ИСЛОМСИТЕЗӢ БО РӮҲИЯИ ФАРҲАНГ ВА ТАМАДДУН ДАР ТАЗОД АСТ
Герат Вилдерз, раҳбари Ҳизби озодии Ҳоланд, ҳизбе, ки бо исломситезӣ шӯҳрат пайдо кардаасту мухолифи масҷиду манора ва рӯсарии бонувони мусалмон аст, шурӯъ аз 5 -уми декабр то дирӯз ба намояндагӣ аз ҳизбаш барои аввалин бор дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳузур дошт.
Номбурда қабл аз сафараш ба сарзаминҳои ишғолӣ дар мусоҳибае бо рӯзномаи ибрии «Ядеъут Аҳорнут» таъкид карда буд, ки Исроил ба намояндагӣ аз Аврупо бо арабҳо ва мусалмонон меҷангад. Виледрз шахсест, ки қабл аз интихоботи парлумонии Ҳоланд дар соли 2006 филми 14 дақиқаии зидди исломиро таълиф кард, ки он боиси нигаронии ҳукуматдорони Ҳоланд ва сотсиалистҳои кишвараш гардид. Ин филм боис шуд, ки муносибати мардуми Аврупо бо мусалмонони муқими ин қитъа сард гардад.
Ҳамзамон филми мазкур ба гунае сароғози фишор ва табъизи ошкоро алайҳи мусалмонони бӯмӣ ва муҳоҷирони мусалмон дар ин қитъа гардид ва пайомадҳои нохуши он ба кишварҳои осиёӣ низ соя фиканд. Иддае аз коршиносон мӯътақиданд, ки яке аз омилҳои асосии шиддат гирифтани исломситезӣ дар ҷаҳон, ба хусус дар кишварҳои аврупоӣ ношӣ аз коҳиш ёфтани манофеъи ин кишварҳо аз ҷаҳони сеюм мебошад.
Чун замоне кишварҳои исломӣ зери як императур қарор доштанд ва раёсати он заъиф гардида буд, аврупоиҳо давлатҳои мусалмоннишинро ҳамчун мероси шахси мурда байни худ тақсим карданд ва аз манобеи онҳо ба нафъи Аврупо кор гирифтанд. Ҳоло бошад кишварҳои исломӣ аз ҷиҳати потенсиали зеҳнӣ ва қувваи корӣ қомати худро рост кардаанд ва аз хоби ғафлат бедор шудаанд. Табиист, ки дар ин ҳол, даромади софи аврупоиҳо аз ҳисоби кишварҳои исломӣ камтар шуд ва дар баробари ин мардуми худро ба ҷойи кори хуб ва талаботашонро дуруст таъмин карда наметавонанд. Ҳамчунин, кишварҳои исломӣ батадриҷ худкифо шудаву рӯз ба рӯз ниёзашон аз аврупоиҳо камтар мешавад.
Аз сӯи дигар, бо истифода аз чунин рафторҳои табъизомези кишварҳои аврупоӣ, ки чун намунаи давлатҳои демократию ҳуқуқбунёд барои кишварҳои ҷаҳони сеюм шинохта шудаанд, кишварҳои мусалмоннишини осиёӣ низ ҷуръат пайдо кардаанд, ки дар мавридҳои муайян алайҳи мусалмонони муқими кишварҳояшон аз фишор ва табъиз кор бигиранд. Бо ҳамин далел аксар давлатмардони кишварҳои мусалмоннишин эътибори худро дар назди мардум гум карданд ва шаҳрвандон дар симои ҳукуматдорони худ афроди ғайрихудиеро мебинанд, ки онҳо бо фикр ва фармони дигарон кори давлатдориро пеш мебаранд.
Ба гузориши «http:// rohama.org», бар асоси назарсанҷии суратгирифта тавассути муассисаи аврупоии «Евроборуметр» 79 фоиз аз мусалмонони аврупоии ширкаткунанда дар ин назарсанҷӣ изҳор доштаанд, ки то кунун ҳадди аққал як маротиба мавриди хушунат қарор гирифтаанд. Дар муқобил фақат 12 дар сад гуфтаанд, ки эҳсоси табъиз накардаанд. Нозирон мӯътақиданд, афзоиши аҳзоби ростагарои зидди исломӣ ба вижа дар кишварҳои Ҳоланд, Олмон ва афзоиши ҳамалоти физикӣ ва каломӣ ба мусалмонон баёнгари шиддат гирифтани исломситезӣ дар Аврупо гардидааст.
Ин назарсанҷӣ ба равиши мусоҳибаи телефонӣ ва интернетӣ бо 4 хазор бузургсоли мусалмон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар октябри 2010 анҷом шуд. Дар Юнон низ аҳволи мусалмонон нисбат ба дигар кишварҳои аврупоӣ хубтар нест. Ин кишвар бо вуҷуди фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ доштанаш сахтгириашро нисбат ба мусалмонон то ҷое шиддат бахшидааст, ки ҳатто барои сохтумони як масҷид ва барои ба хок супоридани мурдаҳояшон низ маконеро ихтисос надодааст.
Хонум Ано Истому, масъули бахши равобити хориҷии Анҷумани мусалмонони Юнон, ки чанде пеш барандаи ҷоизаи Анҷумани мусалмонони Уврупо (CEDAR) гардида аст, дар иҷлосияи ин анҷуман дар Мадрид, гуфт: «Мутаасифона, таблиғоти ғарб бар теъдоде аз афроди тундрав дар Юнон низ бетаъсир набудааст ва ба ҳамин далел ҳам барои мусалмонони кишвараш ҳар гоҳе, ки хоҳанд музоҳамат ва мушикилотеро эҷод мекунанд».
Ӯ меафзояд: «Дар ҳоле, ки ҳазорон мусалмони юнонӣ ва ғайри юнонӣ дар шаҳри Отин (Афина) зиндагӣ мекунанд ва ҷое барои адои фароизи мазҳабии худ ва гӯристоне барои гӯронидани мурдаҳояшон надоранд, Отин танҳо пойтахти як кишвари аврупоӣ аст, ки фоқиди масҷид ва қабристони расмӣ барои мусалмонон аст. Бо ин вуҷуд, ман ба кишварам алоқаманд ҳастам ва бо юнонӣ буданам ифтихор мекунам, вале бо адами иҷозати сохт ва бинои масҷиде дар Юнонро хилофи фарҳанг ва тамаддуни демократӣ дар Юнон медонам».
Ба гуфтаи ӯ, таърих гувоҳ аст, ҳар ҷое табъиз доман паҳн кунад, сутуни давлатдорӣ ва фарҳанги сулҳомези мардумиро латма мезанад ва оқибати давлатмардон чун моҳи шаби чордаҳ рӯ ба завол мениҳад.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3916-2010-12-18-05-41-20.html
-
22.03.2026 15:28
440
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
420
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
545
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
305
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
338
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
402
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
224
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
952
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
981
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
684
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1365
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2291
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
100
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
258
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
277
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
171
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
344
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
525
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
868
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1181
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1133
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2273
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2335
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3369
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
500
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1849
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1993
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
964
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1149
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1122
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
72
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
265
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
282
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1340
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4385
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4621
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб











































Шарҳҳо
RSS Обуна