11:28:15 21-уми Июли 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

НАВИД: «ДАР ҲАМА ҲОЛАТ АЗ ЭЪТИДОЛ КОР БИГИРЕМ!»

Имрӯзҳо дар матбуоти хориҷӣ сарусадоҳое дар мавриди ба шакли дигар мунқасим намудани дини Ислом, ба монанди «исломи анъанавӣ» ва «исломи суннатӣ»-ву амсоли инҳо бархостааст. Яъне, ҳамон барномаи «исломситезӣ»- ки Ғарб онро мехоҳад то охир пиёда кунад, бо суратҳои дигар намудор мешавад. Рӯйи ин масъала  хабарнигори мо гуфтугӯе дошт бо Муҳаммадӣ Ҳодизода Навид, мудири Маркази тоҷикшиносии назди Китобхонаи миллии ба номи устод Абулқосим Фирдавсӣ.

-Оё ислом анъана шуда метавонад ва тақсим кардани ислом ба монанди исломи суннатӣ, исломи анъанавӣ ва ё ин ки табақабандии ислом ба монанди исломи сиёсӣ ва исломи ғайрисиёсӣ ва ё исломи ҷиҳодӣ, аслан ҳамин мафҳумҳо аз куҷо маншаъ мегиранд, барои кӣ ва чӣ нафъ доранд?

/images/stories/2011/07/22_navid_4654656.jpg- БРР, аслан мо бояд ҷои таъассуб надошта бошем  аз ин иборот ва вожаҳо ва баъзе терминалогияе, ки пайдо мешавад, нисбат ба ислом, зеро муғризин ва онҳое, ки бо ислом сари тез доштанд, яъне душманӣ доштанд, дар ҳама асру замонҳо як унвоне барои ислом, ба истилоҳ мот кардани ислом, бофтанду сохтанд. Мисли ҳамон сохтаву бофтаҳои торихишон ҳаст, ибораи «исломи анъанавӣ», ин бисёр як гапи нодуруст аст, ислом ҳаргиз анъана нест, балки ислом як ақида аст, яъне ба истилоҳи дигар тамоми шууни зиндагиро аз ақоид то ахлоқ то тамоми дигар шуъунро дар бар мегирад.

Ба истилоҳи дигар аз гаҳвора то гӯрро дар бар мегирад. Инҳо ҳамчун як ибороти шарқӣ барои баён кардани мақосиди худашон истифода мебаранд, вале дар асл ин иборот нодуруст аст, исломро мо ҳамчун анъана ҳаргиз қабул карда наметавонем, балки ислом асолати ақидатии мо, аслоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳамаҷонибаи мову шумост. 

- Ҷаноби Навид, аз нигоҳи шумо ҳамчун як шахси фарҳангӣ ва пажӯҳишгар , асли бархӯрди ғарбгароҳо бо ин гуна мавзӯъҳо аз чӣ маншаъ мегирад, яъне ҳадаф тазъиф кардани мусалмонон аст ё чизи дигар?

- Асли қазия якрӯза, дурӯза нест, балки решаи  торихӣ дорад. Ва мову шумо медонем, ки вақте ки дар асрҳои миёна, дар Аврупо, калисо ва ё дини масеҳии таҳрифшуда, бисёр истибдоду зулме нисбат ба илм раво дошт, масалан бо тамоми  ихтироъоту навовариҳои олимон  мухолифат нишон дод ва онҳоро ҳамчун муртадду мулҳид ва ҳатто ҷодугар ва дигар... нисбат дод ва аксари онҳоро кушт ва гулханҳоеро оросту маҳкамаҳои  тафтишро таъсис дод.

Сиёсатмадорон маҷбӯр шуданд дар асрҳои ҳаҷдаҳ шурӯъ аз Фаронса то тамоми Аврупо, дар баробари ин дуруштии калисо дуруштии дигаре бикунанд. Яъне, чун қувват ва сиёсат  дар дасташон буд,  онҳо аввалин бор  ҷудоии динро аз илм эълон доштанд, яъне маълумоти динӣ дигар аст, гоҳо мутобиқат мекунад, гоҳо намекунад, вале масъалаи илм дигар аст, ки ин роҳи худро дорад. Ва мову шумо медонем, ки ин қазия кашид то ҷудоии сиёсат аз диёнатҳо ва дин аз давлат.

Онҳо динро аз давлатдорӣ ҳам ҷудо карданд ва динро бурданд гӯша ва масалан ба ғайр аз ақида ва ибодот ва барои умури дигари зиндагии башарӣ онро ҳамчун бегона эълон  карданд. Дар тамоми дунё фақат масеҳиҳо зиндагӣ намекунанд, боз мусалмонону дигар диёнатҳо ҳам ҳаст. Ба ин тариқа онҳо мехоҳанд, ҳамин таҳрифкорие, ки нисбат ба дин худ карданд, мехоҳанд, ки ҳаминро болои дигар диёнатҳо ҳам таҳмил кунанд, гӯё исломи ноб ва аз нигоҳи онҳо ҳамин аст, исломи анъанавии бедуни ягон ҳаракат аст, бидуни ягон фарзия аст. Онро ба истилоҳ бисёр ситоиш мекунанд ва исломе, ки ба ҷуз аз ибодат ва ҷуз аз масҷиду мадрасаву дигар дар саҳнаҳои ҳаёт ҷой надошта бошад.

Инро меноманд исломи мӯътадил, исломи сиёсӣ, масалан исломи расмӣ ва анъанвӣ ва агар мусалмонон  ба тариқи муътадил мехоҳанд воқеияти исломро, ки ҳаргиз ҷудо аз сиёсат набуд, рӯи саҳна биоранд, чун муборизоти дигар муборизоти сиёсӣ дар чорчӯбаҳои ҳамин меъёрҳои башарӣ сурат мегиранд, мисли ҳизбҳову ҳаракатҳову дигар чизҳои ақидатии ислом, мо мебинем, ки дар худи масеҳият ҳизбҳои масеҳӣ, сотсиалхристианӣ, демократхристанӣ ва.. вуҷуд дорад. Вале чун  қисса болои ислом меояд онҳо аз ҳамон бадбинии торихие, ки доранд, ҷудо мекунад исломро ба исломи сиёсӣ ва ғайри сиёсӣю Онҳо исломи сиёсиро дар назари мардум бисёр бад ҷилва медиҳанд.

Ва бад-ин васила, мо медонем, ки як қисме аз мусалмонони огоҳро аз роҳ бурданд, яъне ба ин масъала фиреб ҳам доданд, ҳатто баъзе аз мутаъассибини мо, ки даъвои донишмандӣ  ҳам мекунанд, исломро аз сиёсат ҷудо медонанд, ки ҳаргиз инҳо як лаҳза  аз ҳамдигар ҷудо набуданд, яъне баъд аз пайдоиши ислом. Ба иборати дигар, масалан, ҳамон ибораҳои исломи ҷиҳодӣ, исломи тундгаро, исломи сиёсӣ ва аз ин қабил иборатҳо истифода мебаранд, ҳол он ки худи ҳамин сиёсати тундро ва ҳамон хушунату тундгароиро низ сиёсатҳои тунди ин абарқудратҳо ба вуҷуд овардаанд. Онҳо меъёрҳо ва чорчӯбаҳои исломро ба назар нагирифтанд.

Хушунат хушунатро мезояд ва саҳнаро барои мусалмонон танг сохтанд ва ба ин хотир мусалмонон маҷбӯр шуданд дар муқобили хушунат хушунатро ихтиёр намоянд. Ин абарқудратҳо на ба роҳи эътидолу оромӣ дар саҳнаи сиёсӣ исломро роҳ медиҳанд, на ба гурӯҳҳо, балки мехоҳанд, ки ислом ва мусалмонон гумном, ба истилоҳи худ исломи анъанавии худро биқапанду бираванд як гӯшае, масалан, масҷиду мадраса бишинад, ба давлат кордор набошанд, ба ин васила як гурӯҳи мусалмонон маҷбӯр шуданд, ки даст ба террор бизананду исломро бадном кунанд.

- Ҷаноби Навид, шумо дар боло қайд кардед, ки ислом анъана шуда наметавонад, агар рафту тарғиби «исломи анъанавӣ» авҷ гираду то ҷое мардум ба он моил шаванд, оё  дар чунин ҳолат дини мардум дар хатар буда метавонад ё хайр?

- Намегӯем, ки асли ақидаи мардум мувоҷиҳи хатар мешавад, вале дар он ҳолат як исломе ба вуҷуд меояд, ки исломи дилхоҳи абарқудратҳост, яъне як исломе, ки ба ҷуз ибодат дигар коре надорад, чунин як пиндори ғалат пайдо мешавад, ки ислом фақат ибодат асту ақида тамом, дигар он на ба сиёсат на ба иҷтимоиёт, на ба ахлоқиёти мардум ва на ба қавонини башарӣ кордор нест. Яъне  чунин як пиндоре ба миён меояд, ки албатта, хатарнок аст!

Вале мо дар тӯли асрҳо мебинем, ки барои гӯша бурдану аз саҳнаи сиёсату иҷтимоиёт ва фарҳанг дур кардани ислом кӯшишҳо карда истодаанд, вале чун аз ибтидо табиати ин дин, ҳақиқату воқеияти дини ислом хеле вақт аз ин ҷомеа берун набуд, фикр мекунам, ки кӯшиши онҳо ҳам самараи дилхоҳе барои эшон нахоҳанд овард.

- Ҷаноби Навид, ибораи «эҳёи исломи анъанавӣ- беҳтарин ҷойгузин барои ифротгароии мазҳабӣ» то чӣ андоза метавонад мантиқӣ бошад?

- Ин фикр ғалат аст! «Исломи анъанвӣ», ибораи бофтаи онҳост. Назари мо ин аст, ки ифротгароӣ ва хушунат аслан бо табиати ислом, бо ҳақиқати ислом, мухолифат дорад. Ҳаргиз ислом таълиму таблиғ намекунад барои хушунату тундгароӣ. Беҳтарин василаи аз байн бурдани ин ифроте, ки ба ислом нисбаташ медиҳанд, ин сиёсатҳои муътадил ва сиёсатҳои бо адолатонаи абарқудратҳо дар баробари мусалмонҳост, аз нигоҳи ман.

Яъне, агар онҳо як сиёсати воқеъбинонаро дар баробари олами ислом ба кор бигиранд, мусалмонҳоро барояшон ҳуқуқ қоил бошанд, ки мусалмонҳо ин диёнаташон диёнате ҳаст, диёнати иҷтимоист, онҳо метавонанд, ки дар саҳнаҳои сиёсӣ ширкат бикунанд ва ба василаҳои интихобот ва амсоли онҳо сари қудрат биоянд, ҳаргиз хушунате дар ин ҳолат пайдо нахоҳад шуд ва агар онҳо то замоне, ки дар баробар мусалмононро саркӯб мекунанд, онҳоро тақҳир мекунанд, ҳам ба воситаи ҷангу куштор ва ҳам ба воситаи қолабҳои сохтаву бофта мисли ҷудоии дин аз давлат ва дигар корҳое, ки олами исломро мехоҳанд онро таҳмил бикунанд, ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд ва албатта бар хилофи табиат ва воқеияти ислом чунин гурӯҳҳои ифротӣ пайдо хоҳанд шуд ва сабаби пайдоиши онҳо ҳам чуноне, ки гуфтам, ҳамин сиёсатҳои нодурусти абарқудратҳои дунё хоҳад буд.

- Ҷаноби Навид, дар бораи хушунат гуфтед, шояд ин суол каме аз мавзӯъ фосила дошта бошад, яъне пурсидинаям, вақте як мусалмон ғайраташ ҷӯш мезанаду мехоҳад аз ҳаримаш дифоъ кунад, онро хушунатгаро ва табъиззо меноманд, мегуфтед, ки аз сарҳади ғайрат то марзи хушунат чӣ қадар фосила вуҷуд дорад?

- Ин суол ҷузъе аз баҳси болост. Мову шумо медонем, ки тамоми оятҳои Қуръон далолат бар эътидол доранд ва дар ҳадисҳои Паёмбари Акрам(с) омадааст, ки осонгирӣ бикунед,  ин гуфтаи Ӯ(с) далолати зиёд дорад. Вале бад-ин васила чунин пиндоре пайдо нашавад, ки мусалмон дар ҳама ҳолат сархам, саршикаста ва ҳеч гуна ҷуръату ҷасорат аз худ надошта бошад. Балки мусалмон дар ҷоҳои муайян ва вақти муайян аз худ ҷуръату ҷасорате бояд дошта бошад, ки аз ҳарими худ дифоъ карда битавонад. Вақте мусалмононро ба хушунату табъиззо нисбат медиҳанд, мақсадашон ин аст, ки як мусалмони беҷуръату беҳаммиятро бубинанд. Вале таълимоти ислом бар хилофи ин аст.

Дар ҳадиси Паёмбар(с) мехонем, ки мӯъмини қавӣ беҳтар ва дӯстдоштатар аз мӯмини заъиф дар назди Худованд аст. Ва дар ривояте, дар ҳар кори хайре. Пас инҳо мегарданд, ба ҳамон заъфу қувват, на ба сӯи хушунат. Вақте як нафар аз заъифӣ худро берун мекашад, ё ин ки маҳрами худро аз баъзе роҳҳо манъ мекунад, ба василаи устуворӣ ва одобдодан, наметавон онҳоро хушунат биномем. Ин асли ҷуръату ҷасорат ва ҳаммияти як мусалмон аст, ки дар мавқеи худ ҳатман бояд аз ин сифат пайравӣ кунад.

- Ҷаноби Навид, имрӯзҳо дар баъзе аз маҳфилҳои кишвар андешаеро ба унвони «муллоҳои ҳукуматӣ ва ғайри ҳукуматӣ» дар байни мардум тарғиб доранд, ин то чӣ андоза метавонад таъсири хуб ё баде дошта бошад?

- Ин гуна ибораҳо ва суханҳо суханҳои сохта ҳастанд. Равиши замон маҷбӯр мекунад, ки чунин як ибороте пайдо бишванд. Вақте ҷомеа мебинад, ки як гурӯҳе аз уламо дар асру замонҳо, дар тамоми кишварҳо, дар ҳама вақт, бо ҳама низомҳо созиш доранд ва дар хидмати онҳо ҳастанд, ба онҳо аслан хоҳ низоми коммунистӣ бошад, хоҳ низоми демократӣ бошад ё ҳар низоме, ки бошад, баъзе аз донишмандони мазҳабӣ худро мутобиқ мекунанд, бо он давлат ва дар хидмати он мераванд, пас ночор барои онон як вожа сохта бароварда мешавад, ки онҳоро аз дигарон шинохта шавад, пас мегӯянд, муллоҳои давлатӣ ва ё муллоҳои ҳукуматӣ.

Ва дар баробари онҳо як қисми аз донишмандоне ҳастанд, ки дар ҳама ҳолат меъёрҳои шаръро риоят мекунанд ва ҳаргиз он шарофату каромат ва воқеияти як мусалмонро поймоли сиёсатҳо намекунанд ва онҳо намераванд дунболи манофеи шахсиашон ва дар хидмати ҳукуматҳо бошанд. Агар он давлату ҳукуматҳо дар воқеъ мустабид бошанд, ё ин ки аз меъёр ва чорчӯбаҳои мазҳабӣ берун бошанд. Ин тоифае аз донишмандон худро дар ин ҳолат нигаҳдорӣ мекунанд ва аз ҳарими ислом берун пой намениҳанд. Онҳоро  мегӯянд донишмандон ё уламои мутаъаҳҳид ё онҳое, ки бо ҳукуматҳои мустабид доимо дар ситез ҳастанд.

- Ҷаноби Навид, мо шоҳиди онем, ки дар кишварҳое назири Покистону Эрон, Ироқ, Лубнону Баҳрайн ва ғайра мардуми мусалмонро байни ҳам бо ин ки ин шиа асту он суннӣ, бо ҳам мехезонанду ҷанг меандозанд, мегуфтед, идеяи муллоҳои ҳукуматӣ ва ғайри ҳукуматӣ дар кишварамон назири ҳамон фитанҳост ё чизи дигар?

- Бале, масалан як воқеияти рӯшан аст, ки мардум бо чашми худ мебинанд, бисёре аз иборот ва вожагон аз байни мардум, аз оммаи мардум бармехезад. Масалан шумо бубинед, ҳамин фолклоре дорем, дар натиҷаи мушоҳидот мардум як чизеро бисёр зиракона мебинанд, дарк мекунд ва ҳоло ба тариқи паҳлавиёт, ё масалан ҳамон ибораҳои забонӣ паҳн мешавад ва дар тӯли торих мо аз ин мисолҳо дорем. Яъне, оммаи мардум мушоҳидкор ҳастанд, муллоҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ воқеиятест, ки мардум бо чашмашон диданд, аз худи ҳамон мардуме, ки мо онҳоро содаашон нишон медиҳем, аз ҳамон ҳост.

Ва дигар ин ки то чӣ андоза мисли ихтилофоти мазҳабӣ ин таъсир дорад, назари ман ин аст, ки як гуна дурӣ ва фосиларо байни донишмандони исломӣ эҷод мекунад. Чанд соли ахир дар ҷомеаи худамон мушоҳида мекунем, ин бигӯ магӯҳо гоҳ ба тариқи расмӣ ва гоҳ ба тариқи пинҳониву ошкоро байни ақшори ҷомеаи уламои Тоҷикистон вуҷуд доранд. Баъзе аз онҳо баъзе ҳаракатҳоро мазамат мекунанд ва баъзе ҳалқаҳои сиёсиро қабул надоранд ва баъзе аз ин сиёсатмадорони мо ҳам, ҳамон қишри уламое, ки ҳама вақт дар хидмати сиёсатҳо будандро радд мекунанд.

Ин идея ихтилоф эҷод мекунад, вале воқеият оҳиста-оҳиста маълум мешавад. Дар он шиддате, ки дар аввали солҳои истиқлол байни ақшори ҷомеа буд, ҳоло мебинем, рӯ ба як навъ эътидол омадааст, вале ихтилофот боқӣ ҳастанд. Назари ман ин аст, ки бояд донишмандони мазҳабӣ сари як нуктае биоянд, чуноне, ки пайравӣ кардан аз мазоҳиби гуногун дар як ҷомеа сабаби ихтилофоти амиқ ба мисли Покистону Ироқ аст, Худой накунад, ки то ба он поя бикашад…

Мо бояд дар ҳама ҳолат аз эътидол кор бигирем, ҳам дар масоили иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҳам дар масоили мазҳабӣ бояд, ки аз ҳамон асолати мазҳабӣ, ки мо ва шумо дар тӯли таърихи ин минтақаи Мовароуннаҳр ва Хуросон дорад, пайравии ҷиддӣ дошта бошем ва ҳаргиз ба ихтилофоти мазҳабӣ ва пайдоиши мазоҳиби нав мусоидат нанмоем.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 25.07.2011 21:42
Иллохо Парвардигоро Уро ва Хонадонашро аз тамоми офатхо нигахбон бош !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi