| НАЗАР КАРДАН БА ҚУРЪОН ҲАНГОМИ НАМОЗИ ТАРОВИҲ |
| Мақолаҳо - Дин насиҳат аст | |||
| 04.09.2010 09:59 | |||
|
ОЁ ДУРУСТ АСТ? Имрӯзҳо одати наве байни намозгузорон ҷаҳони ислом, аз он ҷумла дар Тоҷикистон низ ҳини хондани таровиҳ пайдо шудааст. Бархе аз ибодаткунандагон Қуръон дар даст аз пушти имом истода хондани ӯро мутобиатӣ мекунанд. То кадом дариҷа ин амали онҳо шаръан дуруст аст?
«Имрӯз News» тасмим гирифт ин мавзӯъро аз нигоҳи уламои мазҳабии кишвар низ пайгирӣ намояд, то интихоби хонанда дар ин маврид васеътар бошад. Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи Фатвои Маркази исломии Тоҷикистон роҷеъ ба ин масъала ба «Имрӯз News» гуфт: «Мутобиқи мазҳаби мо онҳое, ки дар даст Қуръон гирифта имомро мутобиатӣ мекунанд, дар намоз ишколе ба вуҷуд намеоранд. Аммо имом наметавонад аз рӯи Қуръон дар намоз қироати Қуръон кунад ва ин масъала дар китобҳои фиқҳии мазҳаби аҳноф бо тафсилоти бештар зикр гардидааст ».
Дар ҳамин ҳол раиси Шӯрои Уламои ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ назари дигар дошта, дар сӯҳбат бо мо дар ин бора чунин изҳор дошт: «Қироаткунанда новобаста аз имом ва маъмум будан агар Қуръонро варақ зада дар намоз аз рӯи он хонад, аз назари Имоми Аъзам амали касир маҳсуб шуда, намоз фосид мешавад. Аммо имом Абӯюсуф ва Имом Муҳаммад мегӯянд, ки боке надорад ва қироат кардан ибодат аст ва ин ибодат бар болои ибодат хуб аст.
Вале фақат ба хотири шабеҳ будан ба яҳуду насоро, ки онҳо аз рӯи китоб мехонанд, аз рӯи Қуръон хонданро дар намоз макрӯҳ медонанд. Аммо имом Шофеӣ бошад, ривояте аз замони ҳазрати Оиша (р)-ро, ки Заквон мавлои ҳазрати Оиша (р) аз рӯи Қуръон нигоҳ карда ба ӯ ва чанд тани дигар аз бонувони намозгузор дар намози таровеҳ хатми Қуръон мекардааст, далел оварда ин амалро мубоҳ медонад»
Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3043-2010-09-04-05-00-56.html
|











