ЭЪТИКОФ - МЕҲМОНСАРОИ ҲАЗРАТИ ҲАҚ
Эътикоф арафоти мӯъминон аст, ки бо пайравӣ аз расули Акрам (с) дар даҳаи ахири моҳи мубораки рамазон гӯшанишинон гирди суфраи раҳмат дар масоҷид ҷамъ меоянд, то дар ин айёми пурбаракат ҳар чӣ бештар ба мулоқоти Парвардигори худ мушарраф шаванд. Эътикофнишинон бо ин васила хоҳони гирифтани савобе бузургтар аз обидону зоҳидони бани Исроил чун Шамъуни Зоҳид мебошанд.
Маъруфи Аҳтам ҷавоне, ки чанд сол инҷониб даҳаи ахири рамазонро дар масҷиди назди хонаашон бо эътикоф нишастан паси сар мекунад, имсол низ ният дорад, ки ин даҳаро дар ҷавори раҳмати Илоҳӣ гузаронад. Ба бовари ӯ, эътикоф нишастан танҳо дарёфти лутф ва инояти чанд рӯзаи Худованд бар банда нест, балки хонаи Худо-табобатгоҳи равониест, ки метавонад инсонро ба хубӣ муолиҷа намояд. Вай мегӯяд, ба тозагӣ бозёфтҳои таҳқиқотии чанд тан аз табибони мисриро хонда будам, ки онҳо беморони худро бо парҳез ва рӯза гирифтан табобат мекардаанд.
Онҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки як рӯз рӯза гирифатани шахс метавонад даҳ шабона рӯз микроорганизмҳои зараррасонро дар бадани инсон фалаҷ намояд. Хулоса ин ки бо як моҳ рӯза гирифтан кас метавонад дар даҳ моҳи боқимонда саломатии худро аз бемориҳои гуногун эмин нигаҳ дорад. Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода мӯътақид аст, ки эътикофнишастан дар даҳаи охири моҳи мубораки рамазон яке аз суннатҳои муаккадаи Паёмбари Акрам(с) мебошад ва ба қавли Имом Бухорӣ ҳазрати Муҳаммад (с) дар охирин рамазони ҳаёташон бист рӯзи охири ин моҳро дар масҷид эътикоф нишастааст.
Дар сӯҳбат бо «Имрӯз News» Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода гуфт, ҳарчанд эътикоф ва ё гӯшанишинӣ дар масҷид одоб ва аҳкоми шаръии худро дошта бошад ҳам, шахси эътикофнишин метавонад тавассути шахси саввум пайгири муомалоти дунёии худ, аз қабили тиҷорат шуда, ҳамзамон дар меҳмонии Худованд ба розу ниёз гуфтан бо ӯ машғул шавад. Гуфта мешавад эътикофнишинон ба умеди дарёфти шаби қадр, ки савоби он беҳтар аз ибодати ҳазор моҳро дар бар мегирад нуздаҳуми рамазон барои чанд рӯз аз оғӯши гарми хонавода ба меҳмонсарои ҳазрати Хақ ташриф мебаранд, то муҳаббат ва марҳамати Илоҳиро даёфт намоянд.
Дар ҳамин ҳол Беҳрӯзи Мусофир таҳсилдидаи яке аз донишгоҳҳои исломии хориҷ аз кишвар мегӯяд, пӯшида нест, ки эътикоф беҳикмат буда наметавонад. Имом Буҳорӣ ривоят мекунад, ки ҳазрати Паёмбар(с) дар охирин соли умрашон ду даҳаи ахири рамазонро ба эътикоф нишастаанд боз ҳам андарзҳое хоҳад дошт, ки то имрӯз мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд. Ба ҳар ҳол, бо боварӣ гуфта метавонам қариб кулли таърихнависони мусалмон ҳангоми сираи Паёмбарро навиштан тавассути зани яҳудие заҳр додани ҳазрати Муҳаммадро тасдиқ кардаанд ва худи он Ҳазрат(с) низ се маротиба аз Худованд шаҳодатро талаб карда буд.
Вай мегӯяд, агар як рӯзадор аз рӯи имондорӣ ва подошинтизорӣ рӯза бигарад ва гуноҳони гузаштааш бахшида шаванд, пас чӣ ҷое он ки ҳазрати Муҳаммад(с) ҳам дар зиндагӣ ба орзӯи худ, яъне шаҳодат нарасад. Гуфтаниям шояд, бо гирифтани рӯза ва канораҷӯӣ аз оғӯши хонавода он Ҳазрат(с) тавонист ҳамасола таъсири ҳамон заҳри додашударо кам ва микроорганизмҳои зараррасони тани худро фалаҷ намояд.
Ин ки гуноҳони Паёмбар(с) бахшида шудаанд ва низ бо як моҳ рӯз гирифтану боз ҳангоми нотавон будани микороорганизмҳои зараррасон дар эътикоф зери соя ва дур аз офтоб ба муолиҷаи равонӣ ва бадании худ машғул шудан ҳам шояд як роҳи пешгирии таъсири заҳри дода шуда бошаду ин усули табобат ба гирифторони бемориҳои сироятӣ низ раҳнамуди хубе буда тавонад.
Аз нигоҳи тиббӣ мардумӣ низ рӯза гирифтан як намуди парҳез ба ҳисоб рафта, бевосита дар табобати бемориҳои, ки ба мубодилаи моддаҳо вобастагӣ доранд, фоидаи калон дорад. Барои мисол: бемориҳои фишор, гуфт ба «Имрӯз News» табиби мардумӣ, Махсуми Одина.
Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3023-2010-09-01-09-11-28.html
-
22.03.2026 15:28
439
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
419
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
545
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
305
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
338
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
402
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
224
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
952
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
981
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
684
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1365
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2291
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
100
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
258
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
277
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
170
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
344
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
525
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
868
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1181
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1133
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2273
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2335
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3369
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
498
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1849
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1993
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
964
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1149
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1122
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
71
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
265
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
282
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1340
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4385
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4621
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб










































