11:22:45 14-уми Июни 2026 сол
Таҳлилгари тоҷик: Низоми раводид байни Душанбеву Теҳрон бояд сода карда шавад! 17.09.2014 08:46 1120
Таҳлилгарони тоҷик муътақиданд, ки нахустин сафари расмии Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон саҳфаи тозаеро дар равобити миёни ду кишвар боз карда, тавофуқоти бадастомада роҳро ҷиҳати густариш ва тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф боз мекунад.
Алина Кабаева раиси “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” шуд 17.09.2014 08:43 1084
Алина Кабаева, қаҳрамони олимпӣ оид ба варзиши сабук ва вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби “Русияи воҳид” раҳбари Шӯрои мудирони “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” интихоб шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти “Гурӯҳи расонаҳои миллӣ” хабар дода, афзудааст, дар рӯзҳои наздик ҷаласаи Шӯрои мудирони ...
Сарбозони пойгоҳи 201-умро ба СИЗО бурдаанд 11.09.2014 21:37 1075
Ду сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар қатли як сокини Душанбе айбдор мешаванд, ба боздоштгоҳи муваққати воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов 11.09.2014 21:32 1213
Мулоқоти басо муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов анҷом дод.
Мулоқот бо Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз 11.09.2014 21:31 1048
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азизро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ 11.09.2014 21:29 1049
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуд.
Мулоқот бо Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 11.09.2014 21:27 1049
Зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Рӯзи истиқлолияти давлатӣ муборак, азизони дил! 08.09.2014 21:07 1032
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро барои ҳамаи Шумо самимона муборак бод гуфта, орзуманди онем, ки осмони Ватани биҳиштосои мо ҳамеша софу беғубор бошаду сулҳу оштиву ваҳдат дар сарзамини мо абадан пойдор бимонад.
Боздошти 7 узви гурӯҳи "Мусулмонони солеҳ" 08.09.2014 20:53 950
Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар як нишасти минтақавӣ аз боздошти 30 узви гурӯҳҳои террористӣ, бо шумули 7 узви "Мусулмонони солеҳ" дар нимаи аввали соли 2014 хабар додааст.
Вохӯрию мулоқоти шӯъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд 08.09.2014 20:47 962
Санаҳои 2-юм, 3-юм, ва 4-уми сентябр аз ҷониби гурӯҳҳои доимоамалкунандаи назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Кумитаи маҳаллаҳои Бофанда, Сари баландӣ, Раззоқ, Навбаҳор ...
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон 08.09.2014 20:45 1054
Имрӯз Президенти кишвар ЭмомалӣРаҳмон Вазири корҳои хориҷии Малайзия АнифаҳҲоҷӣ Амонро ба ҳузур пазируфт.
10 моҳи зиндон - барои 21 807 зангу СМС 08.09.2014 20:44 812
Додгоҳи Фаронса як марди 33-соларо, ки ба дӯстдухтари собиқаш 21 807 маротиба ё занг задаву ё СМС фиристодааст, маҳкум ба 10 моҳи зиндон кард. Ин мард ҳоло мегӯяд, аҷаб кори "аҳмақона"-е кардааст.
Ифтитоҳи дувумин пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» дар шаҳри Душанбе 06.09.2014 20:41 1051
Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пойгоҳи инноватсионии ронандагии “Автодром” ифтитоҳ ёфт.
Раҳоии додраси гумонбар ба 4000$ ришва 03.09.2014 21:44 1037
Додгоҳи олии Тоҷикистон Мирмаҳмад Одинаев, собиқ додраси додгоҳи ноҳияи Ваҳдат, 20-километрии шарқи Душанберо, ки ба гирифтани 4 ҳазор доллар ришва айбдор мешуд, аз толори додгоҳ раҳо кардааст.
Муовини раиси ҷумҳури пешини Эрон ба ҳабс маҳкум шудааст 03.09.2014 21:42 1017
Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжеӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон имрӯз, душанбеи 10 шаҳривар (аввали сентябр) дар як конфаронси матбуотӣ дар посух ба саволе дар мавриди парвандаи Муҳаммадризо Раҳимӣ, муовини пешини Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст ...