07:18:25 10-уми Июни 2025 сол
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 15.01.2014 10:50 843
Рӯзи ҷумъаи гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе рафт ва навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Эълони панҷ китоби ғолиб дар озмуни соли 2013 08.01.2014 12:25 845
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни китоби беҳтарини сол, ки ахиран ҷамъбаст гардид, 5 китобро баранда эълон кардааст.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 08.01.2014 12:23 903
"Спитамен Капитал", ки пештар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурд буд, ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Спитамен Бонк" табдил дода шуд. Акнун дар Тоҷикистон шумораи бонкҳои низоми бонкӣ ба 17 адад расид. Ҳамзамон бо ин "Спитамен Бонк" соҳиби иҷозатномаи анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣшуд.
Чароғаки солинавии Симои Мустақили Тоҷикистон 30.12.2013 17:17 1048
Симои Мустақили Тоҷикистон ба анъанаи неки худ содиқ монд. Дирӯз ҳайати эҷодии он таҳти раҳбарии Зинатуллоҳ Исмоилов дар толори ҷаласаҳои Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон барномаи солинавии хешро бахшида ба фарорасии соли 2014-уми мелодӣ бо ширкати шахсиятҳои маъруфи кишвар ...
Бисту шаш соли маҳрумият аз озодии Зайд Саидов 30.12.2013 15:53 1057
Суди олии Тоҷикистон соҳибкори шинохта ва Раиси ҳизби ҳанӯз номнавинашудаи "Тоҷикистони нав" Зайд Саидовро ба муҳлати 26 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк маҳкум намуд. Ҳамчуноне иттилоъ дода шуд, ин 26 солро вай бояд дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид пушти сар кунад, вале то ба марҳилаи иҷро расидани ....
Шикваи Ҳошим Гадоев аз сардиву намии манзили зисташ расонаӣ шуд 30.12.2013 15:50 1053
Ҳунарманди саршиноси тоҷик Ҳошим Гадоев аз шаҳрдории пойтахт хостааст, то дар таъмири хонааш кӯмак расонад. Ҳошим Гадоев бо ирсоли нома гуфтааст, ки манзили зисташ дар ин сардиҳои зимистон аз оддитарин шароит бархӯрдор нест, деворҳояш нам кашидаву сарданд. Вай гуфтааст, ки дар ин синну сол неруе надорад аз пайи таъмири манзилаш ....
Хайри солинавии Президент 30.12.2013 15:47 1169
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат дар арафаи Соли нав Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати рақами 1 шаҳри Душанбе ташриф овард ва ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд. Манбаъ мегӯяд ин сеюмин бор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ин мактаб-интернат дидан мекунад.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 30.12.2013 15:32 837
Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат ду ҷониб бештар ба дурнамои авзои минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, ки дар ....
Тақозои созмонҳои журналистӣ аз Рамазон Раҳимов 26.12.2013 13:40 863
Созмонҳои хабарнигорӣ ва бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 26 декабр бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ боздошт ва лату кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро маҳкум карда, аз Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, муҷозоти омилони онро тақозо карданд.
Мактаби зимистонаи кодикологони ҷавон 26.12.2013 12:52 958
Дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии корманди пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ Лола Додихудоева бо ҳамкории Институти фаронсавии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAS) аз 12.12.2013 то 21.12.2013 мактаби зимистонаи кадикологон (дастхатшиносони нусхаҳои қадимаи шарқӣ...
Шоҳҷоизаи "Мақсуд зи ҷумла офариниш моем" дар озмуни Осиё 26.12.2013 12:49 843
Намояндагони фарҳанг ва адаби тоҷик дар озмуни байналмилалии сенарияҳо аз рӯи афсона, ривоят ва ҳаммосаҳои халқҳои Осиё таҳти унвони "Санъати афсонагӯӣ" ғолиб дониста шуданд.
Ровии "Сафина" ҷоизаи ҷашнвораи синамои Ҳиндро гирифт 26.12.2013 12:48 836
Таҳмина Раҷабова, ровии телевизионии "Сафина", ки дар филми "Марде дар орзуи зани паҷум" нақш бозида буд, дар номинатсияи "Беҳтарин акстриса"-и ҷашнвораи байналмилалии "International Film Festival" дар Ҳиндустон сазовори ҷоиза шудааст. Бино ба гуфтаи Таҳмина Раҷабова дар филми ёдшуда 5 образи зан офарида шуда буд, вале ҳайати ҳакамон нақши ӯро муассир ....
218 компютери Иттиҳодияи Аврупо ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 26.12.2013 12:46 698
Иттиҳодияи Аврупо бо мақсади таҳкими системаи идоракунии иттилоотии тандурустӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 218 компютер, 160 модем ва 90 принтер тақдим намуд. Аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон ба "Рӯзгор" гуфтанд, ки ин таҷҳизот дар доираи татбиқи Лоиҳаи "Кӯмаки техникӣ...
Дар вазорати маориф таҳсили аққалиятҳои миллӣ баррасӣ шуд 26.12.2013 12:43 751
Дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муовини вазир Т.Маҳмадова ва ҳамоҳангсози минтақавии масоили таҳсилоти Комиссариёи Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳои ақаллиятҳои миллӣ Анастасия Стоянова масъалаҳои марбут ба ақаллиятҳои миллӣ, шароити таълими онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ...
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 26.12.2013 12:39 715
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр бо рафти сохтмони биноҳои нави Кумитаи андоз ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва аз нав обод намудани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳои пойтахт иштирок намуд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854