ДАР ЗАРУРАТИ ПАДИД ОМАДАНИ КИТОБИ “ТАФСИРИ НАВИНИ ҚУРЪОНИ КАРИМ”
Яке аз арзишмандтарин неъматҳои истиқлоли миллии мо фароҳам омадани шароити густурда барои омӯзиш ва таҳқиқу баррасии осори исломии ниёгон маҳсуб мешавад. Дар ин росто бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҳё намудани дигар соҳаҳои тамаддуну фарҳанги пешиниён роҳҳои расидан ба худшиносии динии мардумони кишвар низ муайян ва ҷорӣ дошта мешаванд. Зеро имрӯз табодули фаъол ва гоҳе ҳам тунду ситезаҷӯёнаи афкор ва ақоиди гуногун зарурати таҳкими арзишҳои фарҳангӣ, эҳёи асолати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва махсусан маърифати динии мардумро, ки дар гилзори таассуб сахт гирифтор аст, тақозо менамояд.
Бад-ин хотир буд, ки дар соли 2008 Раиси Ҷумҳур дар машавара бо теъдоде аз донишмандон ба нашри муҳимтарин осори исломӣ мусоидат намуд, то ба воситаи дастрас намудани ин осори гаронбаҳо шиддати таассуби номатлуб аз миён бардошта, маърифати воқеии динӣ ва таҳаммулпазирии ақидатӣ ҷойгузини он шавад.
Дар ин миён бештар аз 10 адад китобҳои арзишманд аз Қуръони карим гирифта то “Меъёру-т-тадайюн”-и Аҳмади Дониш аз чоп баромад, ки бидуни шак мутолиагарони ин китобҳо маърифати динии худро хеле вусъат дода, теъдоде ҳам аз ҷодаи ҷаҳлу таассуб берун рафтанд. Ва ҳоло чопи минбаъдаи онҳо давом дорад.
Ифтитоҳи муваффақонаи ин роҳ аст, ки имрӯзҳо натанҳо осори исломӣ таҳияву тадвин ва пешкаши мардум мегардад, балки донишмандоне ҳам зуҳур мекунанд, ки аз худ таълифоту таҳқиқотҳои ҷиддии илмию динӣ ба миён меоваранд. Агарчи моро доираҳои қавии таҳқиқгарони улуми динӣ – чунон ки бояд – нест, бо вуҷуди ин нафароне падид омадаанд, ки кору амали эшон аз ояндаи дурахшони ин раванди шурӯъёфта башорат медиҳад. Бо итминон метавон гуфт, ки ин раванд дар баробари вусъати рӯзафзун, хурофоти чапу рости дар имтидоди солҳо ҳукмронгаштаро рахна ва ҳақиқати таърихиро барои мардум равшан хоҳад намуд.
Яке аз илмҳои аввалини исломӣ, ки моҳияти гуфтаҳои Қуръонро барои оммаи мусулмонон шарҳу баст медод, тафсири ояҳои Қуръон буд. Навиштани тафсир ба Каломи илоҳӣ аз пурмасъулияттарин таълифот маҳсуб мешуд ва мешавад.
Муфассир кист? Онест, ки дар миёни ду санги осиёб аст, яке шариати сахтнизом ва дигар дунёи феълӣ. Барои ӯ ҳам дониши амиқи динӣ ва ҳам дунявӣ лозим аст. Аз хотир аст, ки муфассирони бузург аз ҷумлаи донишмандони бузурги дунявӣ низ будаанд. Табарӣ (“дар рӯи пахноварзамин аз писари Ҳарир донишмандтареро намебинам”), Ибни Сино (китобе дар тафсири сурае дошт), Кошифӣ (аз донандагони маъруфи улуми табиъиёт буд), Яъқуби Чархӣ,... Муфассирро лозим аст, ки дину дунёро бо ҳам биёрад то ҳам дар назди донишмандони улуми динӣ ва ҳам улуми табииёт эътирофшуда бошад, зеро сухани ӯ дар тафсир бояд мантиқан ва ё амалан пайвандгари ин ду ҳаноҳи илм буда бошад. Аз ин буд, ки муфассирони донишманд ба мисли Табарӣ сангборон ва амсоли ин мешуданд...
Ин аст, ки дар бисёр маврид донишмандон аз навиштани он, ба эҳтимоли рӯй додани саҳву хатое, дурӣ меҷӯянд. Аз риъоят доштани чунин эҳтиёт аст, ки дар садсолаҳо тафсире як ё ду падид меояду бас. Ва ҳам аз ин нигоҳ аст, ки донишмандони исломӣ барои муфассир шартҳои вазнинро гузоштаанд, ки риъоят доштани онҳо аз миёни ҳазорҳо тан донишманд танҳо нафареро муяссар мегардад.
Аммо замон даргузар, ҷамоъатҳои инсонӣ дар дигар шудан, таъсири кашфиётҳои нави илмӣ дар афзудан, ҷаҳонбиниҳои нав дар тавлид шудан ва тараққӣ кардан, таъсири мутақобили тамаддунҳои башарӣ якдигарро дар фурӯ бурдан, зуҳуроти навини иҷтимоӣ қавонини исломиро дар кӯҳна намудан ва канор задан ва боз даҳҳову садҳо мушкилоти маънавии дигар аст, ки ҷомеъаи муслимин – хосса ҷомеъаи мо¬ро, ки аз дарки моҳияти ислом ба фарсахҳо дур афтодаанд, фаро гирифтааст.
Агарчи дар ин чанд соли ахир тафсирҳое таълиф шуданд, аз қабили “Тафсири Ҳилол”-и шайх Муҳаммадсодиқи Муҳаммадюсуф (бо забони ӯзбекӣ), “Тафсири осонбаён”-и Тоҷуддини Икромӣ (бо забони тоҷикӣ) ва бо равиши тарҷимаи тафсирӣ тафсири миёнаҳаҷме аз донишманди пухтакор Абдулҳалим Орифӣ “Тафсири мафоҳиму-л-Қуръон” то кунун дар се ҷилд), вале онҳоро наметавон тафсири комили ҷавобгӯи илмии ҷаҳони муосир номид. Албатта, ин донишмандон, ки ҳар кадом аз мартабаҳои баланди улуми динӣ бархурдоранд ва дар ин замина ҳам кӯшишҳои зиёде кардаанд, то матолиби каломи илоҳиро ба хонанда расонанд, вале боз ҳам эшон аз таҳқиқи густурдаи тафсире, ки ҷавобгӯи улум ва кашфиётҳои навини афкори башарӣ буда бошад, шарти эҳтиётро риъоят дошта, аз баъзе шарҳу баёноти амиқи он то андозае сарфи назар кардаанд.
Ва инак, китоби аввалини “Тафсири навини Қуръони карим” (тафсири чаҳор пораи аввал) бо қалами Абдушарифи Боқизода аз чоп баромад. Ин асарест, ки муаллиф бо истифода аз адабиёти зиёди илмии диниву дунявии қади¬му ҷадид, аз кашфиётҳои улуми муосир, аз тафсирҳое, ки дар шаклҳои гуногун ва дар замонҳои мухталиф таълиф шудаанд, аз анвоъи тарҷумаҳои Қуръони карим ва амсоли ин байра ҷустааст.
Муддатҳо қабл зарурати навиштани чунин тафсире эҳсос мешуд, зеро бисёр асрори нофаҳмидаи Қуръон аст, ки имрӯзҳо тавассути уламои мухталифи олам кашф мегарданд, баъзе назарияву амалияҳои ҷиддии илмие, ки Қуръони карим 1400 сол қаблан аз онҳо хабар дода буд ва дастовардҳои илмии он замони дур ба пуррагӣ қодир ба фаҳму дарки онҳо набуд, акнун дар ин рӯзгори пешрафтаи илмӣ боз ҳам бештар кашфу мушоҳада мегарданд. Қонунҳои навтарини навишта ва нонавиштаи иҷтимоианд, ки дар ин рӯзгор бо анвоъи мухталиф зуҳур мекунанд ва роҳандозқ мешаванд.
Китоби “Тафсири навини Қуръони карим” воқеан ҳам, дар ҳамин росто навишта шуда, бо камоли итминон метавон гуфт, ки ҷавобгӯи ниёзҳои маънавии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мебошад. Муаллиф ҳамин самтро дурнамои фаъолияти кории худ қарор дода, китобро дар асоси анъанаҳои тафсирнигории аҳли суннату ҷамоат ва бар пояи усулҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ, ҳамчунин муносиб бо завқу салиқаи хонандаи имрӯза таҳия намудааст. Сарчашмаҳое, ки муаллиф дар таълифи китоб истифода намудааст, ҳама аз ҷумлаи беҳтарин тафсирҳои шинохташудаи қадиму ҷадиди аҳли суннату ҷамоат буда, илова бар ин ҳар кадом дар шаклҳои гуногуни тафсирнигорӣ аз қабили тафсирҳои адабӣ, фиқҳӣ, ақлӣ-каломӣ, ирфонӣ, илмӣ ва ғ. (ки шумораи онҳо то ба 40 адад мерасад ва сахт машҳуру маъруфанд) таълиф шудаанд.
Муаллиф такя бар он муфассироне кардааст, ки дар мазҳаби ҳанафианд ва ё майл бад-он доранд ва баъзе аз тафосирро ҳам барои муқояса истифода намудааст. Илова бар ин осори тамоми муҳаддисини маъруфи аҳли суннату ҷамоат ва ҳамчунин кутуби зиёди таҳқиқотии дигар истифода шудааст, ки теъдодашон бештар аз 150 адад аст.
Муаллиф барои васеътар намудани маълумотҳои илмӣ китобро бо муқаддимаи муфассале оғоз намудааст, ки он барои ҳар пажӯҳишгар ва коршиноси соҳаи улуми қуръонӣ муҳим аст.
Маълумоти муфиду фаровоне аз маҷмӯаҳои тафсирӣ ва китобҳои мӯътамади қадиму нави аҳли суннату ҷамоат дар ин замина истифода шуда, ҳамчунин баъзе дастовардҳои илмии бахшҳои гуногуни илми муосир, ки дар баъзе оятҳои Қуръон ба онҳо ишора шудааст, зикр мегардад. Ва ба ин тартиб ҳамоҳангӣ ва ҳамсозии дину илм ба хубӣ муаррифӣ шудааст. Масалан дар бораи ДНК дар зимни тафсири ояти 6-уми сураи Оли Имрон (с. 479) , масоҳати замин дар зимни тафсири ояти 22-юми сураи Бақара (с. 115, 116), таркиби сангҳо дар зимни тафсири ояти 74-уми сураи Бақара (с. 170-172), навъи хокҳо дар зимни тафсири ояти 265-уми сураи Бақара (с. 424, 425), тундбодҳо дар зимни тафсири ояти 19-уми сураи Бақара (с. 109, 110) ва ғайра маълумоти муфиде дарҷ гардидааст.
Тарҷима ва тафсири оятҳо бо ибораҳои фаҳмо ва забони равони имрӯзаи тоҷикӣ нигошта шуда, мафҳумҳои баланди қуръонӣ бо зеботарин ваҷҳ баён гардидаанд. Масалан, мавзӯи санадгузориҳои нотариалӣ ва китобати муомилоти молии мӯҳлатдор дар зимни тафсири ояти 282-юми сураи Бақара (с. 448-458), рибо, навъҳои он ва оқибати талхи он барои ҷомеа дар зимни тафсири оятҳои 275-279 сураи Бақара (с, 434-443), мавзӯи муносибатҳои хонаводагӣ дар зимни тафсири оятҳои 226-232 сураи Бақара (с. 340-364) ва оятҳои 19-24 сураи Нисо ва ғайра аз ҷиҳати масъалагузорӣ ва ҳалли мавзӯъ фаҳмову равшан баён гардидааст.
Илова бар ин, китоб бо шеваи муосири таълиф, мавзӯъбандии гурӯҳи оятҳое, ки ба мавзӯи алоҳида иртибот доранд ва муайян сохтани иртиботи онҳо бо маҷмӯаҳои дигаре, ки қабл ва баъди он ҷойгир шудаанд, нигошта шудааст, ки дарки дурусти мафҳумҳои баланди қуръонӣ ва арзишҳои диниро барои хонандаи имрӯз осон мегардонад.
Ҳамчунин муаллиф ба пайравони адёни пешин ва дигар равияҳои эътиқодие, ки нуқоти муҳимми эътиқодӣ ва тарзи бархӯрди онҳо бо дини Ислом дар баъзе оятҳо зикр гардидааст, бо назокату шеваи инсоф, равиши илмӣ ва канораҷӯӣ аз ҳар гуна таассуби мазҳабӣ ва динӣ бархӯрд намудааст, ки намунаи онро дар оғози сураи Оли Имрон, он ҷо ки сухан дар бораи ҳайати намояндагони насорои Наҷрон ва эътиқоди сехудоии онҳо меравад, ба хубӣ мушоҳида менамоем.
Аз ҳама муҳим он аст, ки муаллиф ба баёни илмии оятҳо иктифо накарда, тибқи мазмуну мавзӯи ҳар оят ва ё гурӯҳи оятҳо ба шарҳу тавзеҳи матлабҳои мавҷуда дар заминаи улуми равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, аҳкомшиносӣ ва ғайра низ пардохтааст, ки ин равиши тафсирӣ аҳамияти маърифатӣ-илмии китобро дар шароити имрӯз афзун намудааст.
Хуллас, асари мазкур барои мукаммал сохтани донишҳои маърифатии мардум, баланд бардоштани донишҳои динии аҳли ҷомеа ва эҷоди мувозинати солим дар афкору ақоиди гуногун дар асоси назарияи тафсирнигории аҳли суннату ҷамоат ва бар пояи андешаҳои баланди мазҳаби ҳанафӣ мувофиқ аст.
Умед аст, ки ин китоб барои хонандаи арҷманд пурманфиат хоҳад омад, зеро шахсияти муаллифи он дар доираҳои илмию динӣ бисёр санҷидашуда ва дар рафъати нуфузу эътибори пайваста қарор дорад. Бидуни шакк ин китоб низ чун китоби машҳури “Фиқҳи исломӣ”-и ӯ дорои нуфузу эътибори хос хоҳад шуд.
Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ – ходими пешбари илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.06.2025 19:19
170
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
222
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
29.05.2025 11:16
176
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
398
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
501
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
372
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
01.06.2025 19:16
197
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
-
01.06.2025 19:14
161
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
30.05.2025 00:36
205
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
14.10.2024 18:41
861
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1574
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3263
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
09.06.2025 13:03
110
Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»
-
03.06.2025 16:17
148
Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе
-
01.06.2025 19:11
143
Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба шуғли аҳолӣ
-
20.03.2025 11:59
415
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
647
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
787
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
363
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
391
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
378
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
647
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
912
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1744
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
497
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
480
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1692
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2013
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2220
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2906
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
413
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
372
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
829
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2967
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3409
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3392
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
569
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
596
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
536
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?
Шарҳҳо
RSS Обуна