШАДИД ХОҲАД КАРД Хабар 10.03.2022 21:53 420
Пекин қасд дорад, дар сурати татбиқи таҳримҳои ИМА алайҳи Чин ба далели ихтилофоти байни Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар робита ба бӯҳрони Украина вокуниши шадид нишон диҳад.
ПАРРАНДАГОН СИЛОҲ ХОҲАНД БУД. ТАФСИЛОТИ ФАЪОЛИЯТИ БИОЛАБОРАТОРИЯҲОИ ИМА ДАР УКРАИНА Хабар 10.03.2022 21:51 490
Игор Кириллов, сардори нерӯҳои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия гуфт, департаменти низомии ИМА лоиҳаи эҷоди силоҳи биологиро дар қаламрави Украина амалӣ мекунад, ки интиқолдиҳандагони он бояд паррандаҳои муҳоҷирӣ бошанд.
СЕНАТОР КЛИШАС БА БАСТАНИ ДОРОИҲОИ ШИРКАТҲОЕ, КИ РУСИЯРО ТАРК МЕКУНАНД, ИҶОЗАТ ДОД Хабар 10.03.2022 16:22 450
Дороиҳои ширкатҳои кишварҳое, ки ба Русия дӯст надоранд, пас аз тарки кишвар метавонанд масдуд шаванд. Дар ин бора Андрей Клишас, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба қонунгузории конститутсионӣ изҳор дошт.
ВАЗОРАТИ ДИФОИ РУСИЯ: ИМА ДАР УКРАИНА БО КӮРШАПАРАКҲОИ КОРОНАВИРУС КОР КАРД... Хабар 10.03.2022 15:05 502
Дар озмоишгоҳҳои биологӣ дар қаламрави Украина, Иёлоти Муттаҳида амалиёти махфии ҳарбии биологӣ анҷом дод, ки дар ҷараёни он таҷрибаҳо бо куршашпаракҳои коронавирус гузаронида шуданд. Дар ин бора рӯзи 10 март дар брифинг намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод.
ҲАВОПАЙМОҲОИ ҶАНГИИ УКРАИНА АЗ "БОЗӢ" БЕРУН ШУДАНД - ВАЗОРАТИ ДИФОИ РУСИЯ Хабар 10.03.2022 12:19 432
Намояндаи расмии вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков рӯзи 9 март дар брифинг гуфт, ҳавопаймоҳои низомии Украина тавоноии худро аз даст додаанд ва танҳо кӯшишҳои ҷудогона барои парвоз ба ҳаво мекунанд.