05:01:28 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сад фарди маъруф

10. 100 фарди равшанзамир-1

(ғайритоҷиконе, ки$ба Тоҷикистон хидмати шоён кардаанд)

Бо ташкили Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924) ва ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) табдил ёфтани он дар ҳаёти мардуми тоҷик саҳифаи тозае боз гардид. Бовуҷуди табартақсимии марзӣ воқеъият ин аст, ки бори аввал ба номи миллат як давлат бо ҳама рукну нишонаҳо арзи вуҷуд кард ва камтар аз ҳафтод соли мавҷудият Тоҷикистони Шӯравӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба комёбиҳои беназир ноил гашт.

sad-fardi-maruf-45552211Нодида гирифтани он камоли беинсофист. Ин айём дар канори тоҷикон намояндагони қавму миллатҳои гуногун ба нафъи диёрамон заҳмат кашида, дар ободонии Тоҷикистон саҳм гирифтанд. Мақомоти ҷуҳурӣ талошу такопӯи эшонро бо унвону ҷойизаҳои баланди давлатӣ қадр намудааст. Ҳоло 100 нафар намояндагони барҷастаи сиёсию давлатӣ, илму адаб ва фарҳангӣ ғайритоҷикро муаррифӣ менамоем, ки солиёни дароз (қисмате як умр) дар Тоҷикистон зиста, бо заҳмати шоён ном ёфтаю бо баландтарин унвону ҷойизаҳои ҷумҳурӣ қадр гардидаанд. Миллати посихотирдори мо аз эшон миннатдор аст. Ин ҷо аз ба истилоҳ "яҳудиёни бухороӣ" ёд намекунем, зеро забони модариашон тоҷикӣ маҳсуб меёбад ва русумамон амалан муштарак мебошад.

Арбобони давлатию сиёсӣ

1.Гусейнов Мирзо Довуд (1894-1938), озарӣ, солҳои 1929-1933 роҳбари дараҷаи аввали ҷумҳурӣ- котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон.

2.Протопопов Дмитрий (1897-1986), солҳои 1937-1946 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон.

3.Обносов Пётр (1905-1983), аз соли 1935 дар корҳои роҳбарии ҷумҳурӣ, 1952-1962 котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон.

Намояндагони адабиёт

4.Кирилов Василий (1907-1972), шоир, мутарҷим.

5.Левин Минел (1925-2010), нависанда, Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон.

6.Назаров Ашӯрмат (1913-1965), шоири узбекзабон, мутарҷим.

7.Налский Яков (1923-1985), нависанда, Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон.

8.Одинсов Арнолд (1913-1971), нависанда, мутарҷим.

9.Пашенко Леонид (1936-1996), шоир, мутарҷим.

10.Пшеничний Борис (1935-1997), нависанда, Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон.

11.Талвик Валерий (1939-1987), нависанда, мутарҷим.

12.Тулқун Маҳмуд (1913-1983), шоири узбекзабон, мутарҷим, Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон.

13.Фафонова Мариана (1921), шоира, мутарҷим, Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон.

14.Ӯлмас Ҷамол (1937), шори узбекзабон, мутарҷим, Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон.

15.Чигрин Леонид (1942), нависанда, мутарҷим.

16.Явич Мирра (1916-1990), фолклоршинос, мутарҷим, Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон.

Намояндагони илм

17.Антипов - Каратаев Иван (1888-1965), хокшинос, академики АИ Тоҷикистон.

18.Доброволский Олег (1914-1989), астрофизик, академики АИ Тоҷикистон.

19.Захаров Сергей (1910-1987),  геолог, академики АИ Тоҷикистон.

20.Красичков Вячеслав (1898-1978), селексионер, акадекики АИ Тоҷикистон.

21.Литвинский Борис (1923-2010), муаррих, академики АИ Тоҷикистон.

22.Михайлов Леонид (1928), математик, академики АИ Тоҷикистон.

23.Недзветский Антон (1902-1992), геолог, академики АИ Тоҷикистон.

24.Никитин Василий (1902-1973), химик, академики АИ Тоҷикистон.

25.Овчинников Павел (1903-1979), геоботаник, академики АИ Тоҷикистон.

26.Понкратов Пётр (1907-1979), гидрогеолог, академики АИ Тоҷикистон.

27.Плешко Семён (1903-1957), кишоварзӣ, академики АИ Тоҷикистон.

28.Порошин Константин (1907-1971), химик, академики АИ Тоҷикистон.

29.Семёнов Александр (1873-1958), муаррих, академики АИ Тоҷикистон.

30.Смолский Николай (1905-1976), растанипарвар, академики АИ Тоҷикистон.

31.Соложенкин Пётр (1930), техника, академики АИ Тоҷикистон.

32.Якубовский Александр (1886-1953), бостоншинос, академики АИ Тоҷикистон.

33.Берёзкин Николай (1898-1958), тиб, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

34.Брагинский Иосиф (1905-1989), шарқшинос, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

35.Глухов Иван (1913-2005), химия, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

36.Запрягаева Вера (1912-2004), ботаник, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

37.Кухтиков Михаил (1919-1995), геолог, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

38.Парадоксов Леонид (1890-1954), тиб, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

39.Ранов Вадим (1924-2006), муаррих, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

40.Стакюкович Кирилл (1911-1986), ботаник, узви вобастаи АИ  Тоҷикистон.

41.Стариков Виктор (1898-1983), ирригатор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

42.Андреев Михаил (1873-1948), этнограф, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

43.Вайл Вениамин (1900-1963), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

44.Гуртовой Лев (1897-1957), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

45.Додхоев Юно (1917-2002), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

46.Ершов Николай (1904-1981), этнограф, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

47.Зайтсева Валентина (1911-1977), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

48.Калштейн Лев (1924-1989), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

49.Камаров Богдан (1882-1980), ботаник, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

50.Капранов Владимир (1927), забоншинос, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

51.Коретский Виталий (1895-1973), ҳуқуқшинос, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

52.Литвинов Владимир (1928-1996), кишоварзӣ, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

53.Морчник Самуил (1909-1978), файласуф, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

54.Монаков Николай (1906-1981), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

55.Николаев Алексей (1897-1986), хокшинос, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

56.Писарчик Антонина (1907-2000), этнограф, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

57.Розанов Борис (1906-1978), кишоварзӣ, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

58.Смоличев Евгений (1908-1983), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

59.Сой Пётр (1929), техника, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

60.Соловёв Александр (1892-1958), астрофизик, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

61.Шуренкова Александра (1901-1981), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

62.Успенская Людмила (1909-2002), забоншинос, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

63.Виборнова Валентина (1927), доктори илми фалсафа.

64.Гурский Анатолий (1906-1967), доктори илми биологӣ, профессор.

65.Демидчик Владимир (1930-1987), доктори илми филологӣ, профессор.

66.Демидчик Лариса (1927), доктори илми филологӣ.

67.Лелетшус Витаутас (1930), доктори илми геология.

68.Приписнов Виктор (1930-2003), доктори илми фалсафа, профессор.

69.Субҳонқулов Магаллим (1920-1976), доктори илми химия.

70.Рахманина Клавдия (1930), доктори илми химия.

71.Хромов Алберт (1930- 1990), доктори илми филологӣ, профессор.

Намояндагони фарҳанг

72.Волчков Николай (1910-1999), актёри театр, Артисти Халқии СССР.

73.Аргуновская Евгения (1926), актрисаи театр, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

74.Баккал Рамзия (1926), устоди рақс, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

75.Баласанян Сергей (1902-1982), оҳангсоз, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

76.Барботко Владимир (1927), актёри театру кино, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

77.Ерошенко Алексей (1918-1994), актёри театр, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

78.Ефименко Клавдия (1914-1968), актрисаи театр, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

79.Закрутин Михаил (1912-1967), актёри театру кино, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

80.Каюков Николай (1917-1986), актёри театр, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

81.Мителман Ефим (1912-1965), режиссёри театр, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

82.Савелева Галина (1921-2003), актрисаи театр, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

83.Чистова Елизавета (1915-2000), актрисаи театр, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

84.Шамгунова Светлана (1941), актрисаи театр, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

85.Барамиков Иброҳим (1909-1978), наворбардори кино, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

86.Кузин Василий (1904-1978), навобардори кино, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон.

87.Айзикевич Григорий (1917-1986), Меъмори Шоистаи Тоҷикистон.

88.Веселковский Всеволод (1915-1994), Меъмори Шоистаи Тоҷикистон.

89.Боборикин Владимир (1922), Рассоми Халқии Тоҷикистон.

90.Вишнеполский Сергей (1927), Рассоми Халқии Тоҷикистон.

91.Лисиков Иван (1927-1986), Рассоми Халқии Тоҷикистон.

92.Мухин Михаил (1915-1994), Рассоми Халқии Тоҷикистон.

93.Милошевич Иван (1937), Рассоми Халқии Тоҷикистон.

94.Серебрянский Борис (1920-2006), Рассоми Халқии Тоҷикистон.

95.Туренко Константин (1926-2003), Рассоми Халқии Тоҷикистон.

96.Шипулин Михаил (1905-1982), Рассоми Халқии Тоҷикистон.

97.Татаринова Елена (1897-1986), ҳайкалтарош, Ходими Шоистаи Ҳунари Тоҷикистон.

Варзишгарон

98.Лобанов Михаил (1950), ду карат чемпиони  ҷаҳон оид ба заврақронӣ.

99.Лобанов Юрий (1952), чемпиони Олимпӣ, панҷ карат чемпиони ҷаҳон оид ба заврақронӣ.

100.Старостин Анатолий (1960), чемпиони Олимпӣ, шаш карат чемпиони ҷаҳон оид ба панҷҳарбаи муосир.

P.S. Мутаассифона, ному насаби арбобони ҳизбию давлатӣ ва ҷамъиятӣ- Геннадий Зубарев, Геннадий Кошлаков, Александр Мазаев, Виктор Новичков, Юрий Полукарпов, Георгий Савченко, арбобони низомию маъмурӣ- Чеслав Путовский, Андрей Федин, Тимофей Шапкин, Пётр Шаталов, адибон- Александр Зиборов, Юрий Каплунов, Павел Зорин, Мария Некрасова, Михаил Мишин, Петров Елена, Михаил Табачников, Александр Усенко, Соима Ховарӣ, Шавкат Ҳорисов, Яблоков Александр, олимон- аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон Наиля Асфандиёрова (тиб), Буданов Владимир (геология), Глазунова Елена (химия), Камелин Рудолф (биология), Петров Вячеслав (селексия), Пустовой Иван (гелминтология), Селезнёв Геннадий (сейсмология), Стетсенко Владислав (математика), Ходимони Шоистаи Илми Тоҷикистон- Белякова Любов (билогия), Гаҷиев Хонлар (тиб), Калиничева Инна (тиб), Мешеряков Александр (агрохимия), Мустақимов Рашид (бойторӣ), Лядский Владимир (металлургия), Ойгензихт Виктор (ҳуқуқ), Керзум Паул (хокшиносӣ),Салбиев Ҳоҷимирзо (иқтисод), докторони илм, пофессорон- Авесаломов Иван, Белкин Борис, Илесов Ирик, Кочкарев Владимир (байторӣ), Гиллер Юрий, Алтшулер Василий, Молотковский Юрий, Чекатунов Владимир, Иванова Таисия, Луппова Екатерина, Солдатенков Николай (биология), Беспалов Николай, Лебедев Иван, Ломов Сергей, Менликеев Магдан, Морозова Олга, Лозовая Татяна, Нагибин Яков, Сенковский Леонид, Ратсиборский Владимир, Чербар Валериан, Тен Владимир Триппел Василий (кишоварзӣ), Белкин Виктор, Вямушкин Владимир, Грачёва Лариса, Елфимова Валентина, Маргулис Феликс, Медник Георгий, Левинсон Александра, Лукянов Николай, Пак Тимофей, Погосов Алберт, Савина Раиса, Соркина Элла, Степанова Раиса, Топорова Светлана, Этинген Лев, Ястожинский Юрий (тиб), Дубовитский Виктор, Майдинова Гузал, Николаев Юрий, Слонимский Анатолий, Яковенко Лидия, Хайтун Давид (таърих), Гогошидзе Венера, Ефимов Виктор, Клубков Павел, Мошеев Иосиф, Тахохов Борис, Эстрина Вера (филология), Алперович Лев, Евтеев Владимир, Заусаев Анатолий, Коровина Вера, Морочник Леонид, Новиков Георгий, Обрубев Юрий, Соболева Олга, Тсой Бронислав (физика ва математика), Винниченко Геннадий, Лаврусевич Александр, Лучников Владимир, Мелникова Галина, Россовский Лев, Чедия Дина (геология), Буриченко Виталий, Гатина Роза, Ястребинский Анатолий (химия), Идятулин Равил, Нестеров Юрий, Поляков Сергей (техника), Мелкумов Владимир, Касаткин Юрий, Яковлева Елена (ҳуқуқ), Коваленко Юрий, Ли Владимир, Саламонов Шалом, Хан Николай (иқтисод), Решетников Николай (фалсафа), Пахомов Михаил (география), Ярошевский Михаил, Фелдштейн Давид (педагогика ва психология), аҳли фарҳанг: Ходимони Шоистаи Ҳунари Тоҷикистон- Волинский Ион, Гейвандов Александр, Ершов Игор, Зобнин Павел, Корнеев Леонид, Краснополский Самуил, Климов Олег, Никитин Николай, Просмушкин Евгений, Салманов Фёдор, Сапронов Виктор, Серебровский Виктор, Фоменко Евгений, Фуфигин Виктор, Чемодуров Евгений, Чередниченко Григорий, Шанидзе Ладо, Яралова Гретта (рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ), Айрапетянс Данил, Айрапетянс Эдуард, Бакалейников Александр, Базарова Надежда, Гончарова Надежда, Кузнетсов Леонид, Саркизов Аслон, Рогалский Иван (мусиқӣ ва рақс), Бибиков Борис, Бочавер Леонид, Ланге Вениамин, Ивашкин-Прокофев Иван, Корох Евгений, Чаров Роман (театр), Афанасев Александр, Захаров Сергей (меъморӣ), Софин Николай, Окунев Леонид (суратгир) дар доираи рӯйхати "садгона" нағунҷиданд,  ҳарчанд афроди  шоистаанд.

Солҳои 1939-1991 ба унвони Артисти Хизматнишондодаи Тоҷикистон (ҳоло Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон) 103 нафар аҳли фарҳанги ғайритоҷик сазовор гардидаанд. Аз миёни онҳо Бал Клавдия, Блидарёва Зинаида, Воробёв Георгий, Генис Симхо, Герр Александр, Деменев Виктор, Забазний Андрей, Волина Маргарита, Забиякин Евгений, Захарова Зинаида, Зорина Галина, Зуева Нинел, Карасёва Нина, Ковалёва Галина, Комлякова Лилия, Кормилин Владимир, Кошевая Валентина, Муравин Михаил, Ноздрин Евгений, Парамонова Евгения, Попов Анатолий, Привалова Зоя, Рейнбах Василий, Русанова Валентина, Свешникова Нина, Смирнов Виталий, Соловей Галина, Сталешников Фёдор, Фёдровская Суламиф, Шабанова Екатерина, Якиметс Иван, Ямилов Александр дар пешбурди санъати театрию мусиқии ҷумҳуриамон саҳми босазо гузоштаанд.

Ҳамзамон хидмати Журналистони Шоистаи Тоҷикистон Елизавета Бикова, Юрий Земмел, Надежда Липанс, София Шаркаева, журналистони собиқадор- Кормандони Шоистаи Маданияти Тоҷикистон Арон Глуховский, Илюхин Василий, Татяна Каратигина, Мария Тичинина, Никулина Людмила, Сурков Виктор, Сонин Анатолий, Молдовер Владимир, собиқадорони радио ва телевизион ҷумҳурӣ Агрепина Режевская, Ирина Катриченко, Олег Вател, Валентина Исаева, Александра Леонова, Георгий Мазуровский ва дигарон ба нафъи Тоҷикистону мардуми он сазовори ситоиш аст.

Мураттибон: Ёр Муҳаммад, Ҷамил Валиев, Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi