«ХУДАТОН ВА КАСОНАТОНРО АЗ ОТАШИ ДӮЗАХ МАҲФӮЗ ДОРЕД!»
Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ
Суол: - ман зане мутааҳҳилам. Модари ду бача ва шавҳарам ҳамеша маро ҳамроҳи худ ба маҳфилҳо ва маҷлисҳои умумӣ мебарад, то он ҷо, ки ба хотири рафту омади ин гуна маҷлисҳо ва маҳфилҳо ба нӯшидани шароб ва кашидани сигор муътод шудаам ва акнун дигар аз тарки онҳо оҷизам. Дӯст доштам аз ҷаноби олӣ суол кунам: оё гуноҳи ин олӯдагӣ мутаваҷҷиҳи шахси ман аст ё мутаваҷҷиҳи шавҳарам мебошад, зеро эшон маро ба ин маконҳои ҳаром мебарад ва агар аз ӯ итоат накунам маро мезанад? Хоҳишмандам маро раҳнамоӣ фармоед.
Ҷавоб: Ин як мусибат аст, мусибати бисёр бузург, ки ҷомеаи исломии мо то ба ин ҳадд уфт намуда ва ахлоқи исломии мардон ва занонаш то ин андоза пойин омада бошад. Дар ҳар сурат, дар ин қазия гуноҳ мутаваҷҷиҳи тарафайн, яъне зан ва мард ҳар ду хоҳад буд. Нахуст, гуноҳ мутаваҷҷиҳи шавҳар аст, ба далели ин ки ӯ муваззаф аст, ки аҳли байти худро аз оташи дӯзах маҳфӯз дорад, ҳамон тавре, ки Худованди мутаъол хитоб ба гурӯҳи мусалмонон мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед худатон ва касонатонро аз оташе, ки сӯхти он мардум ва сангоҳост ҳифз кунед» (Таҳрим, ояи 6).
Яъне сарпарасти хонавода бояд ононро аз оташ маҳфӯз дорад, зеро масъулият ба ӯҳдаи эшон аст. Ҳамин тавр, аз лиҳози ниёзҳои дунёӣ эшон мукаллаф ҳастанд, ки ононро ба биҳишт наздик гардонад ва аз оташи дӯзах дур бидорад. Дар ғайри ин сурат, чӣ арзиш ва баҳое дорад, ки ҳамсаратро бо беҳтарин либос ороста намоӣ ва беҳтарин хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳоро барои ӯ ва соири афроди хонавода фароҳам созӣ ва бисёре аз зеварот ва таҷаммулот(ороишот)-и дунёиро барои онон таҳия намоӣ ва сипас-наъузубилЛоҳ-ононро ба сӯи оташи ҷаҳаннам бикашонӣ?! Чӣ арзише дорад, ки фарзандонат олитарин мадорики донишгоҳиро дарёфт кунанд ва ба болотарин мақом ва пусти дунёӣ бирасанд ва сипас, саранҷоми онон ҷаҳаннам бошад? Ҳамаи инҳо метавонанд дорои чӣ арзише бошанд?!
Ислом аз инсон мехоҳад, ки худ ва хонаводаашро аз оташи дӯзах маҳфӯз дорад: «худатон ва касонатонро аз оташе маҳфӯз доред, ки..» (Таҳрим, ояи 6) ва «Ҳамаи шумо шуббонед(чупонед) ва ҳамаи шумо масъули раъияти хеш ҳастед. Имом шуббон аст ва масъули раъияти хеш аст, мард дар хонаводааш шуббон асту масъули раъияти хеш мебошад. Зан дар хонаводаи шавҳараш шуббон асту масъули раъияти хеш мебошад. Зан дар хонаводаи шавҳараш шуббон аст ва масъули раъияти хеш аст» (муттафаққун алайҳӣ: Бухорӣ:2/317- Муслим{1829}).
Бар амсоли чунин ҳамсаре акидан лозим мебуд, ки ҳамсарашро аз ин палидиҳо, яъне шароб, ҷашнҳо ва ба вижа ҷашнҳои занон ва мардони дар он мухталит мебошанд ва ҳечгуна қайду банде барои худ қоил намебошанд ва ҳамон муди ғарбиёнро мегиранд, бар ҳазар дорад. Мутаассифона имрӯза мебинем, ки фарҳанги ғарбӣ бар ҷомеаи исломии мо соя афканда ва бисёре аз мусалмонон дар шеваи зиндагӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва аз лиҳози ихтилот(якҷошавӣ), хӯроку пӯшок, барномаҳои ғарбиро намунаи худ қарор додаанд.
Бинобар ин, ин шавҳар масъул аст, зеро ба ҷои ин, ки хонаводаи худро аз оташи дӯзах маҳфӯз дорад, эшонро ба сӯи он кашонидааст. Ҳамсари эшон ҳам масъул аст, зеро, ки ӯ мукаллаф аст ва фоқиди шахсият(худношинос) намебошад. Ва наметавон гуфт, ки ӯ абзори бидуни иродае аст ва ҳар сӯе онро бичархонанд бичархад ва олати дасти дигар бошад ва ҳам чун чорпоён ба ҳар куҷо эшонро бикашонанд ром гардад, қатъан чунин нест. Ӯ як инсон аст, дорои ақл ва ирода мебошад ва метавонад дар муқобили дастурҳои дигарон ба вижа дар мавориди маъсият бигӯяд: на! Дар робита бо маъосӣ ва гуноҳон аст, ки гуфтаанд: «Итоати махлуқ дар маъсияти Холиқ раво нест».
Ин як қонуне аст аз ҷониби шореъ(қонунгузор, яъне шариъат), ки тамоми султаҳо ва нерӯҳо дар он зувб(об) мешаванд. Бинобар ин, ҳеч раисе ва масъуле наметавонад ба маръус ва зердастони худ дастури маъсият диҳад. Ҳамчунин, падар наметавонад фарзандашоро ба анҷоми маъсияте водорад ва шавҳар наметавонад ҳамсарашро бар хилофи майли ӯ ба гуноҳе бикашонад ва оқои хонавода наметавонад хидматгузори худро маҷбур ба анҷоми маъсияте кунад ва ҳеч фармондиҳе наметавонад сарбозони худро ба самти маъсият савқ диҳад. На, ҳаргиз! Дар ҳадиси Набавӣ ворид шуда, ки Паёмбар (с) мефармояд: «Шунидан ва итоат кардан бар марди мусалмон дар он чӣ дӯст дорад ё надорад модом, ки ба гуноҳ фармонаш надиҳанд, шоиста аст, агар ба гуноҳе фармонаш доданд шунидан ва итоат кардани он раво нест» (Мутаффақун алайҳӣ).
Пас ҳар гоҳ шавҳаре ҳамсарашро ба анҷоми гуноҳе фармон диҳад ва ё эшонро ба сӯи маъсияте бикашонад, вазифаи ҳамсар аст, балки аз ҷумлаи воҷиботи динии ӯст, ки қотиъона ба шавҳараш ҷавоби манфӣ диҳад. Дар ин маворид, ҳаққи шавҳар ва ҳаққи Худо бо ҳам дар таъорузанд. Ҳамон тавре, ки аз як тараф вазифаи зан аст, ки аз шавҳараш итоат кунад, аз ҳуқуқ Худованди мутаъол аст, ки бояд аз гуноҳ ва маъсият худдорӣ кунад ва маълуму қатъӣ аст, ки ҳаққи Худо муқаддам бар ҳаққи шавҳар ва дигарон аст, ба илова, чунин чизҳое аслан ҳуқуқи шавҳар талаққӣ намешавад.
Ҳақ ҳангоме собит мешавад, ки нофармонии Худоро дар бар надошта бошад. Вақте ки шавҳар бихоҳад ҳамсарашро ҳамроҳи худ ба маҷлисҳо ва маҳфилҳои номашрӯъ, ё барои шаробхӯрӣ бибарад, дар ин ҷо бар зан воҷиб аст, ки ба дастури шавҳараш тан надиҳад. Агарчи ин мухолифати ӯ мунҷар (сабабгор) ба талоқ ва ҷудоӣ миёни эшон гардад. Ба ҳар ҳол, ин хоҳар, масъулият дорад, ҳамчунон, ки шавҳараш низ масъул мебошад ва акнун чорае нест ҷуз ин ки ин хоҳар ба даруни худ муроҷиат намояд ва ба даргоҳи Худованди мутаъол тавба кунад.
Номаҳои фаровоне дарёфт менамоям, ки баъзе аз хонумҳо нисбат ба фасоди шавҳаронашон шикоят доранд, шавҳаре, ки саҳаргоҳон аз хона берун меравад ва отилу ботили зиндагии худро дар лаҳву лаъаб сипарӣ мекунад ва охири шаб дар ҳоле, ки дасти росту чапи худро намешиносад, ба манзил меояд ва ҳамсараш ба ӯ мегӯяд: намозатро бихон! Ва ӯ ҷавоби манфӣ медиҳад, боз эшонро аз корҳои мункар боз медорад, вале ӯ ба ҳарфи ҳамсараш гӯш намениҳад. Ин ҳамон ҳамсаре аст, ки шавҳарро барои анҷоми тоат ва амали нек ёрӣ менмояд.
Дар ин қазия, ҳам ин хоҳар ва ҳам шавҳараш ҳар ду масъуланд ва аз ҳар дуи онон-зан ва шавҳар- мехоҳем, ки тавба кунанд ва ба даргоҳи Худованд бозгарданд, ки ҳисоби онҳо бо Худованди мутаъол аст ва аз ин роҳе, ки-алъаёзубилЛоҳ- ононро ба табоҳии дунё ва охират мекашонад, пой бикашанд!»
Таҳияи Амруллоҳи Низом
-
29.05.2025 11:16
91
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
29.05.2025 00:37
101
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
-
09.05.2025 16:33
223
Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия
-
07.05.2025 23:59
315
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
410
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
285
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
30.05.2025 00:36
119
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
28.05.2025 01:09
103
Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар мизи мудаввари мудирони Бонки Исломии Рушд
-
21.05.2025 21:36
303
Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ
-
14.10.2024 18:41
799
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1515
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3201
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
28.05.2025 01:03
100
Намоишгоҳи саноатӣ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
-
20.05.2025 16:02
159
Аз ташаббус то амал: Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
-
26.04.2025 20:08
237
СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқлим қабул кард
-
20.03.2025 11:59
350
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
588
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
711
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
300
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
311
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
315
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
550
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
825
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1648
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
434
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
419
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1630
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
1957
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2158
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2845
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
349
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
303
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
767
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2871
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3309
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3285
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
488
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
534
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
476
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?
Шарҳҳо
RSS Обуна