01:07:35 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БЕСАРУСОМОНИҲО ДАР МАВСИМИ "ҲАҶ-2011» АЛЛАКАЙ ШУРӮЪ ШУДАНД?

Ба иттилои яке аз масъулини Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки нахост номашро фош гӯяд, шурӯъ аз 14-уми октябр, сафарбарнамоии зоирони Ҳарамайн-Маккаву Мадина, аз шаҳри Душанбе, тариқи ҳавопаймо, оғоз хоҳад шуд.

/images/stories/2011/09/15_hajj_15.9.2011.jpgҲамзамон бо далели он, ки то кунун тамоми шаҳраку ноҳияҳо рӯйхати теъдоди шаҳрвандони ҳаҷравандаро ба таври мукаммал пешниҳод накардаанд, дар навбати худ Кумитаи оид ба корҳои дин низ ба он мувафаққ нашудааст, ки рӯйхати тамоми афроди пешниҳодшударо ба мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бозпас бидиҳад. Инчунин онҳое, ки барои сафари ҳаҷҷ ҳуҷҷат супоридаанд, чун довталаб зиёд аст, ҳар яки эшон дақиқ намедонад, ки номаш дар рӯйхат ҳаст ё хайр?

Ҳукми ришва барои адои Ҳаҷҷу Умра

Ва аммо, рӯзе пеш яке аз дӯстонам бо ҳамроҳи бародараш омада гуфт: ин марди Худо мехоҳад, ки имсол барои адои Ҳаҷҷ сафар кунад, аммо ба гуфти масъулини ноҳия тамоми «квотаҳои» имсола барои Ҳаҷҷ фурухта шудаанд. Аммо роҳе вуҷуд  дорад, ки мушкилатон бароварда шавад, яъне агар расман хароҷоти сафар  3448 доллар бошад, аз 20 то 30 дар сад пули зиёдатӣ бидиҳӣ, ҳуҷҷатҳояшро  дуруст ва номашро дар феҳристи зоирони Ҳаҷҷ хоҳанд навишт, ба осонӣ ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф хоҳад шуд.

Ба эшон гуфтам, шумо ҳарду нияти кори хайр карданро доред ва мехоҳед яке аз фаризаҳои Илоҳӣ ва аркони исломро ба ҷо оваред, аммо шояд аз ҳаяҷон ва эҳососоти гарму завқи зиёрати Маккатуллоҳ ҳадиси Расули Худо(с)-ро фаромӯш карда бошед, ки гуфтааст: ришвадиҳанда ва ришвагиранда ҳар ду дар оташанд. Чун ришва додану ришва гирифтан ҳар ду ҳаром аст, ин амали ҳаром ва носавоб дар анҷоми ин ибодати бузург, яъне Ҳаҷҷ  халал мерасонад. Бо ин вуҷуд уламо ва донишмандони мусалмон дар мавриди ришва додану ришва ситонидан ду сурати ҳолро баён кардаанд:

1. Ришва додан ба ҳаққи собите, ки соҳибаш барои бозпас гирифтани он талош мекунад, аммо бидуни пардохти ришва, ҳаққашро соҳиб шуда наметавонад. Дар ин сурат, чун мазлуму ситамдидааст, ришва доданашро барои бозпас гирифтан ҳаққу ҳақуқҳояш ҷоиз донистаанд, вале моле, ки ришваситон аз вай гирифта аст, ҳаром аст. Яъне гуноҳ бар сари ришваситон аст, на бар сари ришвадиҳанда.

Ҳаҷҷ низ ҳаққи ҳар мусалмонест, ки тибқи омӯзаҳои шариъат, зоди сафар ва шароити адои фаризаи Илоҳиро дорад, барои мисол, дар сурати бедалел маҳрум намудани фарди мусалмон аз гирифтани раводид (виза) ва ё иҷозатномаи адои Ҳаҷҷ ва талаб кардани ришва, мусалмон метавонад, ки барои соҳиб гардидани виза ва ё иҷозатномаи Ҳаҷҷ, ки ҳаққи ӯст ва чун ришва надиҳад фарзи Илоҳиро ба ҷо оварда наметавонад, ришва бидиҳад ва ҳаққашро соҳиб шавад. Дар ин ҳолат гуноҳ бар сари фарди мусалмони ҳаҷраванда нест, балки  гунаҳкор он масъулест, ки дар ҳаққи ин мусалмон зулм карда, аз ӯ пора талаб кардааст.

2. ба фарзи мисол як фарди Ҳаҷҷ раванда пора медиҳад то номашро дар радаи аввали феҳристи зоирон бинависанд. Дар ин сурат ё номи касе, ки пора надодааст, ҳазф мешвад ва ё шахсе, ки муддатҳо навбатро интизор буд, ин дафъа низ, бо сабаби пора додани ин фарди ҳаҷраву пора қабул кардани масъул, номаш ин дафъа низ аз феҳристи зоирон хат зада мешавад, ки дар ҳар ду ҳолат, дар ҳуҷҷатгузорӣ қаллобӣ сурат гирифта ва бар шахси савум зулм шудааст. Расули Худо(с) гуфтаанд: Ҳар фарде, ки қаллобӣ мекунад аз уммати ман нест. Қаллобӣ ҳаром аст ва дар ин ҳолат ҳам порадиҳанда ва ҳам порақабулкунанда муртакиби гуноҳ мешаванд.

Шариъати ислом ин амалро натанҳо ҷоиз, балки ҳаром медонад. Тавре дар айёми Ҳаҷҷ Худои таъоло аз ҳад гузаштан ва зулм карданро ва бо тамоми гунаҳояшон манъ ва ҳаром гардонидааст, дар фароҳам овардани сафари Ҳаҷҷ низ ин амалҳо мақбули боргоҳи Илоҳӣ нахоҳад буд ва инсон аз сафарҳои бо роҳи номашрӯъ ба вуқӯъ пайваста, ба ҷуз ранҷҳо ва дардҳои он, чизе ба даст нахоҳад овард.(Барои маълумоти бештар ба домуллоҳои мӯҳтарам, Раёсати фатвои Маркази исломӣ, ва китобҳои фатво муроҷиат карда шавад).

«Бизнес-плани Ҳаҷ»

Дар «АРИЗАИ-СОЗИШНОМАИ ШАҲРВАНДИ ҲАҶРАВАНДА ДАР МАВСИМИ «ҲАҶ-2011»», ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ оид ба корҳои дин таҳия шудаасту бо шаҳрвандоне, ки озими ҳаҷ мебошанд, баста мешавад, чунин омадааст:

«Мабалағҳои зерини вобаста ба сафари ҳаҷро пардохт мекунам:

1. Маблағи чиптаи ҳавопаймо(рафту баргашт).- 1645$

2. Маблағи авоид (боҷи шоҳӣ).- 275$

3. Маблағи иҷораи меҳмонхона дар шаҳри Макка.- 810$

4. Маблағи иҷораи меҳмонхона дар шаҳри Мадина.-180$

5. Маблағи хӯрока (се маротиба дар як рӯз). - 175$

6. Маблағи хидмати роҳбаладон, гурӯҳи корӣ ва ҳайати табибон.- 111$

7. Маблағи хизматрасониҳое, ки аз ҷониби Кумита анҷом дода мешавад.- 76. 97$

8. Маблағ барои кумаки аввалияи тиббӣ.- 5$

9. Маблағ барои эмгузаронии зидди касилиҳои сирояткунанда.- 26$

10. Маблағи қурбонӣ.- 85$

11. Маблағ барои ҷузвдон ва сару либоси махсус, беҷик,  парчамҳои калону хурд, китобчаи «Роҳнамои ҳаҷ ва умра», нишонаҳо барои нақлиёт, ҷомадон ва овезаҳои ранга.—53.52$

Дар маҷмӯъ: - 3 448$ (дақиқтараш 3447.49 + 0,51$= 2805 $ ройгон ва бе ҳисобу китоб ба хазина Кумитаи дин ворид мешавад).

Абдурраҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин дар нишасти ахири худ гуфт: теъдоди зоирони Ҳаҷҷ дар соли 2011-ро 5500 нафар ташкил медиҳад. Аммо дирӯз, аз ин Кумита тариқи телефон ба мо гуфтанд, ки чун то ҳол тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,  феҳристи зоиронро пешниҳод накардаанд, дар бораи теъдоди аниқи зоирон иттилоъ дода наметавонанд.

Ҳамзамон маблағи хизматрасониҳое, ки аз ҷониби Кумита анҷом дода мешавад, 76. 97$-ро ташкил медиҳад. Яъне дар як мавсими Ҳаҷ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танҳо аз ҳисоби озимони Ҳаҷи фарзӣ, ки 5500 нафарроташкил медиҳад, 423 335$ муодили 2053174,75 сомонӣ даромади соф мегирад, ки ин маблағ бештар аз буҷаи як солаи ин Кумита хоҳад буд.

Ҳоҷӣ мулло Тоҳир(номи мустаъор), ки собиқаи чанд каратаи Ҳаҷҷро дорад ва беш аз панҷ маротиба гурӯҳе аз зоиронро роҳбаладӣ кардааст, дар суҳбат ба мо гуфт: «Акнун пай бурдан мумкин аст, ки чаро Ҳукумати кишвар ин бизнесро аз дасти дигарон кашида гирифту ба ин масъалаи сирф динӣ дахолат кард. Имсол низ мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатиро дар ин «тиҷорати бузург» ҳамроҳ намуд». Вай афзуд: Дар ҳоле, ки маоши миёнаи моҳонаи мутахассисону сармутахассисони ин Кумитаро аз 280 то 320 сомонӣ ташкил медиҳад, аз ҳар як зоир 76,97 доллар ситонидан чӣ маъно дорад?

Ба қавли ӯ, чизи дигаре, ки хеле шубҳаовар менамояд, маблағи иҷораи меҳмонхона дар шаҳри Макка- 810$ ва маблағи иҷораи меҳмонхона дар шаҳри Мадина-180$, мебошад. Таҷрибаи солҳои қабл нишон додаст, ки одатан зоирон то сӣ рӯз дар сарзамин муқаддас ба адои зиёрат машғул мешаванд ва баъд аз анҷоми он ба ватан бармегарданд.

Одатан, ҳоҷиён дар шаҳри Макка 20 рӯз ва дар шаҳри Мадина 10 рӯз машғули ибодат мешаванд, дар Мадинаи мунаварра барои адои 40 намози фарзӣ ва бо ҷамоъат талош меварзанд, то ҳамон аҷри ваъда шудае, ки аз ҷониби Паёмбар (с) барои 40 намози бо ҷамоат (ва бо такбири аввал) ваъда шудаастро соҳиб шаванд.

ман ба ин фактҳои дар боло оварда шуда, ки гӯё меҳмонхонаҳои Мадина  се чор баробар аз меҳмонхонаҳои Макка арзонтар бошанд, ба хусус дар мавсими Ҳаҷҷи фарзӣ, бовар надорам. Чун раҳу рафтори онҷоҳоро хуб медонам. Ҳамзамон сомонаҳои тиҷоратие, ки ба фармоишу дархости мардум дар меҳмонхонаҳои дунё сару кор доранд, рақамҳои зикр гардида аз ҷониби Кумита оморашон ба мисли замину осмон аз омори Кумитаи оид ба корҳои динро  зери суол қарор медиҳад.

Бар илова дар ин бозор барои миёнаравон ҳадди аққал даҳ дар сад аз маблағи умумиро туҳфа медиҳанд. Шояд онҳое, ки дар байни зоирон ва меҳмонхонаҳои Арабистони Саъудӣ миёнарав шуда кор кардаанд, ҷайби мардумро ба инобат гирифта, кайҳо дасти кам даҳ дар сад, яъне 505000$-ро дар кисаи чапи худ задаанд, тафсилоти ин бозорро ба ҷуз «соҳибкорони бо таҷриба» каси дигар медониста бошад?

Вақте ин факту рақамҳоро шунидем, ба Шӯъбаи Ҳаҷҷ ва зиёрати Кумитаи оид ба корҳои дин муроҷиат кардем, то тафсилоти ин «Бизнес-плани Ҳаҷҷ»-ро шарҳ диҳанд, аммо яке аз масъулин он Мустафоқулов, гуфт, ки аввал бо раис бояд мувофиқа кунед, ба назди Абдураҳим Холиқов, раиси ин Кумита рафта, дар назди даромадгоҳи утоқи кориаш бо ӯ вохӯрдам. Ба вай гуфтам, ки баъзеҳо дар бораи ин нархномаи шумо шубҳа доранд, як нусхаашро ба мо диҳед, то мавриди муқоиса қарор диҳем.

Ҷавоб дод: мо ин нархномаро бо Хадамоти зидди инҳисорӣ мувофиқа кардаем ва нусхаи нархномаро аз ҳар ноҳия гирифта метавонӣ..! Зоҳиран барои суҳбат кардан омода набуд ва нахост, ки нусхаи нархномаро аз Кумита дастрас кунем, чун медонист, ки бо дидани он суолҳо пайдо хоҳанд шуд. Баъд тайи се рӯзи ахир низ тариқи телефонии Шӯъбаи Ҳаҷҷ ва зиёрат касе суҳбат кардан намехост, чун занг мезадем, ҷавоб намедоданд…

Масъалаи дигаре, ки андеша карданро талаб мекунад, барои мисол маблағи чиптаи ҳавопаймо(рафту баргашт) барои ҳар як зоир, ки 1645$- муайян кардаанд, мебошад. Дар ҳоле, ки ба гуфти масъулини бахши чиптафурӯшии ширкати ҳавопаймойии «Сомон эйр», маблағи чиптаи ҳавопаймо-Душанбе- Ҷидда-Душнбе, ( барои мисол: 02-уми октябри 2011 рафт ва 16-уми ҳамин моҳ баргашт)-ро барои ҳар як мусофири қаторӣ 4150 сомонӣ, муодили 855,67$ ташкил медиҳад.

Бо ин вуҷуд, дар ҷаҳони имрӯз ҳазорҳо ширкати ҳавопаймоӣ вуҷуд дорад, барои мисол дар худи Тоҷикистон 21 ширкати ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ ба мусофиркашонӣ машғуланд, ки ҳар кишвар ва ё ҳар пулдоре метавонад тайёраҳои онҳоро ба иҷора бигирад ва дар чунин ҳолатҳо бо харҷи камтар ба худ ва ё ба миллати худ хидматрасонӣ кунад. Масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин низ ин чиз хуб медонанд, ки барои сафарбарнамоии 5500 нафар ҳаҷравандаи тоҷик, як ҳавопаймое, ки 180 мусофир мебарад, бояд 31 маротиба ба самти Душанбе-Ҷидда ва ба ҳамин монанд ҳангоми баргашт ба самти Ҷидда-Душанбе парвоз кунад, то тамоми онҳоро  ба манзил бирасонад.

Аз ин рӯ Кумита метавонист, дар чунин ҳолат бо ягон ширкат шартнома баста тайёраҳои онро ба иҷро бигираду барои зоирон ин корро анҷом бидиҳад ва дасти то 30 дар сад, яъне 500$ аз маблағи ҳар як зоирро ба нафъи зоирон коҳиш бидиҳад, аммо накард, чаро? Гумон мекунам, ки ин ҷо ҳам як навъ «тоҷирон» ба «тиҷорати бузург» сару кор гирифтаанд. Барои мисол: «Ба иттилои «Интерфакс», Ҳаҷҷи соли 2011, барои ҳар сокини Қирғизистони ҳамсоя 2,600$(ду ҳазору шаш сад доллар) таъин шудааст, ки ин назар ба ҳисобукитоби Юсуф Султонов, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии "Барои дини покиза дар ҷомеа», наздик ба 700 доллар барзиёд аст».

Вай мегӯяд: чун солҳои зиёд саргарми корҳои ҳаҷ будаму гурӯҳҳои зоиринро роҳбарӣ мекардам, қимати роҳкиро ва будубошро хуб медонам. Юсуф Султонов, бо ин далел Чубак Ҷалилов, муфтии Қириғистонро бо қаллобӣ, найрангбозӣ  ва зиёдаравӣ муттаҳам карда, барои барканор кардани муфтӣ аз симматаш ба ҷамъоварии имзо машғул шудааст.

Фирк намекунед, ки чаро масъулин Қириғистон, барои ҳар як зоири Хонаи Худо 2600$ муайян кардаанду масъулини Тоҷикистон барои ҳар як зоир 3448$ муайян кардаанд, яъне қиризҳо 848$-ро аз куҷо кам кардаанду тоҷикҳо ин маблағро дар куҷо зам кардаанд?

Масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин хабар додаанд, ки барои ҳар 45 нафар як роҳбалад интихоб кардаанд, яъне тақрибан 120 нафар ва ин роҳбаладон тариқи шартнома ба Ҳаҷҷ рафта, баъд аз анҷоми Ҳаҷҷ беш аз 1000 доллар ҳақмузд мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки, вақте ки Ҳоҷӣ Ҳабибуллоҳи  Аъзамхон, собиқ сархатиби масҷиди Сари Осиёи пойтхат, собиқадори 18-карати Ҳаҷ,  соли 2010, ҳангоми охирин сафари худ ба Ҳаҷ, вақте дар Мадина мунаввара буд, дар сӯҳбат ба «Имрӯз News» нигаронӣ аз он кард, ки  набояд имсол низ дар интихоби роҳбаладон масъулини Кумитаи оид ба корҳои дин саҳлангорӣ кунанд, зеро дар мавсими ҳаҷҷи соли гузашта, шахсони тасодуфии роҳбалад хеле зиёд ба назар мерасид ва агар муболиға нашавад, 75-дар сади роҳбаладон ҳангоми адои маросими Ҳаҷ, тасодуфӣ роҳ  ёфта буданд ва баъзе аз онҳо аҳкоми Ҳаҷро донанд ҳам ба мардум хизмат намекарданд.

Вай мегӯяд, соли гузашта, шоҳиди он будам, ки ронанда, дастархонпарто ва масъуле аз бахши «Танзим ва расму оинҳо» барои роҳбаладӣ фиристонида шуда буданд, ки баъзе аз он бечораҳо, то ҳол сарашонро ба саҷда назада буданду дар сафи намоз наистодаанд ва аҳкоми Ҳаҷро низ худашон намедонистанд, ин гуна роҳбаладон чӣ гуна ва чиро бояд ба зоирон бифаҳмонанд?!!

Ҳоҷӣ Ҳабибуллоҳи  Аъзамхон,  бо таассуфи зиёд изҳор дошт: «Аксари зоироне, ки  барои аввал ин маротиба ба Ҳаҷ мераванд ва маблағи зиёдеро харҷ мекунанд, бебаҳра бармегарданд, зеро на худи онҳо аҳкоми Ҳаҷро медонанд ва на роҳбалади хубе хоҳанд дошт, ки онҳоро роҳнамоӣ кунад. Аз ин хотир ба зоирон тавсия дода буд, ки ба умеди роҳбаладон нашаванд худ бояд пеш аз сафар дар назди домуллоҳо аҳкоми Ҳаҷро биомӯзанд.

Дар ҳоле, ки то ба нахустин парвози зоирон камтар аз як моҳ мондааст, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе  кӣ будани роҳбаладони зоирони сабти ном шудаи ноҳияашонро намедонанд, чӣ расад ба он шаҳрвандоне, ки дар шаҳраку ноҳияҳои дурдаст ба сар мебаранду имсол ба зиёрати Хонаи Худо рафтан мехоҳанд?

Бар илова вақте ки фасоди молӣ ва фасоди идорӣ дар аксар мақомот вуҷуд дораду ҳукумати кишвар махсус бар зидди ин фосидҳои фасодкор «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»-ро таъсис додааст,  кӣ, кадом зоиру кадом ҳоҷӣ сад дар сад кафолат дода метавонад, ки тамоми он роҳбаладоне, ки аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, тариқи озмун, интихоб шудаанд, ҳама донандаи забони арабӣ ҳастанду аҳкоми Ҳаҷҷ ва Умраро хуб медонанд ва бар ивази музди беш аз ҳазор доллараи роҳбаладӣ, ба мардум содиқона ва софдилона хидмат мекунад?

Ба иборати дигар, кадом мақомот (Кумитаи оид ба корҳои дин ва ё Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон) зоиронро мутмаин сохта метавонад, ки дар сурати роҳбаладии ин роҳбаладон, Ҳаҷҷу Умраашон бенуқсон анҷом меёбанд?

Ман акнун шарҳи бандҳои дигари ин «бизнес-плани Ҳаҷҷ»-ро ба рӯзи дигар мегузорам, то аз хондани ҷузъиёти онҳо на худ хаста шаваму на шумо…

Аммо, бигзор Кумитаи оид ба корҳои дин, (ки агар кори ҳаҷҷ набошаду тиҷорати он ва низ тиҷорати тозаи санҷиши китобҳои динӣ ва ба ин роҳ... ҳеч кас ҳаваси раиси ин Кумита шуданро намекунад) рӯйхати ашхоси роҳбалад, фориғуттаҳсили куҷо будани онҳо ва далели роҳбалад таъин шуданашонро ба ихтиёри матбуот гузорад.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 19.09.2011 14:21
маколаи хуб. порагирии кумита дин рузе боз хам ошкортар хохад шуд
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi