16:43:31 02-уми Майи 2026 сол
А.Антонов: "Давлати исломӣ" ба марзи Тоҷикистон расидааст 11.04.2015 10:32 1218
Ноиби вазири дифои Русия аз ҳузури нерӯҳои "Давлати исломӣ" дар марзи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, Маскав барои муқобила бо ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ёрӣ дода, Русияро ҳимоят хоҳад кард.
Зайд Саидов дар додгоҳ: "Ақаллан як гуноҳи маро исбот кунед..." 11.04.2015 10:30 1343
Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз чанд вақти танаффус ва иваз шудани додрасҳо, ба баррасии парвандаи навбатии Зайд Саид - соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав шурӯъ кардааст.
Тағйироти бесобиқаи кадрӣ. Ротатсияи маъмулӣ ё азми мубориза бо ришвахорӣ? 09.04.2015 11:03 1335
Коршиносон мегӯянд, тағйироти бесобиқаи кадрӣ дар вазорати умури дохилӣ дар се рӯзи пеш, аз як сӯ ротатсия ё ҷойивазкунии маъмулӣ бошад, аз сӯи дигар як бахши мубориза бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ришвахорӣ низ ҳаст.
В.Ниятбеков: "Ҳанӯз ҳам хатарҳо вуҷуд дорад" 04.04.2015 01:00 1225
Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, манбаи аслии таҳдид ба кишварҳои минтақаи СПАД ин Афғонистон аст ва бояд марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таҳким ёбад.
Мулло Абдураҳим: "ҲНИТ созмони террористӣ эълон ва биноан баста шавад" 04.04.2015 00:52 1211
Устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони Иттиҳодияи мухолифи пешини тоҷик даъват кардааст, ки ҲНИТ ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ эълон шуда ва фаъолияти он қатъ карда шавад.
Сергей Лавров: "Набояд касе аз муҳоҷирон сӯистифода кунад" 04.04.2015 00:50 1246
Русияву Тоҷикистон чаҳор қарордоди ҷадидеро рӯи даст доранд, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо то ҳадди ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.
Рустами Эмомалӣ кадрҳои оҷонсии зидди фасодро "аз ғалбер мегузаронад"? 31.03.2015 22:53 1393
Баъд аз раиси оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъин шудани Рустами Эмомалӣ аттестатсия ё санҷиши касбии кормандонаш эълон шудааст.
Мақоми нави генерал Файзуллоев ва таъини 6 узви Маҷлиси миллӣ 31.03.2015 22:49 1452
Бо фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон 6 узви нави Маҷлиси миллӣ таъин шуда, Шараф Файзуллоев ба мақоми сардори раёсати дифоъ ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президент расидааст.
Изҳороти расмии ҲНИТ: Даъват ба бастани ҳизб "фитна" аст 31.03.2015 22:48 1337
Ҳизби наҳзати исломӣ бо пахши як баёния иқдоми ахири мақомот ва пешниҳодҳо барои қатъи фаъолияти ин ҳизбро "мухолиф ба Қонуни асосӣ" ва "хатарнок барои сулҳу субот" дар кишвар донистааст.
Сафири Бритониё: "Қасди дахолат ба корҳои Тоҷикистонро надорем" 28.03.2015 00:17 1185
Сафири нави Бритониё гуфт, кишвараш ба ҳеч ваҷҳқасди дахолат ба корҳои Тоҷикистонро надорад, аммо афзуд, онҳо нафақат бо мақомот, балки бо созмонҳои мустақили сиёсӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Ҳусайнӣ: Пешниҳоди барҳам додани ҲНИТ фармоишист 28.03.2015 00:15 1252
Саидумар Ҳусайнӣ - муовини раиси ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, пешниҳоди бастани ҳизби онҳо дар намози ҷумъа фармоишист. Рӯзи ҷумъа баъзе имомхатибон хостанд, ҲНИТ барҳам дода шавад.
Эълони номи 15 узви нави Маҷлиси миллӣ 28.03.2015 00:14 1354
Маҳмадсаид Убайдуллоев - шаҳрдори Душанбе узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд ва зоҳиран раёсати палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро барои боз як давраи панҷсолаи дигар ҳифз хоҳад кард.
Дастури Э.Раҳмон барои берун овардани тоҷикон аз Яман 28.03.2015 00:11 1277
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ хостааст, барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман тамоми талоши худро бикунанд.
Мулоқот бо зиёиёни мамлакат 20.03.2015 13:24 1272
Дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Наврӯз чун анъанаи накӯи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда бо зиёиёни мамлакат мулоқоти судбахш анҷом дод.
Рустами Эмомалӣ. "Шанси таърихӣ", "имтиҳони сангин" ё зинаи навбатӣ? 18.03.2015 10:48 1455
Нигаронӣ аз густариши фасод сабаби таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раҳбари оҷонсии машҳур шуд ё тамрини писари раисиҷумҳур дар яке аз вазифаҳои калидӣ?