15:57:50 04-уми Июни 2025 сол
Боз шудани парвандаи Ҳалимов ва ғайб задани ӯ аз сафҳаи Интерпол 02.06.2015 16:02 1086
Мақомоти Тоҷикистон аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ зидди Гулмурод Ҳалимов, сардори собиқи ОМОН-и Тоҷикистон хабар медиҳанд, вале Интерпол акси ӯро аз сомонааш ҳазф мекунад.
“Ҷумҳурият”: Аъзои ҲНИТ дар амалҳои террористӣ даст доштанд 02.06.2015 16:00 1230
“Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, дар як матлаб ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро “як бахш”-и ҳаракати мамнӯи “Ихвонулмуслимин”-и Миср номида, аъзои ин ҳизби мухолифро ба даст доштан дар амалҳои террористӣ гунаҳкор кардааст.
“Як муллои салафӣ метавонад даҳҳо нафарро аз паси худ барад” 27.05.2015 21:34 1396
Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон (КДАМ) ҷараёни Салафияро хатаре ба суботу амнияти кишвар хонд ва минтақаҳои фаъолияти бештари пайравони онро ном бурд.
Сафари наздики Оқохон дар айни 20-солагии аввалин дидораш аз Тоҷикистон 25.05.2015 08:56 1236
Аз замони аввалин сафари Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ба Тоҷикистон бист сол гузашт. Ӯ моҳи майи соли 1995 вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар Ишкошим бо сокинон сӯҳбат анҷом додааст.
Э.Раҳмон гуфт, ба ҷавонон роҳбариро бовар мекунанд 25.05.2015 08:48 1133
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми аз ҷалби ҷавонон ба корҳои идоракунии давлатӣҳимоят кард, аммо аз он таассуф хӯрд, ки, ба гуфтаи ӯ, бархе ҷавонон ба ҷойи илмомӯзӣ ба корҳои номатлуб даст мезананд.
Султон Мирзошоев: "Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ҷавон аст..." 25.05.2015 08:42 1163
Раиси пешини дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияташ дар шинохти кадрҳо ҳирфаитар ва даркаш ба масоили иқтисодӣ амиқтар шудааст.
Додситонӣ "пайвастан"-и полковник ба ДОИШ-ро таҳқиқ мекунад 20.05.2015 22:55 1218
Юсуф Раҳмонов, додситони кулл гуфт, гӯё пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба сафи ҷангиёнро таҳқиқ мекунанд. Рамазон Раҳимзода, вазири дохила ваъда дод, то охири ҳафта натиҷаи тафтишашонро мегӯянд.
Осиёи Марказӣ бе раҳбарони "дарозумр"-аш чӣ ҳол хоҳад дошт? 18.05.2015 21:16 1038
Ояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа камтар мавриди гуфтугӯст, аммо дар хориҷа ҳарчӣ бештар чаҳор фарзияи интиқоли қудрат аз дасти раҳбарони дарозумри ин давлатҳо баррасӣ мешавад.
Сафаралӣ Раҷабов: Буҷа ба ягон бознигарӣ ниёз надорад 15.05.2015 23:41 1241
Вакили маҷлис даъвати Оҷонсии рушди Олмонро, ки мегӯяд, ба иллати коҳиши рушди иқтисод буҷаи Тоҷикистон ниёз ба таҳрир дорад, беасос номид ва гуфт, зарурате бознигарии буҷа дар миён нест.
Оғози "таҳқиқи дохилӣ"-и нопадидшавии Гулмурод Ҳалимов 15.05.2015 23:36 1097
Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодисаи нопадид шудани собиқ сардори ОМОН, полковник Гулмурод Ҳалимов оғоз кардааст.
Сироҷиддин Аслов: Осиёи Марказӣ набояд саҳнаи рақобат ва ноамнӣ шавад" 12.05.2015 23:33 1172
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар шӯрои омӯзиши равандҳои ҷаҳонӣ дар Ҳиндустон мавзеъгириҳои кишвари худро дар мавриди масъалаҳои амниятӣ ва геополитикии минтақа баён дошт.
Полковник Гулмурод Ҳалимов "се рӯз аз пайи кор"-е рафт ва гум шуд 12.05.2015 23:30 1356
Пайвандони Гулмурод Ҳалимов, полковники гумшудаи Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ӯ субҳи 23-уми апрел бо ваъдаи он ки пас аз 3 рӯз бармегардад, аз хона берун шуда, то ҳол бедарак аст.
ВКХ: Паёми Оятуллоҳ Шерозӣ "бар пояҳои иттилои муғризона аст" 11.05.2015 23:54 1084
Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қазовати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, рӯҳонии саршиноси Эронро дар мавриди маҳдудиятҳои пӯшиши исломӣ дар Тоҷикистон зудҳангом донистанд.
Холиқназаров аз вуруди "эмиссар"-ҳо ба Тоҷикистон ҳушдор дод 06.05.2015 21:21 1113
Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз вуруди "эмиссар"-ҳо ва пушаймонии ҷавонони тоҷик дар Ироқу Сурия ҳарф зад.
М.Кабирӣ: Баъди анҷоми табобат ва... ба Тоҷикистон хоҳам рафт 03.05.2015 23:43 1265
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, "барои табобату конфронсҳо" дар хориҷқарор дорад ва ба Душанбе бархоҳад гашт. Ӯ баъд аз интихоботи 1 март аз кишвар берун рафта буд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854