АФЗОИШИ МАСОҶИД ДАР АМРИКО
Шумораи масоҷид ва ба ин макони муқаддас рӯоварандаҳо ҳоки аз афзоиши ин теъдод дар солҳои ахир дар ҷомеаи Амрикост. Дар ҳоле ки дар давоми 5 соли ахир шумораи ба масоҷидравҳо 75 фоиз афзоиш ёфтааст, тақрибан 2 миллион муслимин бо масоҷид пайваста иртиботи зич ба ин даргоҳи поку нурониро бунёд кардаанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки иштироккунандаҳои ин даргоҳ дар соли 1994 танҳо 500.000 буд.
Ин нишондодро мо тавассути як тадқиқоти масҷидомузӣ дар саросари кишавр ба даст гирифтем.Ин барраси нишон медиҳад, ки арзёбии умумии ҷамъияти мусулмонҳо дар Амрико 6,7 миллион мебошад. Ва тахминан 16,29 фоизи мусулмонҳо ҳаёти диниро ихтиёр кардаанд, ки ин ҳам бошад ба масҷидравию дар намозҳои ид ширкат кардани онҳо мебошад.47 фисади масҷидравҳо ҷавонони зери 35 сола, буда гурӯҳи одамони 36-59 42 фоиз ва гурӯҳи одамони 60-соларо 11 фоиз ташкил мекунад. Ин нишондод метавонад собит созад, ки шумораи ҷавонони мусулмони амрикоӣ хеле баланд аст. Масоҷид дар кишвари Амрико танҳо макони ибодат набуда, балки дар онҷо низ имкони баргузор гардидани фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ мушоҳида мешавад.
Дар давоми интихоботи ахири президентӣ масоҷид дар иттиҳод намудани мусулмонҳо барои ба қайдгирри овоздиҳӣ нақши боризеро иҷро кардаанд ва 89 фисади роҳбарону ходимони динии масоҷид бар ин боваранд, ки ҷамъияти муслиминро лозим аст ба раванди сиёсӣ шомил кард. 70 фисади ҷамъияти муслимин барои овоздиҳӣ ҳуқуқ доранд ва мувофиқи арзёбии дуруст 65 фисад (2.3 миллион)-и овоздиҳандаҳо дар интихоботи 2000 ширкат намуданд.
Тадқиқот, ки таҳти унвони "Масоҷид дар Амрико" буд, тавассути Шӯрои равобити исломии Амрико, як ниҳоди мусулмонҳо баргузор гардид. Чаҳори дигар аз ниҳодҳои мусулмонҳо; Ҳавзаи исломии Амрикои шимолӣ,Ҷамъияти исломии Амрикои Шимолӣ ва Ҷамъияти мусулмонҳои Амрико сарпарастии ин лоиҳаро бар душ доштанд.Ин аваллин тадқиқотест, ки шумораи масоҷидро ба 1200-то эълом намуд.
Қарнҳост,ки насли мусулмонҳо дар Амрико умр ба сар мебаранд.Соли 1893 ҷамъияти муҳоҷирони мусулмон аз давлатҳое чун Араб, Сурия, Лубнон ва дигар мамолики мусулмон ба Амрико ҳиҷрат намуданд. Нажоди аслии онҳо асосан турк, курд,албанӣ ва арабҳо буданд.Ва аз ҳамин сабаби муҳоҷират шумораи ҷамъияти мусулмонҳо дар Амрико рӯ ба афзоиш аст.
Нахустин масҷид дар Амрико дар шаҳри Мейн соли 1915 тавассути мусулмонҳои албанигӣ сохта шудааст. Ва соли 1919 аллакай ҳамин табаа боз як масҷиди диггарро дар шаҳри Коннектикут бунёд намуданд. Татарҳои лаҳистонзабон соли 1926 дар шаҳри Бруклини Нию Ёрк масҷиде иморат намуданд, ки ҳанӯз дар истифода аст.
Дар шаҳри Питсбурги иёлати Пенсилавания бошад нахустин масҷидро амрикоиҳои африқоии мусулмонтабор таъсис доданд дар соли 1930. Масҷиди дигаре тавассути Шайх Довуд Аҳмад Файсал соли 1955 дар и Нию Ёрк сохта шуд. Ин масҷид як нуқтаи вижаеро дар рушди пешрафти ҷамъияти мусулмонҳои Амрико нишон медиҳад.Ва бояд гуфт, ки ҳаракати Дорул-ислом дар ҳамин ҷо шурӯъ гаштааст.
Ҳарчанд, ки бунёди нахустин масоҷид дар Амрико ба соли 1915 рост меояд, аммо шумори каме аз онҳо то соли 1960 бунёд гардид. Рушди бузурги шумораи масоҷид дар ин кишвар дар солҳои 1970 оғоз меёбад.Аксари масоҷид (87%)дар Амрико дар ҳамин солҳо 1970 зуҳур ёфтаанд.30 фоизи масоҷид дар давоми солҳои 1990-ум ва 32 фоизи дигар дар солҳои 1980 падидор гаштанд. Дар Амрико тибқи як баррасӣ 1.209 масҷид мавҷуд аст.
Ин барраси оиди гуногунии гурӯҳҳои этникии ширкаткунандаҳои масоҷид чунин иттилоъ медиҳад: Дар масоҷиди Амрико осиёиҳои ҷанубӣ, амрикоиҳои офриқоӣ ва арабҳо аз гурӯҳҳои бузурги этникӣ маҳсуб меёбанд. Дар як масҷиди миёна 33 фисади аъзоён осиёиҳои ҷанубӣ буда, 30 фоизи он амрикоиҳои офриқоӣ ва 25 фоиз арабҳо мебошанд.
Танҳо 7 фоизи масҷидҳоро гурӯҳҳои алоҳидаи этникии алоҳида ташкил мекунанду бас. Ва гуфтан метавон, ки тақрибан 90 фоизи масоҷид масуби гурӯҳҳи этникии дар боло зикр гардида мебошанд. Ба осиёгиҳои ҷанубӣ покистониҳо, ҳиндиҳо,афгонҳо ва бангладешҳо шомил мешавад.
Дар мавриди забон бошад,97 фисади масҷидҳо инглисиро ҳамчун забони асоси корбурд мекунанд ва барои хондани хутба низ аз ин забон истифода мебаранд. Ва албатта ҳастанд масоҷиде, ки забони урду ва арабиро истифода мекунанд.Аммо хеле кам.
Дар мавриди нақши зан дар масоҷид бошад, ин тадқиқоти мазкур ишора менамояд, ки тақрибан дар 70 фисади масоҷид занҳо иҷозаи адои намозу ҳидматро соҳибанд. Бо вуҷуди ин дар давоми 5 соли ахир танҳо дар нисфи масоҷид занҳо иҷозаи намоз хондан доштанд. Дар тақрибан 66 фоизи масоҷид занҳо дар паси пардаҳои пӯшида аз ҷинси музаккар ё паси девор намозро ба ҷой меоранд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 1994 дар 52 фоизи масоҷид занҳо ибодатро ба ҷой меоварданд. Албатта масҷидҳо боиси таваҷҷӯҳи амрикоиҳо гардида онҳоро ба ислом роҳнамоӣ мекунанд.
Ин тадқиқот хулоса мекунад, ки болотар аз нисфи (55%) масоҷид дорои як ниҳоди марбута мебошанд, ин ҳам дар ҳолест, ки 45фоизи масоҷид аз ягон ниҳоде марбуту бастагӣ надоранд.27 фоизи масоҷид бо Ҷамъияти Исломии Амрикои Шимолӣ (ҶИАШ) узвият доранд ва ҳамроҳанд. Ва танҳо 10 фоизи масоҷид ба ниҳодҳои дигар мисли Ниҳоди Амрикоиҳои Мусулмони Туркӣ, Шӯрои Мусулмонони Амрико ва Шӯрои Равобити Исломӣ узвият доранд.
ШАРҲИ ВОҚЕИЮ ТАЪРИХИИ ИСЛОМ ДАР АМРИКО
Мувофиқи ақидаву дидгоҳҳои муҳақиқон ва пажӯҳишгарон пеш аз ин ки Кристофер Колумбус Дунёи Навро кашф намояд, ҷамъияти мусулмонҳо ҳанӯз 300 сол қабл аз ин воқеа Амрикоро тасхир намуда буданд. Дуктур Бэрри Фелл бостоншинос ва забоншиноси саршиноси Нию Зиланд ва ҳамзамон устоди Донишгоҳи Ҳарварди Бостон шаҳодати ин амрро дар китобаш "Ҳамосаи Америка" нишон медиҳад, ки мусулмонҳо қабл аз Кристофер дар Амрико будаанд.
Иван Ван Сертима дар китоби машҳури худ: "Онҳо қабл аз Колумбус омаданд" бидуни шак иртиботи қарин доштани одамони африқоӣ бо бумиёни Амрикоро тасдиқ мекунад.
Абдусаттор Ғаззoлӣ.
Сарчашма: www.amperspective.com
Аз англисӣ тарҷумаи Фирдавси Аъзам
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/1386-afzoishi-masojid-dar-amiko.html
-
22.03.2026 15:28
439
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
419
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
545
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
305
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
338
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
401
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
224
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
952
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
981
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
684
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1365
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2291
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
100
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
258
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
277
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
170
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
344
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
525
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
868
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1181
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1133
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2273
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2335
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3369
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
498
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1849
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1993
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
964
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1149
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1122
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
71
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
265
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
282
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1340
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4385
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4621
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб










































