11:05:20 11-уми Июли 2025 сол
Сафири Олмон: Паёми эътирозгарон норӯшан монд 15.04.2015 22:20 1259
Дар назди сохтмони сафорати Олмон дар Душанбе гурӯҳи хурде эътироз карданд. Сафири Олмон дар сӯҳбат бо мо назарашро ба ин ҳодиса шарҳ дод.
Мирослав Енча: Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бояд ба ҳамдигар эътимоди бештар нишон диҳанд 15.04.2015 22:17 1108
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мо раҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи ҷилавгирикунанда дар Осиёи Марказӣ дар ростои таҳдидҳо ин кишварҳоро ба ҳамкории наздиктар даъват кард.
Пешниҳоди боз як даҳсолаи об аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон 13.04.2015 23:47 1234
​Дар ҳоле ки ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, боз як даҳсолаи байнулмилалии об эълон шавад.
Саймӯъмин Ятимов: "Дар Сурия фарзанди мансабдорон низ ҳастанд" 13.04.2015 23:46 1186
Саймӯъмин Ятимов дар сӯҳбаташ бо донишҷӯёни донишгоҳи Кӯлоб аз ҳузури фарзанди баъзе мансабдорон дар ҷангҳои Сурия хабар дода, аз бархеи онҳо ном гирифт, аммо гуфт, "ин барои берун нест".
А.Антонов: "Давлати исломӣ" ба марзи Тоҷикистон расидааст 11.04.2015 10:32 1097
Ноиби вазири дифои Русия аз ҳузури нерӯҳои "Давлати исломӣ" дар марзи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, Маскав барои муқобила бо ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ёрӣ дода, Русияро ҳимоят хоҳад кард.
Зайд Саидов дар додгоҳ: "Ақаллан як гуноҳи маро исбот кунед..." 11.04.2015 10:30 1229
Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз чанд вақти танаффус ва иваз шудани додрасҳо, ба баррасии парвандаи навбатии Зайд Саид - соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав шурӯъ кардааст.
Тағйироти бесобиқаи кадрӣ. Ротатсияи маъмулӣ ё азми мубориза бо ришвахорӣ? 09.04.2015 11:03 1217
Коршиносон мегӯянд, тағйироти бесобиқаи кадрӣ дар вазорати умури дохилӣ дар се рӯзи пеш, аз як сӯ ротатсия ё ҷойивазкунии маъмулӣ бошад, аз сӯи дигар як бахши мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ришвахорӣ низ ҳаст.
В.Ниятбеков: "Ҳанӯз ҳам хатарҳо вуҷуд дорад" 04.04.2015 01:00 1109
Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, манбаи аслии таҳдид ба кишварҳои минтақаи СПАД ин Афғонистон аст ва бояд марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таҳким ёбад.
Мулло Абдураҳим: "ҲНИТ созмони террористӣ эълон ва биноан баста шавад" 04.04.2015 00:52 1102
Устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони Иттиҳодияи мухолифи пешини тоҷик даъват кардааст, ки ҲНИТ ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ эълон шуда ва фаъолияти он қатъ карда шавад.
Сергей Лавров: "Набояд касе аз муҳоҷирон сӯистифода кунад" 04.04.2015 00:50 1138
Русияву Тоҷикистон чаҳор қарордоди ҷадидеро рӯи даст доранд, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо то ҳадди ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.
Рустами Эмомалӣ кадрҳои оҷонсии зидди фасодро "аз ғалбер мегузаронад"? 31.03.2015 22:53 1261
Баъд аз раиси оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъин шудани Рустами Эмомалӣ аттестатсия ё санҷиши касбии кормандонаш эълон шудааст.
Мақоми нави генерал Файзуллоев ва таъини 6 узви Маҷлиси миллӣ 31.03.2015 22:49 1319
Бо фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон 6 узви нави Маҷлиси миллӣ таъин шуда, Шараф Файзуллоев ба мақоми сардори раёсати дифоъ ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президент расидааст.
Изҳороти расмии ҲНИТ: Даъват ба бастани ҳизб "фитна" аст 31.03.2015 22:48 1216
Ҳизби наҳзати исломӣ бо пахши як баёния иқдоми ахири мақомот ва пешниҳодҳо барои қатъи фаъолияти ин ҳизбро "мухолиф ба Қонуни асосӣ" ва "хатарнок барои сулҳу субот" дар кишвар донистааст.
Сафири Бритониё: "Қасди дахолат ба корҳои Тоҷикистонро надорем" 28.03.2015 00:17 1067
Сафири нави Бритониё гуфт, кишвараш ба ҳеч ваҷҳқасди дахолат ба корҳои Тоҷикистонро надорад, аммо афзуд, онҳо нафақат бо мақомот, балки бо созмонҳои мустақили сиёсӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Ҳусайнӣ: Пешниҳоди барҳам додани ҲНИТ фармоишист 28.03.2015 00:15 1131
Саидумар Ҳусайнӣ - муовини раиси ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, пешниҳоди бастани ҳизби онҳо дар намози ҷумъа фармоишист. Рӯзи ҷумъа баъзе имомхатибон хостанд, ҲНИТ барҳам дода шавад.