Қадрдонии шаҳрдории Душанбе аз занҳои кӯчарӯб
05.02.2014 12:53
893
Шаҳрдори Душанбе супориш додааст, ба ҳар яке аз занҳои кӯчарӯб, ки чанд рӯзи охир дар ҳавои сард ба тоза кардан хиёбонҳои шаҳр машғуланд, кӯмаки якдафъаина ба маблағи 1000 сомонӣ дода шавад.
Беш аз 80 акси аккоси тоҷик дар Берлин
05.02.2014 12:49
797
5-уми феврали соли равон дар шаҳри Берлини Олмон намоиши аксҳои аккоси шинохтаи кишвар Шӯҳратҷон Ёров, ки 26- уми январ таҳти унвони "Тоҷикистони ман" оғоз гардида буд, ба поён мерасад.
Кӯмаки бебозгашти Ҷопон барои кӯдакони имконияташон маҳдуд
05.02.2014 12:45
754
Ассотсиатсияи кӯмаку дастгирии Ҷопон тасмим гирифт, ки бо ироаи 329 ҳазор қарзи бебозгашт ба рушди таҳсили фарогири кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуди Тоҷикистон саҳм гирад. Ассотсиатсияи мазкур 29 январ Муоҳадаеро бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имзо кард...
Мушкилоти ташкили телевизиони форсзабонон дар Тоҷикистон аст, на дар Эрону Афғонистон
05.02.2014 12:24
752
Сарпарасти Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Сайид Маҳмуди Сидрӣ иддиои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар бораи телевизиони муштараки форсиро рад кард. Сайид Маҳмуди Сидрӣ, ки ҳафтаи гузашта ба ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекард...
Филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав ҳисобот дод
01.02.2014 12:25
1006
31-ум январи соли 2014 нахустин нишасти матбуотии Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар оғози нишасти матбуотӣ профессор Абдуҳамид Нозимов, директори иҷроияи Филиал, дар бораи натоиҷи кори он дар соли 2013 маълумоти дод.
Эрон вуруди хориҷиён барои табобатро осон мекунад
29.01.2014 12:45
866
Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои хориҷиёне, ки мехоҳанд дар ин кишвар табобат кунанд, низоми махсуси раводид ҷорӣ хоҳад кард.
19 медали мактаббачагони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалӣ
29.01.2014 12:44
957
Толибилмони тоҷик аз олимпиадаи байналмилалии Қазоқистон, ки аз 11-ум то 18-уми январи соли ҷорӣ баргузор шуда буд, бо 19 медал баргаштанд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд.
Нахустин филми тасвирии формати 3D бо ҳудудан 60 ҳазор доллар рӯи кор омадааст
29.01.2014 12:43
788
Синамогарони тоҷик аввалин филми тасвирии худро дар формати 3D бо сарфи 60 ҳазор доллари амрикоӣ рӯи кор овардаанд.
Китоби Эмомалӣ Раҳмон то Димишқ расид
29.01.2014 12:42
1201
Бино ба гузориши хабаргузории давлатии "Ховар" ду нусха аз тарҷумаи арабии китоби Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих" дар 4 ҷилд тавассути Сафорати Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Китобхонаи миллии ал-Асад дар шаҳри Димишқ тақдим шуд.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
29.01.2014 12:41
765
24 январи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуд.
Сафорати ИМА кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро омӯзиш медиҳанд
27.01.2014 12:39
739
Муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амниятии назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Райан Эванс бисту се (23) корманди Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хатми курси таълимии «Роҳандозии парвандаҳои махсусан муҳим», табрик намуд.
Фармондеҳи қӯшунҳои таъиноти махсуси ИМА дар Тоҷикистон
27.01.2014 11:47
927
Имрӯз, 27 январи соли 2014 – Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майори Артиши ИМА Микаел К.Нагата бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Руҳонӣ хостори ваҳдати муҳаммадӣ дар мубориза барои эҳёи асолати динӣ шуд
22.01.2014 14:46
807
Ҳасани Руҳонӣ, президенти Эрон мегӯяд мо аз роҳҳои мухталиф ва мазоҳиби мухталиф ба дунболи як ҳақиқат ҳастем. Райиси Ҷумҳури Эрон, ки рӯзи шанбе дар дар 27-умин конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон суханронӣ мекард, фармуд...
Идрорпулии ду академик ба донишҷӯён
22.01.2014 14:44
1250
Фарзандони олими шинохта, марҳум академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба гиромидошти ёду хотираи падари арҷманди худ даст ба иқдоми бесобиқа задаанд. Онҳо тасмим гирифтаанд аз ҳисоби маоши худ ҳамасола барои чанд тан аз донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод Айнӣ идрорпулӣ таъсис диҳанд.
Иттиҳоди журналистон осорхонаи журналистикаи тоҷикро ташкил мекунад
22.01.2014 14:41
796
Ҳафтаи гузашта Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон эълон кард, ки барои ташкили осорхонаи журналистикаи тоҷик гуруҳи корӣ созмон хоҳад дод. Қарори ин ибтикор ахиран дар ҷаласаи Раёсати ИЖТ, ки бо ширкати Акбаралӣ Саттор доир шуда буд, қабул гардид.