17:13:00 15-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ОЁ ЗАКОТИ ФИТР ҲАР СОЛ ТАҒЙИР МЕЁБАД?

Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ

 Суол: Оё закоти фитр ҳар сол тағйир мекунад?

Ҷавоб: Мизони шаръии закоти фитр муайян ва мушаххас аст ва тағйир намекунад. Миқдори он иборат аз як соъи таъом аст ва ин миқдор як соъро худи Паёмбар (с) мушаххас намудааст. Ин гуна таъйини Ҳазрат низ, ба назари ман, бисёр ҳикматомез ва ба ду далел будааст.

/images/stories/2011/08/13_zakat000002.jpgДалели аввал ин ки пули нақд дар миёни араб ба хусус бодиянишинҳо камёб будааст ва агар ба онон гуфта мешуд фалон маблағ дирҳам ё динорро пардохт кунед, барои онон муяссар намебуд ва онон ҷуз қуту ғизое, ки дар он замон роиҷ будааст, аз қабили хурмо, кишмиш, ҷав ва монанди онҳо чизи дигаре дар ихтиёр надоштанд. Ба ҳамин хотир, Паёмбар(с) закоти фитрро як соъ аз қут ва ғизои ғолиб ва роиҷи онон қарор дод.

Далели дувум ин ки қудрати хариди пули нақд ҳар чандгоҳ тағйир мекард, гоҳ арзиши пул поин меомад ва қудрати хариди он бисёр таназзул мекард ва гоҳ баръакси қудрати харид пули нақд дар бозор боло мерафт ва ҳамин масъала боис мешуд, ки таъйини закоти фитр ба сурати нақдӣ дучори навасон гардад ва болову поин биравад ва бар як ҳоли собит намонад. Ба ҳамин ҷиҳат, Паёмбари Акрам (с) мабнои таъйини мизони закоти фитрро чизе қарор дод, ки ихтилоф ва навсонӣ дар он набошад, ки ҳамон як соъи хӯрокӣ аст ва ин миқдори як соъ аз маводи ғизоӣ, ғолибан як нафарро ба муддати як шабонарӯз сер нигаҳ медорад.

Албатта, Паёмбари Акрам (с) ғизоҳо ва хӯрокиҳое, ки дар он замон (дар он манотиқ) маъмул буда, зикр намудааст, вале ин баршумурдани эшон ба маънӣ нест, ки пардохти закоти фитр мунҳасир ба он маворид мебошаду бас. Ба ҳамин далел уламои исломӣ гуфтаанд: пардохти закоти фитр аз қут ва ғизои ғолиб ҳар шаҳру диёр ҷоиз аст. Хоҳ он қути ғолиб гандум бошад ё биринҷ ё зурра (ҷуворимакка) бошад ё чизи дигар.

Як соъ муодили қадре беш аз як чоряк ё ҳудуди ду килограм ва ё тақрибан 5 ратл аст. Ва бино ба мазҳаби Абӯҳанифа метавон қимати онро пардохт намуд. Агар шахсе тавонои молӣ дошта бошад, беҳтар аст, ки аз қимати як соъ бештар бипардозад. Ба далели инки имрӯз ғизо мунҳасир дар биринҷ нест, балки ҳамроҳи он гӯшт, сабзӣ, мева ва ғайра сарф мешавад.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Эзоҳ: 1. Имсол мувофиқи қарори Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисоби закот ба миқдори 14500 сомонӣ (3053 доллар) муайян гардидааст, ки аз ин миқдор 363 сомонӣ (77 доллар) мебояд закот дод.

2. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳар нафар бо қимати гандум 4 сомонӣ муайян шудааст (Садақаи фитр ба шахсе воҷиб мешавад, ки соҳиби нисоби закот бошад).



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 16.08.2011 10:47
(Садақаи фитр ба шахсе воҷиб мешавад, ки соҳиби нисоби закот бошад). ин шарх хам шаръан галат аст. дар асл агар навзоде шаби ид таввалуд шавад, садакаи фитр бар у вочиб мешавад ва бояд падару модараш ё сарпарастонаш бар ивази вай садакаи фитрро пардохт намоянд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi