УЛАМОИ ДИН ВА НООРОМИҲО ДАР КИШВАРҲОИ АРАБӢ
Бо таваҷҷӯҳ ба нооромиҳои кишварҳои исломӣ ва мавзеъгирии донишмандони мусалмон метавон гуфт, ки тавассул ба дин ва имон бузургтарин абзори муқовимат ва ором кардани мардум аст. Зеро мавҷи бедорӣ то рафт ғубори ҷаҳл ва гарду зарраҳои куфрро аз синаи ин мардум тоза мекунад ва онҳо ба асли хеш, имондорӣ ва худбоварӣ ба Худои худ, бармегарданд.
Мардуми ин минтақа, ки аз сиёсатҳои ғайримунсифона ва ҳукуматҳои худкомаашон, безор шудаанд, доштаҳои синаи худро дар маърази умум ба тамошои ҳукуматдорони худ қарор дода истодаанд. Донишмандони мусалмон, ки пешвоёни маънавии мардум ба ҳисоб мераванд, вобасата ба ҷойгоҳи худ дар кишвар, мавқеъи худро дар робита ба ҳодисаҳои ахир гуногунранг баён мекунанд. Меҳвари гуфтаи ин донишмандонро метавон дар ду ибора хулоса кард: ҳароми сиёсӣ ва ё ҳалоли динӣ!
Юсуф ҚарзовӢ -Раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон
Барои мисол, донишманди ҷаҳони ислом, раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, дуктур Юсуф Қарзовӣ, иқдоми мардуми Тунис ва Мисрро сутуд ва пайваста тавассути расонаҳои гурӯҳӣ ба пуштибонӣ аз мардуми ин ду кишвар садо баланд мекунад ва мардумро ташвиқ мекунад, ки ба по хезанд. Вай таъкид мекунад: «Ё шарофатмандона зиндагӣ кунед ва ё бо сари баланд, дар роҳи озодӣ аз зулми ҳукуматдорони худкомаи худ, ҷоми шаҳодатро нӯш кунед!»
Ӯ дар як паёми худ ба мардуми Миср, ки тариқи шабакаи телевизионии «Алҷазира»-и Қатар пахш шуд, тасреҳ кард: “тамомии касоне ки дар тазоҳурот алайҳи режими Миср кушта шудаанд, шаҳид ба шумор меоянд”.
Вай дар идома ба Ҳусни Муборак, раиси ҷумҳури Миср тавсия кард, ки довталабона аз ҳукумат канорагирӣ кунад ва гуфт: “Барои Муборак беҳтар аст, ки раиси ҷумҳури собиқ бошад, то раиси ҷумҳури сарнагуншуда”.
Қарзовӣ аз артиши Миср низ хост, ки барои интиқоли ҳукумат ба раиси додгоҳи қонуни асосӣ вориди амал шавад. Вай дар идома таъкид кард, ки интиқоли қудрат ба Умар Сулаймон муовини Муборак, роҳкори бӯҳрони кунунии Миср нест. Зеро ин мард бахше аз режими ҳокими Миср аст ва масъулияти ҳаводисе, ки рӯй дода бар ӯҳдаи ӯ низ ҳаст. Дар робита ба он ки Муборак хоҳони он аст, ки чор моҳи дигар сари қудрат бимонад, Қарзовӣ дар идома ин суолро матраҳ кард: “Оё ин хунҳо барои ҳукумати 4 моҳа рехта шудааст?”
Раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон таъкид кард, ки раиси ҷумҳури Тунис аз Муборак боҳуштар буд, зеро вақте ки фаҳмид миллаташ ӯро намехоҳад, қудратро раҳо кард.
Муҳаммад СаидӢ, Шайх Иброҳим Рифъат ва дигарон
Баъзе шайхҳои калидии Ал-Азҳари Миср низ Қарзовиро дар ин маврид хуш қабул накарданд ва ҳатто рафтан ба майдони «Таҳрир» ва амсоли онро барои тазоҳорут ҳароми шаръӣ хонданд. Дар ҳамин ҳол ахиран сухангӯи расмии Ал-Азҳар аз мансаби худ истиеъфо дод ва ба ҷамъи тазоҳуротгарон пайваст.
Ин нутқ ва мавзеъгирии Қарзовӣ муллоҳои ҷонибдори ҳукуматро нороҳат кард. Нахустин шуда донишманди салафимаслак, дуктур Муҳаммад Саидӣ, устоди донишгоҳи Уммул-қурои Миср, садо баланд кард. Ӯ гуфт: “Иттифоқе, ки дар Миср мабнӣ бар канорагирии Муборак дар ҳоли рух додан аст, ба ҳеҷ ваҷҳ шаръӣ нест ва шеваи шаръӣ ва динии азл (аз мансаб рондан)-и як масъул аз ҳукумат бад-ин гуна нест”.
Шайх Иброҳим Рифъат, яке дигар аз фаъолони салафии Миср низ бо Муҳаммад Саидӣ ҳамандеш аст. Ин ду бо ибрози таассуф аз назари Қарзовӣ, ки дар паёме ба Ҳусни Муборак ӯро ба хуруҷ аз Миср ва тарки он тарғиб карда буд, гуфтанд: “Юсуф Қарзовӣ амале ғайри шаръӣ анҷом додааст ва ин шева бо мабонии исломӣ дар даст бардоштан аз ҳоким татбиқшаванда нест”.
Арабистони Саудӣ, яке аз ҳамтоёни Мисру Тунис аст, ки мардуми ин кишвар аз ҳукумати шоҳигариашон норозианд, ба ҳамин далел таъсири Тунис ва Миср низ дар он хеле зиёд аст. Равшанфикрони он барои ворид намудани ислоҳоти куллӣ дар кишвар борҳо овоз баланд кардаанд ва мавҷи тазоҳуроти кунинии ҳамсоякишварҳо ҷуръат ва ҷасорати онҳоро ин рӯзҳо бештар кардааст.
Барои ором кардани мардум дар ин кишвар низ нахуст аз номи Худову Расул сухан гуфта шуд. Он ҳам ба гунаи «духтарамро куфтам, келинам тарсид». Яъне, муфтии Арабистони Саудӣ, ҳангоми эроди хутба дар намози ҷумъаи гузашта дар масҷиди Туркӣ бен Абдуллоҳи ар-Риёз, муддаӣ шуд: “Душманони ислом дар назар доранд кишварҳои арабӣ ва исломиро порча-порча карда онҳоро аз кишварҳои бузург ва қудратманд ба чанд кишвари кӯчак табдил кунанд”.
Вай афзуд: “Ин тазоҳурот дар ҷиҳати зарба задан ба уммати исломӣ ва аз байн бурдани дин, усул ва ахлоқ аст ва омилони он мехоҳанд дар кишварҳои арабӣ тафриқа андохта, ваҳдати ононро аз байн бибаранд ва дар ниҳоят ин кишварҳоро тақсим кунанд”.
Оятуллоҳ Алии ХоманаӢ - раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон
Дар ҳамин рӯз оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳангоми эроди хутбаи худ дар Теҳрон режимҳои Тунис ва Мисри арабро режими сиёсии худкома хонд ва як бахши хутбаашро бо забони арабӣ гуфт, ки ба таври порча-порча тариқи телефонҳои мобилӣ дар байни тазоҳурчиёни мисрӣ ҳанӯз ҳам паҳн шуда истодааст. Раҳбари Эрон раиси ҷумҳури Мисрро “Номуборак” хитоб кард ва бо баёни ин ки “ин Номуборак миллати Мисрро залил кард”, изҳор дошт: “Дар Тунис низ раиси ҷумҳури фирорӣ Бен Алӣ, ба таври комил вобаста ба Амрико буд ва ҳатто гузоришҳое дорем, ки вай вобаста ба Созмони ҷосусии Амрико (CIA) амал мекард”. Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Вобастагӣ, навкарӣ ва итоати маҳзи режими кунунии Миср аз Амрико ва Исроил, омили аслии қиёми мардуми ин кишвар аст”.
Вай дар идомаи суханонаш бо ишора ба вобастагии комили, Зайнулобиддин бен Алӣ, раиси ҷумҳурии фирории Тунис ба Амрико ва Созмони ҷосусии ин кишвар (CIA), тасреҳ кард: “Барои як миллат бисёр сахт аст, ки раиси як миллат, ки одами бисёр мутакаббире буд, навкари расмии дастгоҳҳои амрикоӣ бошад”.
Мардуми ҷаҳон, ба хусус мусалмонони амалгаро, ки аксар дар Аврупо ба сар мебаранд, тазоҳуроти мардумиро дар Миср бедории мардум хондаанд ва ба гуфтаи ин мардум «он бемор (кишварҳои исломӣ)-е, ки дар даҳаи 20 то даҳаи 40 асри гузашта мулкаш дар байни аврупоиҳои ғосиб тарака мешуд, акнун мардуми он бедор ва аз беморӣ шифоёфта унвон мешавад».
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4392-nooromiho-dar-kishvarhoi-arab.html
-
22.03.2026 15:28
439
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
419
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
545
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
305
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
338
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
402
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
224
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
952
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
981
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
684
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1365
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2291
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
100
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
258
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
277
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
170
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
344
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
525
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
868
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1181
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1133
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2273
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2335
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3369
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
498
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1849
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1993
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
964
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1149
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1122
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
71
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
265
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
282
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1340
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4385
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4621
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб










































